Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки ашъори Ҳ. Ғоиб аз ҷиҳати мавзӯъ, мундариҷа ва забону нигориш баррасӣ шуда, бурду бохти шоир дар ҷодаи ҳунари суханварӣ як андоза нишон дода мешавад. Ҷолиб аст, ки дар ҳамаи тақризҳо рӯҳи халқӣ, тасвир ва равонию оҳангнокӣ чун ҳусни ашъори шоир қаламдод шудааст. Шоир ва муҳаққиқ Аскар Ҳаким дақиқназарона навиштааст: «Ҳақназар, дар ҳақиқат ҳам, шоири асил ва модарзод аст. Ман имони комил дорам, ки шоире чун Ҳақназар бо як диди хоссе ба дунё омада, ҳамроҳи сабзазорон қад кашида, ҳамроҳи обҳои ҷӯйборон ҷорӣ гашта, ҳамроҳи шохаҳои сабзи дарахтон сар афрохта, сухан офарида, ки танҳо шоири Худодод метавонад чунин шеър гӯяд. Шеъри ӯ ҷанбаи халқӣ дорад. Вақте ки ман ашъори Ҳақназарро варақ мезанам, мебинам, ки онҳо махсусан аз назари муҳтаво ва мундариҷа аз китобе ба китобе боло мераванд ва амиқтар мешаванд ва ин аломати он аст, ки эҷодкор дар нуқтае, ки имрӯз расидааст, фардо боқӣ нахоҳад монд. Ӯ фардо ҳатман баландтар хоҳад рафт ва ин насиби эҷодкори асил хоҳад буд» [138, 3].

Адиб ва суханшинос Усмон Назири Оташ аз илҳоми саршор, намакчашидаи ашъори бузургони олам Мавлоно Румию Хайём, Бобо Тоҳири Урён, Ҳофиз ва дигарон будани Ҳақназарро ба хубӣ пай бурда, эътироф мекунад, ки Ҳақназар Ғоиб «...афсона намегӯяд, барои имрӯзиёну фардоиён фарнома, рустамнома, вафонома, меҳрномаҳои омӯхтанию пайгиркунанда менигорад. Ашъораш серқира, доманфарох, ҷаззоб, оҳанрабомисол, ғалаёновар, ростин, бо пероҳани латифи баҳорӣ ороста буда, сабки хосси ҷонпарвар ва дӯстдор дорад. Шеъри Ҳақназар суруди дилҳост, парчами шеъраш дар парафшонист...» [133, 4].

Дар ин замина Абдулҳай Қаландар фикру андешаҳои худро чунин иброз доштааст, ки ҷолиби диққат мебошад: «Воқеан, Ҳақназар Ғоиб тасвирнигори нотакрор, борикбин ва боҳунар аст. Диди ӯ дар тасвир равшан, хаёлангез, жарф ва ҷолибу тозанигоҳона аст. Офтоб дар адабиёти классикӣ ва муосир саду як тасвир дорад, ки ҳар кадом рангу тобиши хосаи худро дорост. Вале Ҳақназар Ғоиб дар тасвири офтоб тавонистааст, ки сухани худро ёбаду гӯяд» [86, 7].

пешина
аз 114
навбатӣ