Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мо-дӯстону ҳамдиёрон эҳтирому хотираи абадзиндаи Баҳромро бо самимияти баланд пос дошта, суханони шогирди содиқу вафодораш Пайванди Гулмуродзодаро такрор бошад ҳам, рӯйи қоғаз меоварам: «Баҳром Фирӯз бо дили пур аз орзуву бо мақсадҳои аҷибу наҷиб умр ба сар мебурд, вале марги нобаҳангом нагузошт, ки он орзую умед ва мақсадҳояшро амалӣ созад… Боиси тасалливу шодмонист, ки аз шоири ширинихаёлу адиби нуктапардоз ёд монда, шеър монда, ҳикояту қисса монда, андешаву мулоҳиза монда. Дар тирамоҳи умраш барои ҳамдиёрону ҳамзамонон ва ояндагон номи нек монда».

октябри с. 2008

МИРЗО ШУКУРЗОДА
адиб ва муҳаққиқ,
барандаи Ҷоизаи адабии
устод Айнӣ

АДИБИ ХУШНОМ ВА ХУШМАЗҲАР

Ба ном ва эҷодиёти зиндаёд Баҳром Фирӯз ҳанӯз айёми таҳсил дар мактаби миёна ошно будам. Дар ибтидо шеър менавишт ва мо, шогирдони дабистон ашъори ошиқонаи эшонро аз саҳифаҳои рӯзномаву моҳномаҳо хонда, ба дафтари дил менавиштем. Баъдан гулчине аз эҷодиёти адиб бо номи «Розҳои маҳтобшаб» аз силсилаи «Навниҳолони боғи адабиёт» ба нашр расид, ки мамлув аз чакомаҳои ошиқона буд.

Саодати ошноӣ аз наздик ба устод Баҳром Фирӯз ҳамон вақт пеш омад, ки банда соли 1973 корманди бахши адабӣ ва ҳунарии садо ва симои Тоҷикистон будам. Ин бахшро он айём бонуи адабдӯст Иноят Рустамова сарварӣ мекард ва дар барномаҳои адабии мо шоирону нависандагони ҳамсинну сол бо Баҳром Фирӯз, амсоли устодон Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ, Бурҳон Ғанӣ, Мастон Шералӣ, ки ҳама акнун чеҳра дар ниқоби хок кашидаанд, зуд-зуд бо қироати шеър ё порчаҳои мансур ширкат мекарданд. Дар ин миён Баҳром Фирӯз чеҳраи дурахшон ва муаллифи фаъоли идораи мо маҳсуб мешуд. Эҷодиёти Баҳром Фирӯз бо тадриҷ ба шукуфоӣ рӯ овард. Ман ҳанӯз сюжети қиссаҳои марғуби ӯ «Рухсора», «Агар ӯ мард мебуд» ва чандин ҳикояҳои адибро дар ёд дорам. Хабари тарҷумаи намунаҳо аз осори нависанда ба забонҳои олмониву ҷопонӣ ва англисӣ моро ба ваҷд меовард. Дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми садаи гузашта чунин рӯйдоде басо нодир буд.

Баҳром Фирӯз симои сирф тоҷиконаву нуронӣ ва ботини зебо ҳам дошт. Маро бо гузашти айём саодати ҳамкорӣ бо эшон дар интишороти «Адиб» пеш омад. Ӯ мудир шӯъбаи адабиёти бадеӣ ва мо чанд тан дар ҳамин бахш вазифаи муҳарририро ба ӯҳда доштем, ки ин ба охирҳои солҳои ҳаштодум рост меомад.

пешина
аз 94
навбатӣ