Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам.
Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман.
Гӯямаш, ки: бош, то ҳастам, ба ҷойи модарам [47, 321].
Шоир Ҳақназар Ғоиб ҳам як андоза ба М.Турсунзода монанд шеър гуфтан хоста, тулӯъ кардану шуълавар шудани меҳри модарро ба қалам додааст:
Меҳрат овардам чу дар рӯйи варақ,
Рехт аз нӯги қалам нури шафақ.
Ҷовидон шуд аз ту ҳарфи дафтарам,
Модарам, ҷон модарам, ҷон модарам [10, 138].
Умуман, тасвири русуми аҷдодӣ дар модарномаи Ҳақназар Ғоиб ҳар чӣ қадар хусусиятҳои миллии модари тоҷикро ифода намояд, боз ҳамон андоза моҳияти умумимиллии ашъораш афзудан мегирад. Модари тоҷик дар ҷанги солҳои 20-ум мудҳиштарин рӯзҳоро аз сар гузаронида, аз ҷигаргӯшаҳои баркамолаш абадӣ ҷудо гаштааст. Дар ҳар гуна лаҳза ӯ охирин қути лоямути худро мисли ору ба фарзанд медод. Шоир дар шеъри поин хосиятҳои миллии модари тоҷикро хеле хуб ифода кардааст.
Ору зи гарди гулҳо гар ангубин биёрад,
Модар ҳаққи писарро дар остин биёрад.
Дар мӯйи субҳгунаш шири ба тифлӣ хӯрда,
Дар каф дуои хайре дар рӯйи чин биёрад [10, 147].
Ҳастии модари тоҷик дар шеъри «Аллаи модар» боз мушаххас намоён мешавад.
Сари гаҳвора биншаста суруди алла мехонад,
Кушояд пар ба гардунҳо навои меҳри оламгир.
Кунад тифлона ғул-ғул об дар маҷрои деринаш,
Биҷӯшад кафк бар лаб шаршара монанди деги шир,
Чунин ояд, ки дунё ҳам ба мисли тифли ҷонпарвар
Ғанаб рафтаст як дам бо суруди аллаи модар [10, 136].
Дар ин шеър модар бо суруди «Алла» на фақат тифл, балки Заминро бо бузургиаш меҷунбонад. Шеърҳои ба модар бахшидаи Ҳақназар Ғоиб хусусиятҳои миллию шарқӣ дошта, ботини поку беолоиш, ҷаҳони орзуву ҳавасҳои модари рустоиро мавриди тасвир қарор медиҳад. Тасвирҳо содаву самимӣ буда, хонандаро мутаассир месозанд.
Гушнаи дидор будӣ он қадар,
Ки набудат сер аз дидори ман.
Ташна будӣ, он қадар, ки ташнагит,
Ҳеҷ гаҳ нашкаст аз гуфтори ман [10, 14].
Хулоса, дар «Модарнома»-и Ҳақназар рӯҳи халқии тасвир пурқувват буда, шоир дар инъикоси ҳастии модар аз урфу одат ва анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик устодона истифода менамояд. Мавзӯъ ва муҳтавои ашъори ба волидон бахшидаи шоир доманадор буда, дилангезу назаррабост, хонандаро зуд ба таъсир мегирад. Шоир модарро хуб ситоиш карда, аз анъанаҳои неки миллӣ корбар шудааст. Ӯ дар аксари шеърҳо хонандаро ба дӯст доштану эҳтиром кардани модару падар – ин неъмати худодод даъват менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор