Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман шарбати ишқ аз ту ошомидам,

Дар ишқи ту тоҷу тахту бахтам дидам.

Як кӯчаи шаҳри ишқро бо ёдат.

Ман кӯчаи бахти Ҳақназар номидам [8, 154 ].

Ғазалҳои шоир аз ҷиҳати мавзӯъ ба ду қисм: ишқӣ ва фалсафӣ ҷудо мешаванд. Онҳо масоили иҷтимоиро низ фаро гирифтаанд. Шоир эҳсосоти аз ҳаёт ва ҷомеа гирифтаашро дар шаклҳои анъанавии шеър пуртаъсир ба қалам медиҳад. Ӯ муҳаббати ба инсон доштаашро дар ғазал боз қавитар густариш дода, ҳиссиёти ошиқонаро низ тавассути шакли зебои ин жанр сидқан пешкаш менамояд.

Бояд сароям шеър ошиқона,

Бояд бигирам дар лаб тарона.

Бояд бисӯзам ман дар муҳаббат,

Эй оташи дил, эй ноздона!

Бояд бидонӣ сармояамро,

К – аз ишқ кардам анҷоми хона [8, 39].

Адабиётшинос А. Абдуманнонов дар бораи ғазали давраи нав навиштааст: «Анъанаи ғазалсароӣ дар назми тоҷик ҳеҷ гоҳ қатъ нашудааст. Он дар назми солҳои шасту ҳафтодум фаъолтар гардидааст. Хусусан ғазалиёти Лоиқро мардум писандида ва пазируфтаанд. Аксари шоирони тоҷик ҳамчун Мастон Шералӣ, Кутбӣ Киром, Гулназар, Бобо Ҳоҷӣ, С. Ҳалимшо, Ашӯр Сафар, Ҳақназар Ғойиб, А.Воситзода ва дигарон дар ҷодаи шоирӣ роҳ паймуда, пайваста ғазал гуфтаанд» [54,127].

Ашъори лирикии Ҳақназар Ғоибро ғазалҳои гуногунҳаҷм ташкил медиҳанд. Аз рӯйи шумур то соли 1986 дар ашъори шоир 65 ғазал ба мушоҳида мерасад. Ғазалҳои ашъори шоир аз панҷ то шонздаҳ байт доранд:

Дар орзуи рӯйи ту аз пештар шайдо манам,

Шӯрида аз маҷрои хеш беруншуда дарё манам.

Дигар нахоҳад ҷамъ шуд обам, ки ёбам соҳилам,

Паҳну парешонгаштае дар дашту саҳроҳо манам.

Ҳар рӯзу ҳар шаб меравам сӯйи диёри орзу,

Эй орзу, дар роҳи ту ёри мусофирҳо манам… [10, 99].

Ҳақназар Ғоиб дар маҷмӯаи «Тоҷи офтоб» анъанаи адабиёти классикиро бештар идома додааст. Аз ҷумла, дар баъзе ғазалҳои ӯ байти тахаллусро дучор мешавем:

То наёбад каҷдиле дар синаи ман ҷойи худ,

Кӯчи дил баростони Ҳақназар меоварам [1074].

Шоир аз байти тахаллус кам истифода мекунад. Дар маҷмӯъ дар эҷодиёти шоир ҳамагӣ 15-байти тахаллус ба мушоҳида мерасад. Ҳодисаву воқеаҳое, ки дар зиндагӣ дидааст, пайванди ботинии ғазалҳои шоирро ташкил менамояд. Шоир фикру ақидаи худро дар ин жанр хеле хуб ифода кардааст.

пешина
аз 114
навбатӣ