Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Ватан, тарсам аз чашмтар монданат,
Ба коми наҳанги хатар монданат.
Ба шоми шаби беқамар монданат,
Ватан, тарсам, аз беписар монданат [26, 7].
Барои нотарс мондани миллат он бояд худшинос бошад, ҳушёрии сиёсӣ пайдо кунад, абармардони ҷонфидои халқу Ватанро шиносад, ҳифз кунад, ҳаёташонро дарси миллати худ донад ва ғ. Дар ин сурат Ҳақназар ҳамчун Фирдавсӣ ва дигар шуарои миллӣ С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода оинаи таърихро пешорӯ гирифта, гузаштаю ҳозираро равшан мебинад.. Ба фикри ӯ, бояд аз гузашта дарс омӯхт, набояд иҷозат дод, ки воқеаи талху ваҳшатбори гузашта такрор шавад, бояд аз меҳан ба ҷону дил ва тамоми ҳастӣ дифоъ намуд. Аз ин ҷиҳат, ӯ бо шеъру сухан, посдошти арзишҳои гузашта ба ҳифзи Ватан мепардозад.
Ман сахтсарам зи санги хорои сухан,
Дороам бишкасту монд Дорои сухан.
Сад бор лабам дӯхта куштанд, вале
Ман зинда шудам зи нав ба Мавлои сухан [26, 45].
Шоир бо ин мулоҳиза шукргузориашро аз ватандорӣ иброз менамояд. Ӯ акнун на аз хурдон, балки аз бузургон сухан гуфтан мехоҳад, ки орзуи шоиронаи ӯст, зеро акнун дар Тоҷикистони соҳибистиқлолаш таҷассуми он ҳама бузургиҳоеро мебинад, ки атои тозаи Худованди таъриху тақдир аст:
Ба ҳурмат Тоҷикистон гӯям аз ҷон,
Замини тоҷдорон гӯям азҷон.
Туӣ модар, ки бо лафзи намозӣ
Муқаддас модари ҷон гӯям аз ҷон [26, 27].
Шукр, ки миллат чашмони хуршедиро дар талошҳои Қаҳрамони Тоҷикистон, фарзанди буруманди миллат Эмомалӣ Раҳмонов боз кушода ёфт.
Бештари ашъори Ҳақназар ба худогоҳӣ ва хештаншиносӣ бахшида шудааст. Ӯ эҷодкори ашъори миллию меҳанист, барои ба бузургию асолат ва шарофати гузаштаи тоҷикон бештар ошно шаванд, шикастҳои таърихию пирӯзиҳои онро ба тасвир мегирад.
Як ҷон ба ҳама бошаду як тан бошад,
Як нанг ба авлоди Таҳамтан бошад.
Як рӯй бувад рӯйи Ватан рӯйи халқ,
Як ҷисм тани тоҷику Меҳан бошад [26, 43].
Чунин шеърҳои миллию ватандӯстона ва пайванд бо номи тоҷик дар эҷодиёти шоир хеле зиёд мебошанд, ки онҳоро адиб самимӣ ва бо камоли ифтихор месарояд. Барои ӯ на танҳо Ватан, ёру диёр ва халқи бузургвораш азиз мебошанд, балки замин, сайёраи мо аз ин ҳам арзиши бештар дорад, зеро худ дар ҳамин дунё ба вуҷуд омада камол ёфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор