Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин қисм боз шеърҳои «Дардномае ба миллат», «Мероси аспи хатлӣ», «Ватан, эй модари модар», «Ватан» аз маҷмӯаҳои «Сурӯши Хатлон» ва «Барги сабзи ишқ» гулчин шудаанд. Шоир ва муҳаққиқ Усмон Назир достони «Ашки офтоб»-ро «ҳамту наметавон хонд» навиштааст. «Достон хонданиву таҳқиқ карданист. Як ҷаҳон маънӣ дар он ниҳон аст. Ғояи олии ватанхоҳию ватанпарвариро дорост…» [133, 4].

Дигар мунаққидон низ ба ин асар ва асарҳои дигари шоир баҳои сазовор додаанд. Аз ҷумла, шоир ва муҳаққиқ Аскар Ҳаким қайд кардааст, ки «манзума ва достонҳое, ки солҳои охир Ҳақназар навиштааст, – «Нуре аз Ҳамадон», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Дардномае ба миллат», «Сурӯши Хатлон», «Ашки офтоб» ва ҳам силсилаи дигари шеърҳояш мавзӯъҳои муҳимро дар бар мегиранд. Ва махсусан китобҳои солҳои охир навиштааш «Сурӯши Хатлон» ва «Ашки офтоб» мавзӯъҳоеро дар бар мегиранд, ки дар онҳо сарнавишти мардуми тоҷик, сарнавишти инсон дар ин ҷаҳони пур аз такопӯ, дар ин ҷаҳони муборизаи неку бад ба андеша гирифта мешаванд ва муҳим он аст, ки андешаҳо шоирона ҳастанд ва аз ҷониби ҷомеа хуб пазируфта шудаанд» [137, 3].

Шоир дар шеърҳои нави ин маҷмӯа бунёдкорию созандагиҳои имрӯзи мардуми Тоҷикистонро васф менамояд. Баъзе шеърҳои китоб дар сафарҳои эҷодии Хуҷанду Исфара тавлид шудаанд.

Маҷмӯаи «Зинда бо гудозишҳо» (2004) манзумаву достонҳо ва шеърҳои шоирро фаро мегирад. Дар қисми якум достонҳои «Қатраи офтоб», «Сурӯши Хатлон», «Ашки офтоб», «Эҳёнома» ва «Нуре аз Ҳамадон» гирдоварӣ шудаанд. Дар ин достонҳо манзараҳои ҷанги бародаркуши соли 1992 пешорӯ меояд.

Шеърҳо 13 адад буда, шоир дар қатори марсияҳои «Ба Ҳабибулло Файзулло» ва «Дар сӯгвории устод Лоиқ» як қатор дигар шеърҳоро гулчин кардааст, ки ба мавзӯъҳои Ватан, Ваҳдат, сулҳ ва дигар муаммоҳои зиндагӣ бахшида шудаанд.

«Муқаддаснома» (2005) аз нигоҳи ҳаҷм кӯчак, вале аз чиҳати мавзӯъ ва мундариҷа пурмуҳтаво буда, ба қавли М. Аҷамӣ, «баёнгари таърихи тоҷикон аст» [69, 10]. Дар ин маҷмӯа шоир сарнавишти талхи миллати тоҷикро бо сӯзу гудози шоирона тасвир менамояд. Дар бахшҳои «Тоҷик, Сарбадор» ва «Шоҳнома» 82 рубоӣ гирдоварӣ шудааст.

пешина
аз 114
навбатӣ