Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Замоне сабзапӯшему баҳоре.
Замоне тирамоҳи зарнигоре.
Чи бо тоҷему чи бо тоқии чуст
Мусофирҳои роҳи рӯзгорем [10, 177].
Ё ин ки
Ҷавонбахту базебу дилситонем,
Ба монанди баҳори гулфишонем.
Дареғо, пир мегардем рӯзе,
Вале дар ёдҳо доим ҷавонем [10, 177].
Ҳақназар ба қолаби чаҳорпора таваҷҷуҳи зиёд доштааст. Ин қолаби шеър дар назми садаи бист серистеъмол гардид. Қофиябандии чаҳормисраъ якхела нест. Чунончи:
Мавҷ аз пушти мавҷ меояд,
Ҳамчунон теғҳои пушти ба пушт.
Гоҳ аз шаст гашта бар соҳил
Нарм – нармак ҳамезанад ангушт [25, 173].
Ҳақназар Ғоиб дар шеъри нимоӣ ки асосгузори он шоири эронӣ Нимо Юшиҷ мебошад, низ қувва озмудааст. Шоирони тоҷик дар эҷоди ин шакли шеър муваффақият ба даст овардаанд. Аминҷон Шукуҳӣ, Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Лоиқ, Қутбӣ Киром аз зумраи он шоирон маҳсуб меёбанд. Ҳақназар Ғоиб низ дар ин навъи шеър қувва санҷидааст.
Шаб дили шаб буд,
Аз гардуни гардон моҳтоб
Бар замин мерехт нури зарҳалии хешро…
Зиндагӣ осуда зери чарх пинак рафта буд [19, 55].
Шоирони адабиёти муосир ҳам ба мисли намояндагони адабиёти классикии форсу тоҷик дар офаридани фард қувваозмоӣ кардаанд. Аз ҷумла, Ҳақназар Ғоиб аз уҳдаи эҷоди он ба хубӣ баромадааст. Умуман, дар эҷодиёти Ҳақназар Ғоиб ғазал, дубайтӣ, рубоӣ, шеъри нимоӣ ва чаҳорпора мавқеи махсус доранд. Қолиби шеъри Ҳақназар Ғоиб дар ҳамаи навъҳои шеъри лирикӣ ҷавобгӯ омадааст. Абдунабӣ Сатторзода қайд мекунад, ки: «Шоир, ки шеърашро «Шеъри нарм» номидааст, ман ба ин гуфта сифати «гарм»-ро низ ҳамроҳ карданиям. Шеъри ӯ шеъри якдаст ва ҳамвор аст, мисли оби ҷӯйборони зодгоҳаш, ки аз канори хонадонаш равон аст. Дар осораш шеъри нимоӣ, шеъри нав ва манзумаю достонҳо кам нестанд. Вале асосан дар қолабҳои суннатӣ ва маъмулӣ: ғазал, тарона, рубоиву дубайтӣ ва чаҳорпора, вазнҳои хушу равон, қофияву радифҳои дурусту маъмул шеър мегӯяд ва хуб ҳам мегӯянд» [121, 3].
Хулоса, шеърҳои лирикии Ҳақназар Ғоиб аксар дар шакли ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, суруд ва бадеҳа гуфта шудаанд, муҳаббати бепоёни қаҳрамони лирикиро ба ёру диёр, зебоиҳои кишвар ва фаслҳои сол инъикос менамоянд. Ва дар ҳақиқат, равонию хушбаёнӣ, мутаассирию серширагии назми мардумиро ба хотир меоранд, ки ҳатто бо як шунидан дар хотирҳо нақш мебанданд. Ҳар як ғазалу рубоӣ ва дубайтии шоир ба кас ғизои маънавӣ мебахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор