Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Бояд эътироф кард, ки шеъри аҳли адаби Тоҷикистон, пеш аз ҳама, реша дар замони муайян дорад, ки он моломоли дарду омоли ҳаёти воқеӣ, ҷаҳоншиносӣ ва мавқеи миллат дар масъалаҳои худшиносӣ ва дарки худи шоир дар ин замина мебошад. Ин дардҳо аз тақсимбандиҳои нодурусти марзии Ватани азизи мо ибтидо мегирад, ки инқилоби Шӯравии собиқ онро ғаразкорона ба ҳукми таърих даровард. Ин ҳукми сангинро наметавон андак гирифт, вале чӣ бояд кард? Дар кушодани ҳалли баъзе гиреҳбандиҳои таърих ва масъалаҳои дигари ба ин монанд дар қатори адибони машҳури зикрашон боло рафта, С.Айнӣ, Ҷ.Икромӣ, С.Улуғзода, М.Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир , эҷодиёти Ҳақназар Ғойиб низ ҷилои хоси худро дорад, ки дар баландии мақоми маънавӣ ҷойгоҳи арзандаро соҳиб мебошад.

Таваҷҷуҳ ба осори Ҳақназар Ғоиб моро водор сохт, ки рисолаи ба муносибати 50-умин солгарди адиб навиштаи Шоҳвалӣ Саидҷаъфаров– ро хонем. Дар рисола яке аз нуктаҳои муҳим он аст, ки эҷодиёти Ҳақназарро бо шарҳ навиштан не, аслан ба хондану андеша кардан пай бурда, ба умқи гуфтаҳои он бояд назар андозем: «Шоир Ҳақназар Ғоиб, дарвоқеъ, ҳиссиёти баланди инсондӯстона дорад. Ӯ муътақиди инсони воқеист, инсоне, ки ба ғаму андӯҳи дигарон худро шарик медонад. Ба қавли ӯ, инсонеро бояд мадҳ кард, ки худхоҳ нест, хештанпарвар нест, худраъй ва худбин нест. Аз ин лиҳоз шеъри «Навои бародарӣ» ҳанӯз даҳ сол муқаддам (дар чилсолагӣ – О.Г.) гӯё ба воқеоти имрӯза нигаронида гуфта шудааст. Шеъри «Эӣ лола!» дар бобати дарки амиқу фалсафӣ ва ҳакимонаи табиату ашё ва рангомезии тахайюлоти баланди шоирона аз камолоти сухантирозии Ҳақназар Ғоиб дарак медиҳад. Ин маврид тасвири файласуфонаи табиату ашё бо фикри мухайял ва эҳсосоти ҷаззоби суханвар ба ҳам омехта, дар маҷмӯъ як асари пурмазмуни хонданбобро ба хонанда пешкаш менамоянд:

Ба мисли чашми масти ёр, эй лола ,
Хамӯшу бесадо, мастона механдӣ!...
Чаро механдӣ, эӣ лола?
Магар бар кӯтаҳии умр механдӣ?
Ва ё механдӣ бар шукронаи ин як дами фирӯз,
Ки дар дунё насибат гаштааст имрӯз?
Биханд, эӣ лола, эй лола!
Ки ту дар оташи худ дарнамегирӣ!
Маро умри ту бошад панд, эй лола,
Ки ту хандида мемирӣ! [10, 32]

пешина
аз 114
навбатӣ