Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Яке аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти нимаи дуюми қарни XX ва ибтидои қарни XXI муосири тоҷик, ки эҷодиёташ аз нигоҳи танавуъи жанрӣ-мавзӯӣ ва вижагии идеявӣ-бадеӣ ҷалби назар менамояд Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб мебошад. Диссертатсияи мазкур ба таҳлилу баррасии яке аз масъалаҳои муҳим, таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти яке аз шоирони номвари тоҷик, ки дар рушду камоли шеъри муосири тоҷик дар нимаи дуюми асри XX ва ибтидои асри XXI нақши барҷаста дорад, бахшида шудааст. Ин мавзӯъ то ба ҳол мавриди таҳқиқи монографӣ қарор нагирифтааст.

Аз ҷониби дигар таъйини хусусиятҳои жанрӣ-мавзӯӣ, идеявӣ- ҳунарии эҷодиёти шоир Ҳақназар Ғоиб метавонад на танҳо дар муайянсозии саҳму ҷойгоҳи адиб дар адабиёти муосири тоҷик созгор бошад, балки дар тарсими манзари умумии инкишофу камоли шеъри муосири тоҷик дар нимаи дуюми асри XX ва ибтидои асри XXI корсоз бошад.

Ҳаллу фасли ин масъалаҳо зарурати муайянсозиву шинохти аҳаммияти бунёдии эҷодиёти намояндагони машҳури шеъри муосири тоҷикро тақозо менамояд.

Таҳқиқу шинохти таъсири Ҳақназар Ғоиб дар инкишофи шеъри муосири тоҷик дар нимаи дуюми асри XX ва оғози асри XXI низ метавонад гувоҳи мубраммияти мавзӯъ бошад.

Кӯлоб минтақаи қадимии Осиёи Марказӣ буда, фарҳанги бой ва пурғановате дорад. Дар ҳаёти адабию фарҳангии Кӯлоб пайдо шудани Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1384 м.) ва шогирдонаш чароғи илму адаб ва фарҳанги Кӯлобу атрофи онро баъд аз асри XIV хеле равшан ва дурахшон гардонд.

Минбаъд бо арзи ҳастӣ намудани адибони соҳибдевону соҳибкитоб Носеҳи Хатлонӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Аламии Дуобӣ, Мирзо Раҷаб, Муҳаммад Умар, Абдураҳими Кӯлобӣ, Муҳаммадалии Балҷувонӣ, Мухлис, Мирзо Қадам, Мисраъ, Муҷрим ва дигарон ин доираи адабӣ рушду нумӯъ кард. Муҳаққиқ А. Маҳмадаминов вазъияти мураккабу ноҳинҷори эҷодкорони доираи адабии Кӯлобро дар солҳои 30 асри XX дар муқаддимаи ба китоби «Дафтари сабз» (Сомеъ Одиназодаи Хатлонӣ) навиштааш баён кардааст [90, 68]. Дар замони шӯравӣ маҳфилҳои адабии шоир ва ҳофизи халқ Саидалӣ Вализода, Мирзолатиф Раҳимзода ва Сомеъ Одиназода, маҳфили «Адибони ҷавон»-и Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ) адибони нави болаёқате ҳамчун Саидалӣ Вализода, Ашӯр Сафар, Ғафур Мулло, Ҳақназар Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Хосият Вализода, Сафар Амирхон, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Раҷабалии Роғӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Аламхон Кӯчарзода, Абдулҳай Қаландар, Раҳим Саид, Муҳаммад Ғоиб, Саид Раҳмон, Искандар Икромов, Ҷиёнхон Латифӣ, Шермади Одина ва дигаронро парвариш карданд. Яке аз шоирони хушкаломе, ки чароғи маҳфилҳои адабии Кӯлобро то имрӯз рӯшану гарм нигоҳ дошта омадааст, Ҳақназар Ғоиб мебошад.

пешина
аз 114
навбатӣ