Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Чашмаам, бе чашми ту кай то ба дарёҳо расам,
Саррам, бе боли меҳрат кай ба болоҳо расам
Бо ғами дуёи ту шодӣ зи дунё хостам,
Бе ғами дунёи ту кай бар ғами дунё расам.
Бе ҷамолат чун ҳавои тира накшояд дилам,
Бе мададҳои ту кай бар шамси раҳпаймо расам.
Ошиқам, бе ҳусни сабзат нест сарсабзӣ маро,
Бе канорат кай ба файзи домани саҳро расам.
Зинда кун дар синаам марги ҳама ишқи куҳан,
То ба қадри ишқбозиҳои бобоҳо расам [10, 136 ].

Агар сухани шоири эронӣ Муҳаммадризои Тоҷдиниро қабул фармоем, «Ҳақназар аз ирфону ишқ низ баҳраҳое дорад ва бештар аз аҳли тариқат то шариат пайрави Саноӣ, Ироқӣ, Аттор, Мавлоност ва нигоҳу ҷаҳонбиниаш реша дар ирфону ишроқ дорад ва тавҳиди амалӣ ва фаъолиро ба кор мегирад ва аз тарафе аҳли худнамоию худситоӣ нест ва ошиқи содиқ ва покбахт аст, ки қалбро ба ишқу ишқро ба инсону инсонро ба ирфон мепайвандад [130, 4].

Аз ишқ будаст раҳи паймудаи ман,
З-ин ранҷ будаст сари осудаи ман.
Бигшуд дари ҳазор манзил ба раҳам,
Дар ишқ бимонд дари нагшудаи ман.


Бе занги аёғи дил ҷаҳон хомӯш аст,
Бе нури чароғи дил чу мотампӯш аст.
Бе сӯзиши доғи дил бувад сарду ғамин,
Бе хандаи боғидил куҷо гулпӯш аст [10, 153-154].

Шоир «доғ»-ро чун «хандаи боғ» дар ҳоли шукуфоӣ ба тасвир кашидааст, ки тозаю ҷолиб мебошад ва аз рангрезиҳои ишқ аст, ки доғ ҳамчун хандаи боғ ба ошиқ писанд меояд [130, 4]. Ҳақназар дар ғазалҳои ошиқона устод аст. Ғазалиёти ӯ забон ва баёни фасеҳу шево ва сурати сода дорад.

Ранҷидан аз дили мо, эй ҷон, киро надорад.
Ин тифли шӯху саркаш ақли расо надорад…
Дар ишқи ту хамӯшӣ беҳтар зи розгӯйист,
Оҳанги мурдани гул охир садо надорад [10, 153].

Дар ин ғазал шоир ҳамчун суварнигори барҷаста хомӯшии пурсӯзу гудози ошиқро ба оҳанги мурдани гул монанд кардааст, ки таносуби мантиқии муносиб ва зебост. Аз шеърҳои ошиқонаи лирикии шоир аён аст, ки ӯ таронасарои хушовоз, булбули хушилҳон ба чаманҳои шеъри буда, онро зебу оро медиҳад ва касбаш ба нафаси гарми сухан гул мефишонад. Шоир ба маҳбуби худ гуфтааст:

Ту магӯ, ки фақат аз ишқи ту дилсӯхтаам,
Хандаи талх ҳам аз ишқи ту омӯхтаам.
Ба ҳама ошиқу соҳибназарон дайн шудааст,
Ки ман аз ишқи ту, эй куртачакан, сӯхтаам [14, 8].

пешина
аз 114
навбатӣ