Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале аз нигоҳе ба ин мисраъҳо муайян мегардад, ки асли масъала дар ин дубайтӣ дигархелтар аст. Ҳадафи аслӣ дар мазмуни таҳтонӣ қарор дорад. Ба андешаи шоир, ҳадаф он аст, ки Шарқ ҳанӯз ҳам дар асирии атри кокул қарор дорад. Дар достонвораи «Дар таҷаллии Офтоби Аллома Иқбол» пардози маънавии сухан боз доман андохтааст, ки ба ин достонвора Аҷамӣ низ таваҷҷуҳи хоса пайдо кардааст. Вале ӯ дар китоби «Шоире бо китобу сабки худшиносӣ» ба паҳлуҳои дигари ашъори Ҳақназар диққат додааст, ки ин ҳанӯз як маҷмӯи андешаҳои хонданӣ ва омӯхтанист.

М. Аҷамӣ бо нигоҳи нави таҳқиқӣ эҷодиёти шоирро таҳлил карда, ба ҷиҳатҳои ҳунарӣ, баёни маъниҳои серпаҳлу ва диди шоиронаю тозакории Ҳақназар равшанӣ бахшидааст. Ӯ андешаҳои суханшинос Абдулҳай Қаландарро дар назар дошта қайд мекунад, ки дар адабиёти форсӣ сабкҳои хуросонӣ, ироқӣ, ҳиндӣ ва бозгашт маъмул мебошанд. Аҳли таҳқиқ агар дақиқ назар намоянд, сабки дигареро бо номи «сабки хатлонӣ» ном бубарем, ки ҷилваю накҳати тоза дар ашъори Ҳақназар дорад. Дар он ифодаҳое мисли хафабанд, чакан, марҷон, куртаи ҳалил ва ғ. дида мешаванд, ки мисли навиштаҳои тозаи ин шоҳбайтҳои Ҳақназар Ғоиб бароямон намуна мебошанд:

Ту магӯ, ки фақат аз ишқи ту дилсӯхтаам,
Хандаи талх ҳам аз ишқи ту омӯхтаам.
Зи барои хафабанди ту шабон то ба саҳар,
Муҳраи сурх зи хуни ҷигар андӯхтаам.
То набошӣ зи барам дур, ман аз сӯзани оҳ.
Акси андоми ту дар куртаи ҷон дӯхтаам [10, 14].

Байти зерини Ҳақназар бо тозагӣ хоси ин сабк шудааст:

Зери чатри чакани чархи барин,
Як Ватан ҳаст – Замин [30, 151].

Дар маҷмӯъ, таҳаввули эҷодии Ҳақназар Ғойиб сари ҳар қадам возеҳ намудор мегардад. Дар назари хонанда симои ҳақиқии ҳунарманде чеҳранамоӣ мекунад, ки устоди кори худ мебошад. Метавон аз комёбиву бохтҳои халқу миллат, дастдарозиву кӯтоҳиҳои инсон, ба маънии кулл, ба василаи офаридаҳои зеҳниву ақлии хеш бо боварии том сухан ронд. Бо зеҳну идроки баланд то ба умқи ҳаводисе, ки дар гузаштаву ҳозира халқу миллатро бо азоби рӯҳию ҷисмонӣ фаро гирифтааст, ғӯтавар шуд. Ин кори шоир аст, ки метавонад бо қувваи сухан алайҳи қувваҳои бад, алайҳи шар фаъол мубориза барад, неку бадро аз ҳам тамйиз бидиҳад. Бо мақсади дарки ҳамаи ин гуна хулосаҳо хонандаро ба мутолиаи асарҳои китоби нисбатан бузургтари Ҳақназар Ғоиб «Тоҷи офтоб», «Ватан», «Шоҳин», «Зиндаем, бо Тоҷикистон зиндаем», «Гиря», силсилаи «Тулӯъ ва ғуруб», ғазалиёт ва рубоиёт ҷалб менамоем. Чӣ навъе ки мебинем, асарҳои лирикӣ якҷоя бо шеърҳои маҷмӯаи «Зинароҳ» тасаввуроти моро нисбат ба рушду камол ёфтани фаъолияти эҷодии шоир пурра месозанд.

пешина
аз 114
навбатӣ