Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баҳром дар як муддати кӯтоҳ ба дигарон расида гирифт. Боз пешқадам буд. Дар дарсҳо мустақилона ва далерона сухан мегуфт. Бо муаллимон дар дарсҳои адабиёт, забон, санъату таърих баҳс мекард. Дар маҳфилҳои адабию бадеӣ, ҷамъомадҳои базму байтбаракҳо нисбат ба дигарон фаъол буд.

Ҳамин тавр, соли 1957 омӯзишгоҳро бо муваффақият хатм карда, барои таҳсили минбаъда ба Хуҷанд роҳхат гирифт. Ман роҳи Душанберо пеш гирифтам. Дипломи аъло насибам гардид. Бинобар ин дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон маро бе имтиҳон (ба тариқи сӯҳбат) қабул карданд.

Баҳром Фирӯз пас аз як соли омӯзгорӣ ба Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1962 ба охир расонд. Устодон қобилияту истеъдоди ӯро ба назар гирифта, тавсия карданд, ки дар кафедраи адабиёти донишкада ба кор оғоз намояд. Акнун вай ҳамчун устод ба омӯзиши дониши амиқи адабиётшиносӣ камар баст. Илму маърифати назарии хешро дар таҷрибаи омӯзгорӣ ва эҷодиаш самаранок истифода бурд. Дар муддати кӯтоҳи фаъолият дар кафедраи адабиёт ба каломи бадеъ дил баста, бо шоҳасарҳои нависандагони машҳури ҷаҳон шинос шуд. Дар Хуҷанди бостонӣ бо арбобони илму санъат, адибону нависандагони баркамол, ба вижа, нависандаи маъруфу барҷастаи тоҷик Раҳим Ҷалил ҳамкорӣ кард. Маслиҳати онҳоро гирифта, шеърҳои нахустинашро эҷод мекард:

Наёбад мурод он ки ҷӯянда нест,
Ки ҷӯяндагӣ айни ёбандагист.

Баҳром Фирӯз ҷӯяндаву ёбанда буд, ҳамеша дар ҷустуҷӯ буд. Осори тозаву нав меофарид. Забони асарҳояш тоза, мантиқаш баланд, қаҳрамони қиссаву ҳикояҳояш бофтаи хаёлӣ набуда, балки одамони ҳақиқии некному некбин мебошанд. Ӯ ишқу муҳаббати софу беғубор дошт ва ҳамин гуна ишқро тараннум мекард. Меҳру муҳаббат ба оила, зиндагӣ ва халқу ватан ба вай болу пар бахшид. Солҳои шастум ба духтари зеботарини Хуҷанд ошиқи шайдо шуд. Ҳар ду ба ҳамдигар дил бастанд. Аммо падару модар ва хешовандони духтар ба аҳду паймони онҳо монеа шуданд. Намехостанд ва намемонданд, ки ин ду ҷавони дилбар ба висоли ҳамдигар расанд. Солу моҳҳо гузаштанд. Ба кӯча баромадани духтарро манъ карданд. Баҳроми ҷавон як муддат мисли Маҷнун мушаввашу хотирпарешон гашт. Яке аз рӯзҳои баҳор мошини боркашро дарёфт ва ба он гулҳои беҳтарини тару тозаеро бор карда, ба ҳавлии маҳбубааш равон шуд. Аз остонаи дари ҳавлии кӯчаи тангу тор то хиёбони асосии мошингарди шаҳр як мошин гулро ҳамчун пояндоз пошида баромад. Ба воситаи нависандаи маҳбуби халқи тоҷик Раҳим Ҷалил ин ду ҷавони хушбахт ба висоли ҳамдигар расиданд. Хушбахт шуданд, фарзандони нозанин-Искандар, Парвона, Марворид, Ифтихорро ба камол расонданд. Ҳамсари меҳрубони Баҳром Фирӯз – Саиднисо Бобоева касби пуршарафи омӯзгориро пешаи худ кард ва то имрӯз яке аз устодони пешқадами Тоҷикистон мебошад.

пешина
аз 94
навбатӣ