Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
— Ако, як гап гӯям?..
— Чаро фақат якто? Ман тайёрам садҳову ҳазорҳо сухани шуморо шунавам! – гуфтам ба ҳазл.
— Аввал ба яктоаш розӣ шавед: бед, ба хобгоҳи ман биравему як дегча палави тоҷикӣ пазем, дар сари деги зирбак чақчақ кунем.
— Чақчақ ё чақочақ?
— Не-не… мо мардум…
— Ба қавли як шикамбанда, табақро дидаму дилам шайдо шуд-ку! Иброҳимҷон, ин фикри олимона гӯям, кам аст, даҳоёна чи хел ба саратон омад?
— Дегу табақ ҳаст…
Ҳар ду дар шитоб масолеҳи палавро харида, ба сӯи Ленинские Горы раҳ кашидем.
Иброҳимҷон дар ҳамон иморати бузургу бошукӯҳи дорулфунун, дар қисмати хобгоҳи олимони ҷавон ҳуҷраи алоҳидае доштаст.
Дар сари деги зирбаки балақ-балақҷӯшон нишаста, ҳангома кардан хуш фароғате дорад! Ҳар замон порае гӯштро аз дег берун оварда, чошнӣ гирифтанро чӣ расад! Аммо нигаред, ки баъзе рафиқони мо ба ҳамин оши шарикона ҳам назари холис надоранд. Якеро мудом ошу ошпазӣ асабонӣ мекард, савол кардам, гуфт:
— Монед ҳамин одатҳои шаҳриёнро!.. Фақат зирбак, палав…
— Чаро фақат зирбаку палав? Шумо қурутоб кунед, ба он ҳам шукр мегӯем, хурсанд мешавем.
Ман пай бурдам, ки он бечораро зидди мардуми шаҳр ё мавзеъҳои шимоли республика шӯрондаанд ва ӯ бесабаб ҳар он чӣ ба он мардум алоқаманд бошад, аз он кароҳат мекунад, бесабаб асабӣ мешавад.
— Нонпазию ошпазӣ ҳам далели маданият ва тамаддун аст, ҷӯраҷон, чаро онро фаромӯш кунем?! Моро аз чойхона маҳрум карда дидӣ, чи гуна аз якдигар ҷудо кардаанд! – гуфтам дар охир ба тарзи гилагузорӣ.
… Қисса кӯтоҳ, вақте ки дар табақи калони сафолӣ ба расми тоҷикӣ палавро кашида, он лангари тобонро ба хона даровардем, пай бурдем, ки ҳар ду ҳам аз гӯшти зирбак шикам сер кардему дигар оши бисёр хӯрдан наметавонем.
— Ин қадар ош… Яктогӣ шиками иловагӣ медоштем… Ба қавли бобои раҳматиам, куфрони неъмат мешавад, – гуфтам ман ба нишони надомат сар ҷунбонида.
— Ҳамсояро гӯям? – гуфт Иброҳимҷон, ки зотан дар ҳама мушкил чорагар буд ва пайрави саволаш тавзеҳ дод: – Ҷавонмарди хуб аст, аз Олмони федерол.
— Чи ҳоҷати савол, бигӯед! Аз Олмон неву аз он дунё бошад, барои мо ош хӯрад, бас аст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор