Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ишқ ҳазорҳо сол дар адабиёти тоҷик мавзӯи асосӣ ҳисоб мешуд ва имрӯз он боз равнақ меёбад. Шоирон дар солҳои шасту ҳафтод ба масъалаҳои ахлоқию иҷтимоии мавзӯи ишқӣ бештар унс гирифта, дар он баъзе шоирон ошкоро ба масъалаҳои маънавияту фалсафа дахл менамоянд: Чӣ созам, зиндагӣ аз сар бигирам,

Ниҳоли қоматат дар бар бигирам.
Чунон оташ бигирам дар дил аз ишқ,
Кафанпӯшам кунӣ ҳам, дар бигирам [14, 80].

Эҳсосоти ошиқона бо масъалаҳои мушаххаси ҷамъиятию ахлоқӣ алоқаманд шуда, мазмуни нави замонӣ пайдо мекунад. Ин падидаи имрӯзӣ дар замони мо ҷилваҳои тоза пайдо менамояд. Риштаи пайванд дар миёни мазмунҳои ишқии имрӯзию дирӯзии классикӣ мустаҳкам аст. Шоирони имрӯза ҳам монанди гузаштагон қувваи азими ишқро зоҳир кардан мехоҳанд. Қувваи инсонофарину ҷаҳонсози ишқ дар ишқияҳои Ҳақназар Ғоиб бо падидаҳои гуногун намудор мегардад. Ишқ як омили софкор аст, ки дили инсонро аз оташи сӯзон гузаронида, аз ғилу ғиш, кудурат тоза ва сафо мебахшаду наҷобат медиҳад:

Саломи ёр мегӯяд гули ишқ,
Каси ғамхор меҷӯяд гули ишқ.
Зи баски ошиқӣ оташравонист,
Миёни нор мерӯяд гули ишқ [14, 71 ].

Муҳаққиқ Юсуф Акбаров бар ин ақида аст, ки «аз нимаи солҳои панҷоҳум дар лирикаи тоҷик чун дар тамоми адабиёти шӯравӣ оҳангҳои фалсафӣ қувват гирифт. Ин майли тоза аз муносибати наве ба зиндагӣ, ба инсон ва воқеаҳои давр, аз пурзӯр шудани назари тадқиқу таҳлил, кӯшишу таҳқиқи қаъри дили инсон, нозукиҳои характери ӯ ва аз фикру андешаҳои амиқ дар атрофи ҳодисаю рӯйдодҳои зиндагӣ сар шудааст» [59, 57]

Ахлоқу одоб аз масъалаҳои аввалиндараҷааст, ки ба дидактика, ба ҳикмат майли махсус дорад. Пандгӯию ҳикматписандӣ аз анъанаҳои қадимаи халқамон буда, имрӯз он дар лирикаи тоҷик ба таври тоза идома дорад. Бузургтарин сарвате, ки гузаштагони мо ба наслҳои оянда, ба имрӯзиён аз худ боқӣ мегузоранд, ҳамин панду ҳикмат аст, ки аз рӯзгори серташвиш, аз таҷрибаи зиндагӣ ҳосил гардида, асрҳост ба дарди оламиён даво мебахшад. Насиҳатномаи падарони бузургвор ба фарзандон аз он ҷиҳат аст, ки онҳо ворисони арзанда ва давомдиҳандагони анъанаҳои бузурги падарони худ бошанд, ному насаб ва номуси падарону авлодонашонро покиза нигоҳ доранд, аз хурдӣ ба омӯхтани илму ҳунар бикӯшанд ва бо қувваи заковати хеш дари маърифату адолат ба рӯйи мардум бикушоянд. Ҳамин анъана дар адабиёти нави тоҷик ба шаклу мазмуни тоза давом ёфта, яке аз воситаҳои қувват гирифтани фалсафаи шеър ва аз қисматҳои муҳимми шеъри имрӯзи тоҷик гардидааст.

пешина
аз 114
навбатӣ