Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Тасвири даҳшати муғул ва такрор шудани он дар сурати гитлерчиён чунин маъние ҳам надорад, ки миллати тоҷик ва дигар халқиятҳои дар паҳлуи он буда билкул нотавон ва оҷиз бошанд. Баръакс! Ҳақназар Ғоиб, ки то навиштани достон бардавом китобҳои таърихи халқу миллатро мутолиа менамуд, аз қаҳрамониҳои бемонанди гузаштагон чун Темурмалик, ки ба лашкари хунхори Чингиз зарбаҳои ҳалокатовар задааст, на танҳо воқиф мебошад, балки хонанда баъд аз мутолиаи байтҳои зайл:
Замину замона пур аз оташ аст,
Фалак пири фартути заҳматкаш аст.
Адӯ по ниҳода ба хоки Аҷам,
Шикаста камони бани Ораш аст [19, 198].
Он сон ки дарҷ гардид, мақсади асари таърихии «Эҳёнома» – пеш аз ҳама–нигоҳе ба таърихи сабақдеҳи миллат аст ва миллат бояд аз таърихи худ бо назари маънӣ дарси ибрат гирад. Гузашта замон панд медиҳад, ки «Дар як чоҳ набояд ду бор афтод», зеро ин амали камхирадон аст. Насли нав танҳо аз омӯзиши сабақҳои таърих дарси бедордилӣ гирифта, метавонад, ки қадам санҷида ба саҳни зиндагӣ ва мубориза гузарад. Ва ин гуна сабақ аз мутолиаи «Эҳёнома» барин асарҳо ҳосил мешавад. Миллати худогоҳ воқеан ҳам «Эҳёнома»-ро хонда, ба хулосае меояд, ки ҳама шикастаҳоро асос ҷудоиандешиҳост, ки ғалабаро ба манфиати душман ҳал менамояд.
Аз ин рӯ, шоир мехоҳад, ки ҳамин ҷойи сусти занҷири бо донишу фаҳмиш ва таҷрибаи ҳаётӣ, алалхусус сабақомӯзӣ аз таърих комилан мустаҳкам карда шавад. Ин талошест барои сари вақт аз байн бурдани ҷудоипарастон:
Бубояд ба теғе, ки дорӣ ба даст,
Кушӣ кинахоҳи ҷудоипараст [19, 238].
Достон, он сон ки гуфтем, пур аз паёмҳои маънибор аст. Нахустин паёме, ки ба мо мерасад, ин аст, ки ҳодисаҳои гузаштазамон барои имрӯз гуфта мешаванд. Ҳама сӯзу дарди достон, ки дар заминаи бадтарин фоҷеаҳои хунини замони гузашта бунёд ёфтааст, ҳушдоре ба имрӯзиён аст, ки ватанпарастӣ кори осон нест, ба қавли устод Ҳақназар:
Ба тӯфонҷӯш парвар ҷону танро,
Саодат дон азоби Кӯҳканро.
Азоби гӯрро бояд кашидан,
Ки бахшӣ зиндагӣ хоки Ватанро [19, 236].
Бояд гуфт, ки дар бедодгариҳои муғулон тасвирҳои даҳшат ниҳоят зиёданд, вале дар ин миён устод Ҳақназар низ суханонеро пайдо кардааст, ки дар силки ин тасвирҳо ҷойи баландтар мартаба пайдо кардааст. «Замин то ба моҳам кунун холӣ аст», дар ин матн маънои нав ҳосил кардааст, ки, аз як ҷиҳат, тарзи нави тасвир бошад, аз дигар ҷиҳат, куштореро пеши рӯ меорад, ки дигар чизе ҷуз холигӣ боқӣ намондааст. Маҳз ҳамин тасвирнигориҳои хосаю тоза ва ҷаззоб боис шудааст, ки шеъри мазкур дар забони мардум афтод, онро, аз рӯйи нақли устод, чӣ дар Кӯлобу Хуҷанд ва чӣ дар Душанбе бедордилони миллат, аз ҷумла, ровии машҳур Бобоҷон Ҳасанов, ки он вақт дар театри Кӯлоб буд, ровии радио Хӯҷамқулов, собиқ раиси радио ва телевизиони тоҷик Асадулло Раҳмонов ва садҳо нафарони дигари равшандил ҳам аз ёд мехонданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор