Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Модар, ту сутуни хонадон будастӣ,
Аз ободии хонаи ҷаҳон будастӣ.
Ман аз нигаҳи ақл чунин донистам:
Модар, ту баҳои ҷисму ҷон будастӣ [24, 198].
Ё дар мисоли дигар дар таркибҳои гули хуршед, шуълаи умед, лаззати гул калимаҳои хуршед, умед, гул низ чун тавсиф омадаанд.
Лола саҳар лаб кушуд чун гули хуршед,
Аз дили ман сар кашид шуълаи умед…
Боди сабо дар забон лаззати гул дошт,
Оҳ, хабар оварад аз гули чинда [10, 29].
Дар шеърҳои шоир рамзу киноя бо услуби баланд омадаанд, масалан, дар шеъри зерин дар мадди назари қаҳрамони лирикии шеър ҳаёти гузаштаю ҳозираи халқу миллат истодааст.Чи тавре ки худи шоир фармудааст, «Тоҷи офтоб» ба маънои рамзияш истифода шудааст, агар ҳангоми офтобгирифт ба воситаи шишаи сиёҳ ба офтоб нигарем, равшание ба назар мерасад, ки онро «Тоҷи офтоб» мегӯянд.
Чу ба худ омадаам,
Шӯълаи Тоҷ бидидам, ки фурӯзанда бувад,
Кишвари тозаву нуронии ман
Ба паси абраку дар ханда бувад,
Қувват омад ба дилам… [10, 11].
Дар илми бадеъ кор фармудани калимаҳои зидди якдигарро дар сухани бадеӣ тазод мегӯянд. Ва дар байни санъатҳои бадеӣ тазод ва муқобила мавқеи калон дорад. Ба қавли адабиётшинос Т.Зеҳнӣ: «Яке аз пуртаъсиртарин воситаҳои тасвироти бадеӣ ҳамоно муқобил гузоштани ду фикр ба ҳамдигар аст ва ё ба таъбири дигар гӯем, сифат, хислатҳои ду кас ва ду чизро ба таври муқоиса ба ҳам муқобил гузоштан аст, ки санъати тазод ва муқобила ном дорад» [79, 82 ].
Дар сахтрӯзиҳо умед хушрӯзиҳо илқо кунад,
К– аз сабр рӯзе хуш гузашт, хушрӯзтар ояд пагаҳ [13, 59].
Дар ин байт калимаи сахтрӯзӣ бо калимаи хушрӯзӣ бо сифатҳои мухолифашон бо ҳам мувофиқ омадаанд. Ё дар шеъри дигар баҳору хазон бо ҳам муқобиланд.
То баҳори дил надорӣ, зиндагии ҳақшинос,
Аз хазон ранге ба рӯи арғувонат мезанад [13, 59].
Шоир тасвирҳои зеборо пеши рӯ оварда, рангу рамзро дар куртаи чакани гулдухтарони кӯлобӣ, ки таърихи миллати тоҷикро инъикос мекунанд, бо санъатҳои бадеӣ нотакрор ифода кардааст ва ҳувияти миллии зани тоҷикро тасвир намудааст:
Эй куртачакан! Зи Вахшию шаҳдлабӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор