Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Дар қатори чунин мӯътабарон даҳҳо муаллимони дигаре дарс мегуфтанд, ки дастпарварони омӯзишгоҳ ҳанӯз ҳам кори неку хизматҳои шоистаи онҳоро фаромӯш намекунанд. Он азизон Ҳ. Ҳодизода, Бозорбоев (ҷуғрофшинос), Ҳоҷиев (муаррих), Эгамбердиев (забоншинос), Раҳимова (педагог), Ҳамперова (адабиётшинос), Муллоқандов (физик), Қурбонов (биолог), Наимов (адабиётшинос), Иброҳимов (муаррих), Мӯҳтарамов (ҷуғрофидон), Ҳомидов (рассом ва санъатшинос) ва чанде дигарон буданд.
Дар оғӯши сарпарастии ҳамин устодони ғамхору меҳрубон, донишманду кордон, нотиқу суханвар ва ниҳоят тавонои эҷодкор, як гурӯҳ ҷавонон баъди хатми мактаби ҳафтсола дарси таълиму адаб мегирифтанд.
Баҳром Бобоев ном ҷавоне аз деҳаи Устуки ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд шарикдарси мо буд. Ӯ дар байни ҳамдиёрон аз ҳама хурд, вале серғайрат, чолоку зирак, ҳамеша бо як табассуми шинам сухан мегуфт. Чашмони сиёҳи уқобиаш, абрувони ғафси пайвастааш чеҳраю симои вайро боз ҳам дурахшону зеботар мегардонд. Китобхониро хеле дӯст медошт. Ба омӯхтани касбу ҳунар миён баст. Махсусан шавқи аз худ кардани мероси гузаштагон, шоирону нависандагони муосир ва адабиёти классикони ҷаҳон дар дилу дидааш ҷой дошт. Баҳроми ҷавон хислатҳои наҷибе дошт: дар нишасту сӯҳбатҳо беқарор менишаст, беҳуда гузаронидани вақтро нағз намедид. Он орзуву ҳавасе, ки дар айёми бачагиаш нисбат ба эҷодиёти нависандагони машҳур ва фарҳангу маориф дошт, аз устодони донишманд, ба хусус муаллимони ғамхору меҳрубон Ҳамперова ва Наимов баҳраманд шуд. Ба хондани китобҳои бадеӣ чунон меҳр баст, ки шабҳоро рӯз мекард. Дар як шабонарӯз як асари калонҳаҷмро мехонд. Дар омӯзишгоҳ Баҳроми ҷавонро ҳамчун эҷодкор, донишмандро аз донишҷуён то устодон шинохтанд. Дар даврони бачагиаш, ҳарчанд ки шеърхонию шеъргӯӣ мекард ва худаш ҳам шеър менавишт, вале дар нашрияҳои шаҳру вилоят эҷодашро ба нашр намедод.
Солҳои таҳсил дар омӯзишгоҳ синну солаш нав ба 14-15 расида буд, ҳанӯз идораи рӯзномаҳову маҷаллаҳо ва нашрияҳо барояш ношинос буд, бо адибону Самарқанд ҳамкорӣ надошт. Мо як гурӯҳ ҳамдиёрон Ҷ. Содиқов, И. Файзиев, Ю. Самадов, Б. Ҳайдаров, Р. Давлатов, Ҳ. Шарифов, Ҳ. Қодиров бо ҳам чун додару бародар меҳру муҳаббати бепоён, сидқу вафо доштем. Азбаски Баҳром дар байни мо аз ҳама хурд буд, ӯро бештар дӯст медоштем. Дар назди мо эрка ҳам буд, чунки мисли фарзандони як оила будем. Солҳои 50-уми қарни бист эътиқоду эҳтиром нисбати устодону донишҷӯён дар сатҳи баланд буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор