Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Шод бод рӯҳи устоди меҳрубон!
июни с. 2009
- Маҷмӯаи «Хотираи як муҳаббат» дар назар аст, ки бо ҳиммати Латофатбону ва бо сарсухани меҳрбори муҳаррири он, шоир Ғаффори Сайёд рӯйи чоп омада. – Шарҳи мураттиб.
ТӮҲФА РАСУЛӢ
собиқ муҳаррири нашриёти «Адиб»,
узви Иттиҳоди рӯзноманигорони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЁДИ НЕК
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист
В-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро
Гӯё дирӯзакак буд, шодравон мудири шӯъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Ирфон» нависандаи маҳбуби халқ Ҷумъа Одинаев маро ба наздашон хонда, бо як ҷавонмарди қошу абрӯсиёҳи чеҳракушод шинос намуда гуфтанд, ки ин кас шоир, нависандаи хушзавқу хушсалиқа Баҳром Фирӯз ва дастнависи достони «Рухсора»-ро ба ман дода, илова намуданд, ки ин китобашонро бояд чоп кунем, шумо ба он муҳаррир. Ман якбора сурх шуда, сар хам намуда, дасту по хӯрдам. Ҳам шиносоӣ ва ҳам масъулияти тасодуфӣ маро ба ҳаяҷон овард. Як лаҳза хомӯш мондам. Хомӯширо Баҳром Фирӯз шикастанд:
— Ҳеҷ гап не, Тӯҳфахон, ба муҳарририи шумо ман шубҳа надорам, ба шумо бовар мекунам, не нагӯед, – гуфтанд...
Ғоибона аз рӯи ҳикояву очерк ва шеърҳои ҷаззоби Баҳром Фирӯз ба воситаи радиою телевизион ва рӯзномаю маҷаллаҳо мешинохтам. Ва орзу доштам аз наздик бо ин марди хирад шинос шавам. Ман гумон доштам, ки Баҳром Фирӯз як марди солдидаи мӯйсафед ва хеле ботаҷрибае ҳаст, ки навиштаҷоташ пухтаю бо далелҳо силсилабандӣ шудаанд. Дидам, ки марди хеле ҷавони боқуввати мӯйсиёҳ, аммо соҳиби таҷрибаву пухтакор. Дар рафти ҳамкорӣ бо ин марди закию зиндадил ба ин бори дигар бовар ҳосил намудам.
Хотираҳои нек дар бораи ин марди закӣ чун лентаи кино аз пеши назарам мегузаранд. Мехоҳам ин ҷо рӯзҳои охирини дидорбиниямонро баён созам...
Ман дар шӯъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Адиб» муҳаррир будаму Баҳром Фирӯзро ба ин шӯъба мудир таъин намуданд. Нашриёти адабии навтаъсиси «Адиб»-ро дар ошёнаи якуми бинои ҳозираи факултаи филологияи Донишгоҳи педагогии ба номи Қандил Ҷӯраев* ҷой дода буданд. Ҳуҷраҳои корӣ кам, зеро ба ғайр аз нашриёти мо дар ин бино дигар ташкилотҳо низ ҷой гирифта буданд. Бинобар ин, дар як ҳуҷра муҳаррирҳои шӯъба ҳамроҳи мудир менишастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор