Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боиси тасаллӣ аст, ки аз шоири ширинхаёлу адиби нуктапардоз ёд монда, шеър монда, ҳикояту қисса монда, андешаву мулоҳиза монда. Барои ҳамдиёрону ҳамзамонон ва ояндагон номи нек монда:

Хоҳам ба мисли оби дарё бошӣ,
Гаҳ гулшану гаҳ бодияпаймо бошӣ,
Ҷӯшиву хурӯшиву ситезӣ, аммо,
Дар тирамоҳи умр мусафо бошӣ.

с. 1995

АЗ ХАЗИНАИ АДИБ

САЛОМЕЯ

Ман аввалбор ӯро дар анҷуман миёни духтарон дида, ҳеч ба ёд оварда натавонистам, ки дар куҷо вохӯрдаам, вале амин будам, ки ҳамин замон пеш меояду салом мекунад ва филфавр ба хотирам мерасад, ки вай кист ва дар куҷо ин нигоҳаш ба дили ман мӯҳр барин нишастааст. Аммо духтар ба шахси ман сирф бепарво буд. Ман ду-се раҳ аз бараш гузаштаму аз наздик нигаристамаш, нигоҳҳои мо якчанд бор радду бадал гаштанд, аммо ӯ маро намешинохт. Ман зӯр зада, таҳхонаи ноободи ҳофизаамро таҳу рӯ мекардаму ба ёд овардан мехостам, ки ин нигоҳи ошнои чашмони хаёлмасти меширо дар куҷо ва кай дида будам. Дилам дар изтироби шадид метапиду мегуфт, ки вай ошност, аммо чӣ чора кунам, ки на ӯ маро мешинохт ва на ман ӯро ба ёд оварда метавонистам.

Се рӯзи маҷлиси китобдӯстон ба ҳамин минвол гирудори беҳосил гузашт. Ман андӯҳгин аз он будам, ки ҳофизаам билкулл хароб гаштааст ва бояд, ки фурсатро нагузаронида дорую давое кунам. Охир, ин чӣ дард аст, ки як духтари шинос се рӯз боз пеши назарам ҷилвакунон гардаду ман ӯро ба ёд оварда натавониста саргаранг бошам?! Ба деҳа мераваму ҳар саҳар шири навдӯшида мехӯрам ё…

Андӯҳи гарони маро боз боис ин буд, ки аз ҳофизаи худ дар миёни дӯстон ифтихоре доштам. Баъзан ашхоси замоне дар телевизор дидаам, баъди чандин айём дар кӯча дучор ояд, мешинохтам ва ин амалро борҳо дар гувоҳии шарикон собит карда будам.

— Ба ту маслиҳати мо ин аст, ки ба кори ҷустуҷӯйи ҷинояткорон бирав ё ба соҳаи разведка ба кор гузар, зуд муваффақият меёбӣ, – мегуфтанд дӯстонам паси сар хорида ё ангушти тааҷҷуб ба дандон газида.

Ман мамнун аз амали худ механдидаму ҳазломез мегуфтам:

— Магар ба адиб ҳофиза даркор нест? Ман бояд тамоми илмҳоро бидонам, тинати мардумонро шиносам, гуноҳу савоби одамонро ба онон нишон диҳам. Шахсе, ки аз худ бехабар аст, аз кадомин ҷинояткор мемонад?

пешина
аз 94
навбатӣ