Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Ба вуҷуд омадани образи воқеӣ боиси ба вуҷуд омадани мафҳуми «қаҳрамони лирикӣ»гардид ва ин истилоҳ минбаъд маънии образ (нақш)-и мустақилро ифода мекардагӣ шуд. Ба мафҳуми дигар, мавқеи маънавию ахлоқии шоир дар ашъори лирикӣ, пеш аз ҳама, дар симои қаҳрамони лирикии ӯ таъйин мегардад. Ин гуна қаҳрамон ҷаҳони ахлоқию маънавии худро пеши хонанда кушода, баду нек, орзуву ормонашро пинҳон намедорад. Омӯзиши ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб аҳамияти бузург дошта, масъалаҳои муҳимми адабиёти тоҷикро фаро мегирад. Зеро тоҷикон мардуми суханпарвар ва фарҳангдӯст буда, тору пуди сиришти азалиашон аз овони хурдсолӣ бо каломи мавзуну оҳангнок танида шудааст. Ва қаҳрамони лирикӣ маҳзару таҷаллигоҳи ахлоқ ва маънавиёти инсон мебошад. Шоири тавоно дар симои қаҳрамони лирикӣ ҷаҳони хурди инсонҳоро мегунҷонад. Назокат ва покии ҳиссиёти қаҳрамони лирикӣ дар ашъори Ҳақназар дилрабо ифода шуда, ба дил асари амиқ гузошта, таассуроти моро оид ба зиндагӣ тавсия мебахшад.
Дар шахси Ҳақназар донишу истеъдоди фитрӣ ба ҳам омадаанд. Ӯ шоири фозил буда, фазилати худро доимо такмил медиҳад. Ҳар гоҳ ки ашъорашро мутолиа мекунем, бӯйи муаттари эҷодиёти Пушкин, лирикаи ишқии Есенин, фалсафаи Байрону Гёте ба машом мерасад. Лекин муҳимтар аз ҳама ниҳолҳои назмаш дар замини меросӣ реша давонда, аз чашмаи ашъори Рӯдакию Камол, Румию Ҳилолӣ, Хайёму Ҳофиз, Саъдию Ҷомӣ, Айнию Лоҳутӣ ва Турсунзода об хӯрда, дар заминаи фарҳанги миллӣ нашъунамо менамоянд. Таровати миллии эҷодиёти Ҳақназар Ғойиб маҳз бо ин ҷиҳат фарқ менамояд. Ишқ зодаи отифаи меҳру муҳаббат буда, он ба ҳар навъ метавонад зуҳур кунад. Шеърҳои ошиқонаи Ҳақназар Ғоиб хеле зиёд буда, аз лиҳози таҳлили сабкшиносӣ таваҷҷуҳовар мебошад.
Чеҳраи бикшодаи ту дилкушоӣ мекунад.
Дидаат бо ақли фитрӣ ошноӣ мекунад.
Пас кӣ пайванд аст бо армони худсӯзи дилат,
Ҳайфи он дил, ки зи ту майли ҷудоӣ мекунад… [14, 66]
Дар ашъори Ҳақназар Ғоиб лирикаи ишқию манзаравӣ ва публитсистию фалсафӣ ба ҳам омезиш ёфтаанд. Асоси ишқияи шоирро одамгарӣ, ҳурмату эҳтироми инсон, ҳиссиёти гуворо, тақдир, орзую идеалҳои олии ҷомеа ташкил медиҳанд. Дар лирикаи шоир ишқи инсон, ишқи поки бунёдкорони ҳаёти нав ифода ёфтаанд ва «сӯхтаму пухтам»-ҳо нишонаи талошу мубориза ва ҷидду ҷаҳди ҷавонон мебошад. Муаллиф дар ашъори лирикӣ, хусусан фалсафӣ таъкид менамояд, ки ба инсон бахту саодат ба осонӣ муяссар намешавад, он муборизаву ҷадал мехоҳад ва аз дарду ғам, ноумедию мушкилӣ дур нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор