Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Пас яке пурсиданд:
— Худатон ягон чиз менависед?
— Не-е! Ман куҷову навиштан.
— Агар нанависед, танҳо ба хондан мақсуд ба даст намеояд. Бисёр нозукиҳоро пай намебаред.
Ду-се ҳафта гузашту ҳикояе бо номи «Фурӯғ» овардам. Ҷумлаи аввалро хонда чеҳраашон гирифт.
— «Ба ҳарб» мерафт гуфтед. Калимаи «ҳарб»-ро ҳангоми ҷанг истифода мекунанд. Ба шитоб мерафт гӯед. – Ба ҷои «шунавид» «шунид» навиштанд. Хуллас, варақро сип-сиёҳ карда андешаманд гуфтанд: – Чаро аломатҳои китобиро намондед? Бубинед, дар ҷое «ӣ»-и зада нест. – Ва номи як нафар нависандаи русро гирифта афзуданд: – Ҳикояашро ба рӯзнома мебарад. Ҳикоя маъқул намешавад. Аломатҳо намонда... Аммо сармуҳаррир пай мебарад, ки ҳикояи хуб асту ба он чизе намерасад. Чун аломатҳоро гузошта чоп мекунад, яке аз ҳикояҳои беҳтарини замонаш меҳисобанд.
Мани аз нодонӣ дар хиҷолат гуфтам:
— Ҳоло монед, ҳамаашро дурусттар ба тартиб биёрам, пас меорам.
— Ҳа, ҳоло ду-се маротиба рӯйнавис мекунед. Чун фаҳмидед, дигар ҳеҷ илова карда наметавонед, биёред чоп мекунем.
Ман, ки кори нависандагиро осон мегирифтам, ҳам аз нодониам, ҳам аз талабу нуқтагириҳо дар хиҷолат шудам. Аз дилам гузашт, ки аз афташ, нависандагӣ кори ман нест. Ва то ин ки худро аз ваъзияти ногувор бираҳонам, гуфтам:
— Фолкнер романашро ба Андерсон медиҳад, то ки таҳрир кунад. Вай ҳам мисли шумо маслиҳат медиҳад, ки «вақте тамоми қувватро сарф кардӣ ва ҳис кардӣ дигар чизе илова кардан наметавонӣ, гирифта биёр, чоп мекунем».
— Фолкнерро хондед?
— Ҳамаашро не.
Сипас аз дур сухан сар карданд.
— Шумо, ки донишгоҳи техникӣ хондеду аз нозукиҳои ҷумлабандӣ бехабаред, як муддат азоб мекашед. Ҳеҷ гап не, ёд мегиред. Адабиётшиносон, номдорони илм мақола меоранд. Ҷумлабандиашон саропо хато. Шумо кӯшиш кунед, китобҳои тоҷикӣ бештар хонед, чунки тарзи фикррониатон русӣ аст.
Баъде, ки дубора навишта овардам, аз аввала сахттар халлоҷӣ карда фармуданд, ки аз нав дида бароям ва ҳарчи бештар кӯтоҳ кунам. Аммо дафъаи сеюм нахонда фармуданд, ки ҳикояро ба рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» супорам. Ман пай бурдам, ки ҳоло ҳам ҳикоя маъқул нест. Вагарна ба рӯзномаи «Адабиёт ва санъат», ки худашон мудири шӯъбаи бадеӣ ҳастанд, мегирифтанд. «Ҷавонон» ҳикояро дарҳол чоп кард. Аммо баъди гузаштани солҳо китоб чоп кардам ва ҳикояро аз нав хондаму хиҷолат шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор