Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳақназар Ғоиб дар ғаму нишоти халқи азизаш шарик мебошад. Шеърҳои ӯ аз барору нобарориҳои мардуми сарзамин сарчашма гирифта, зуд ба дили хонанда роҳ меёбанд. Ӯ дар тӯли беш аз 50 соли фаъолияти кории худ ҳамчун шоир ва рӯзноманигор ҳамеша дар хизмати халқ буд ва минбаъд низ рисолати худро сарбаландона иҷро хоҳад намуд.

Адабиётшиноси рус Г.Г.Степанов дар китоби «День из жизни писателя» ҳассостарин лаҳзаҳои ҳаёти адибонро, ки дар зиндагӣ ва фаъолияти онҳо гардиши куллӣ ба вуҷуд меоваранд, чунин шарҳ додааст: «Рӯзҳои муҳимму фаромӯшнашавандаи ҳаёти адибон барои таърихи адабиёти рус низ чун лаҳзаҳои асосӣ ва гардишҳои куллӣ мебошанд» [123, 4].

Соли 1989 шоир барои навиштани достони «Эҳёнома» ба нахуст-ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода мушарраф гардид ва ин достонро устод Лоиқ дар маҷаллаи «Садои Шарқ» пурра чоп карда, бамукофот пешниҳод намуд. Онро мунаққид Абдурраҳмон Абдуманнонов «Сурӯши таърих» ном ниҳодааст [53, 5]. Асари дигари шоир «Сурӯши Хатлон» низ лабрези ғояҳои ватандӯстию худшиносӣ ва сабақ бардоштан аз ҳодиса ва фоҷиаҳои таърихи миллат буда, соли 2000–ум ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор дониста шудааст.

Ғайр аз ин, Ҳақназар Ғоиб дар солҳои гуногун соҳиби нишон ва ордену ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштааст. Соли 1993 Аълочии матбуоти Тоҷикистон, соли 1996 Шоири Халқии Тоҷикистон, соли 1999 бо ордени «Шараф», соли 2002 бо нишони ҷашнии «10–солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон» ва ниҳоят соли 2012 бо нишони «20– солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ва нишони ҷашнии «100–солагии Матбуоти тоҷик» сарфароз гаштааст. Ҳамзамон шоир Аълочии телевизиони тоҷик низ мебошад.

Ҳақназар Ғоиб дар ҳама гуна вазифа бо ростқавлӣ, устувории ақида, меҳнати ҳалол, худшиносию мавқеъшиносӣ шуҳрат ёфтааст. Аз ин рӯ, дар вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ соҳиби обрӯ ва эҳтироми ҳамагон мебошад. Ҳатто берун аз марзи кишвар ӯро мешиносанду аз ашъори баландмазмунаш огаҳӣ доранд. Ҳақназар Ғоиб дар ҳар маърака ва нишастҳои фарҳангӣ ва ҷамъомадҳои ҳукуматӣ, чунонки мегӯянд, гули сари сабади аҳли маҷлис мебошад. Вай бо адибону мунаққидон ва аҳли зиёи ҷумҳурӣ сахт алоқа дошта, устодони сухан М.Турсунзода, Б. Раҳимзода, Ғаффор Мирзо, А. Шукӯҳӣ, М. Қаноатро чун устодони худ эҳтиром менамояд. Ба дӯстонаш Лоиқ, Абдулҳамиди Самад, Гулназар, Меҳмон Бахтӣ, Низом Қосим, Бозор Собир, Аскар Ҳаким, Доро Наҷот эҳтироми хоса дошта, худро дар тӯю сур, чорабиниҳои расмӣ ва маҷлисҳои унс пайрави Камол Насрулло дониста, аз ӯ ба некӣ сухан мегӯяд.

пешина
аз 114
навбатӣ