Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Китобро гирифтаму бо баҳонаи тамошо хеле андеша кардам.

«Эно Рауд – Нависандаи халқии Эстония, шинохтаи дунё. Яку якбора аз бузургон тарҷума кардан… Оё?..»

— Бисёр фикр накунед. Шумо метавонед… Хуб, барори кор!

Устод хушҳолона табассум карданд.

— Мебинед, ҳамааш хуб мешавад.

Аҷаб хушбовар, хушбину хушпиндор буданд устод Баҳром Фирӯз, ки ин фазилати инсонҳои бузург аст.

Кори тарҷумонӣ, бешак, заҳмати хорошикане дошт. Тарҷума ҳам эҷод аст. Тароват, фасоҳат, зебоии сухани муаллифро бояд нигаҳ дошт. Маъниро дар ойинаи сухан бояд нишон дод, на каму на зиёд.

Интиҳои чандин шаби бехобӣ ниҳоят «Сипсик»-ро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардам. Гаштаву баргашта пухтаву таҳрир шуд, ба ҳар ҳол қарор додам, пеш аз мошиннавис дастхатро пеши устод барам, то худашон аввал як бор хонанд.

— Хуб аст, ки дастнавис овардед, – хурсандона гуфтанд устод. Ҳусни хати зебо доштед. Ман ҳатман мехонам, пас хабар медиҳам.

Рӯзҳо мегузаштанду аз занги устод дарак набуд. Ҷуръати сим заданро намекардам. Чанд моҳ паси сар шуд.

«Аниқ, маъқул нашуд», – меандешидам ҳар гаҳе ин тарҷума ба ёдам расад.

Рӯзе пас аз сабти барнома ба ҳуҷраи корӣ даромада, дидам, ки устод бо ҳамкоронам Аҳмадҷон Мансуров, Бӯрӣ Икромов ва Наталия Левина сӯҳбати гарм доранд.

— Ана, худашон омаданд, – ба як овоз гуфтанд ҳамкорон.

Бо ҳолу аҳволпурсӣ як гӯшаи дилам таҳ кашид.

«Мабодо аз тарҷумаи ман гап кушода шаваду… Кошкӣ, кошкӣ розӣ намешудам», – худро дар дил сарзаниш мекардам.

— Барои сабт ба шӯъбаи адабӣ омада будам. Як сари қадам Шуморо ҳам хабар гирам, гуфтам. Дигар наомадед…

«Худо зад! – гуфтам ба худ. ҳамин ҳозир ҳама огоҳ мешаванд, ки ман чӣ тарҷумони беҳунаре будаам…»

— Латофатбону, аз сидқи дил табрик мекунам!– ду нусха китобро сӯям дароз намуданд устод.

Ба мани аз ҳайрат шах шуда нигариста, афзуданд:

— Марҳамат, гиред! «Сипсик»-и Шумо. Рӯзҳои наздик ба муҳосибот дароед, ҳаққи қалам медиҳанд…

Дертар фаҳмидам, ки ҳамчунин инсонҳои хайрхоҳу дурандеш, онҳое, ки барҳақ, пас аз сари худ дар маъбади дилҳо номи неку ёди нек боқӣ мегузоранд, аҳён-аҳён ба дунё меомадаанд. Инсонҳои покзамиру покандеше, ки амсоли борони тозаи баҳорӣ ҳавои ҳастиро аз гарди ҳасад ва ғубори кинаву бухл пок месозанд. Хосса, ки Худованд ба онҳо сеҳри сухан ва мағзи андеша дода бошад.

пешина
аз 94
навбатӣ