Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Падарон – пушту паноҳи писарон,

Писарон – дасту асои падарон.

Падарон – чашми яқини писарон,

Писарон – чашми бинои падарон… [10, 108].

Дар асл, шахс ҳарчанд ба синну соли муайян расида, соҳиби фарзандон мегардад, боз дар назди модар кӯдак менамояд. Ҳар кас дар дунё хушбахтиашро бо падару модари хеш мебинад:

Агарчи дӯстон чун марди комил мешиносандам,

Вале дар назди модар боз ҳам тифли навомӯзам [10, 146].

Дар шеъри зерин шоир аз ишқ ҳарф мезанад ва мегӯяд, то даме ки хуршед ҳаст, аз нури ишқ ҷонаш лаб мезанад, аз нури хуршед дар дунё зиндагӣ мавҷ мезанад ва хонаи дилҳо аз нури ишқ фурӯзон мегардад. Аз ин рӯ, қаҳрамони лирикӣ ҳусни дунёро аз шамс ва ҳусни хонаи дилҳоро аз нури ишқ равшанӣ медиҳад:

То бувад хуршед, ҷонам лаб занад аз нури ишқ,

Ҳусни дунё шамсу ҳусни хонаи дилҳо маннам [10, 6].

Диққати Аҳмад Абдуллоевро ҳамин ҷиҳати тасвир ба худ кашида буд ва ӯ дар тақризи ба унвони «Пиёлаи нур» ин фикрро иброз дошт: «Дар маҷмӯаи шеърҳои пурмуҳтавои Ҳақназар Ғойиб «Тоҷи офтоб» аз зулмату нур хеле сухан рафта ва ҳамеша ғалабаи равшанӣ бар торикӣ ситоиш меёбад. Пиёлаи нури офтоб, шафақи сурх ва лолаи кӯҳ барои шоир рамзи хушбахтӣ, некномӣ ва осудагию оромӣ мебошанд. Аз ин рӯ, вай нур металабад, инсонро нури замона мебинад, муқобили абри сиёҳ осмони соф мехоҳад ва толибона хитоб мекунад» [51, 4 ]

Абр мепӯшад замину осмонро,

Абр мепӯшад ҷаҳонро.

Ғам чу дарёи дамоне

Мезанад сарро ба соҳил.

Эй Дил, эй Дил!

Деҳ ҷавобам:

Осмони соф хоҳам.

Абр охир аз чӣ пӯшад офтобам?!...

…Одамон, бошед нуре дар замона,

Одамон, бошед бо ман ҷовидона! [10, 41]

Дар эҷодиёти шоир санъатҳои бадеӣ зиёд истифода шудаанд. Хусусан ташбеҳ, истиора, талмеҳ, ташхис ва намунаҳои санъати лафзӣ бештар корбар шудаанд. Дар шеъри «Бод, эй боди мурод!» боварию эътиқоди қаҳрамони лирикӣ ба оянда нигаронида шудааст, зеро муддатест маҳбуба аз ишқи шахси ошиқ бехабар мондааст. Қаҳрамони лирикӣ таъкид мекунад, ки то ҳанӯз ҳам ишқи ту дар дил ҳамчу маҳтоб медурахшад, аммо аз сабаби дар паси абри сиёҳ мондан рахшиданашро дида натавонистани маҳбуб аз ниҳон будани ишқи ӯст. Чунончи:

пешина
аз 114
навбатӣ