Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Саҳми муаллиф. Масъалаҳои асосии дар диссертатсия таҳқиқшаванда аз ҷониби роҳбари илмӣ тарҳрезӣ шудаанд. Муаллифи диссертатсия оид ба хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб таҳқиқ намуда, ҳамзамон рӯзгору осор, ҳунари нигорандагии шоирро баррасӣ намудааст. Дар мақолаҳои нашрнамудаи муаллиф натиҷаи асосии таҳқиқот инъикос ёфтаанд.
Коркард ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқ. Таҳқиқи мавзӯи мавриди назар ҷустуҷӯву бисёрсолаи муҳаққиқ маҳсуб ёфта, мундариҷа ва қисматҳои алоҳидаи он дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва донишгоҳӣ дар шакли маърӯзаҳо хонда шудааст.Теъдоди таълифот дар ҳаҷми шаш мақола, аз ҷумла, чор мақола дар нашрияҳои КОА ФР ва КОА ҶТ ба қайд гирифта, нашр гардидаанд, ки феҳристи онҳо дар охири автореферати диссертатсия оварда шудааст. Аз рӯйи мавзӯи таҳқиқ муаллиф дар ҳамоишу конфронсҳои байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятии илмӣ – амалии «Саҳми занон дар рушди илми муосир» (Душанбе, 2017.), «Занон ва рушди илми муосир» (Душанбе, 2018.), «Бахшида ба 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик С.Айнӣ» (Душанбе, 2018.), «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (Душанбе, 2019.), «Саидҷон Ҳакимзода ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик» (Душанбе, 2019.), «Актуальные проблемы филологии и лингводидактики» (Душанбе, 2019.) муаллиф суханрониҳо кардааст. Диссертатсия дар ҷаласаи кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (Суратҷаласаи №2, 27 сентябри 2018) ва кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (Суратҷаласаи №3, аз 15 сентябри 2020) муҳокима ва барои дифоъ пешниҳод гардидааст.
Сохтори диссертатсия. Диссертатсия аз муқаддима, се боб, хулоса ва китобнома иборат шудааст. Ҳар боб мувофиқи масъалагузорӣ ба фаслҳои алоҳида тақсимбандӣ шудааст.
БОБИ 1. ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ ҲАҚНАЗАР ҒОИБ
1.1. Зиндагиномаи Ҳақназар Ғоиб
Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои шеъри имрӯзаи тоҷик пайванди шахси шоир ва ҳиссу рӯҳи ӯ бо олами тасвиршаванда аст. Шоир дар шеър ҳар лаҳза ба одам, ба хонандааш муроҷиат намуда, ҳамеша пеши назараш инсони зинда, эҷодкору меҳнатдӯстро мебинад, ҳодисаю воқеаҳоро ба ҷон дароварда, онҳоро аз мағзи дили худ мегузаронад ва ҳиссиёти шахсиашро нисбат ба ин рӯйдодҳо дилнишину муассир баён менамояд. Инҳо боиси дар назми мо қувват гирифтани ҷузъиёти лирикии шеър мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор