Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар панд, ки мо дар боло ҳамчун мисол истифода бурдем, калимаҳои раҳ ба раҳ ва такягаҳ ҳамқофия омадаанд. Шакли қофиябандии чунин байтҳо ба тарзи қофиябандии ғазалу қасида ва рубоиву дубайтӣ, қитъа ба сурати аа, ба, ва, га ва ғайра қофиябандӣ шудааст. Дар ин байтҳо, ки дар баҳри ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи мақсур суруда шудааст, «ҳ» охирин ҳарфи решагии калима буда, ба вазифаи равӣ омадаст. Равӣ аз решаи калимаи ривоъ гирифта шуда, ресмонеро мегӯянд, ки ба он бори уштурро банданд [108, 106]. Дар илми қофия охирин ҳарфи решагии калимаи қофияшаванда равӣ номида мешавад.

Ту аз барои кӯдакон рангин кунӣ боғи сухан ,

Ман бо нигоҳи тифлакон аз хеш мерезам гунаҳ [10, 61].

Мустафъилун / мафоилун / мустафъилун / фаъилатун

Қофия дар адабиёти форсу тоҷик аз воситаҳои асосии шакли шеърӣ буда, вобаста ба тарзи қофиябандӣ навъҳои шеърро ҷудо мекунад. Гоҳе дар ҳар як мисраи шеър ду қофия меояд, ки онро зуқофиятайн меноманд, чунин шакли қофия дар эҷодиёти Ҳақназар Ғоиб хеле зиёд ба назар мерасад:

Модар, модар чароғи шомафрӯзам,

Ғамхораму ғамгусораму дилсӯзам [10, 151].

Дар ин байт калимаҳои «шомафрӯзам» ва «дилсӯзам» ба вазифаи қофия омадаанд. Сабаби ҳамқофия омадани ин ду калима якхела будани ҳарфҳои охири ҳар ду калима («рӯзам» ва «сӯзам») мебошад. Баъзан шоирон барои қофия сохтан аз калимаи қофияшаванда ё ҳарферо кам мекунанд ё ба он ҳарферо илова менамоянд. Мақсади чунин илова ё хориҷ кардан он аст, ки калимаи қофияшаванда ба ҳам мувофиқ шаванд. Дар маҷмӯаҳои ашъори Ҳақназар Ғоиб низ ба чунин байтҳо зиёд дучор омадан мумкин аст. Мисол:

Аз ишқ будаст раҳи паймудаи ман,

З – ин ранҷ будаст сари осудаи ман.

Бикшуд дари ҳазор манзил ба раҳам,

Дар ишқ бимонд дари накшудаи ман [10, 154]

Вазни ин рубоӣ ҳазаҷи мусаммани ахраби мақбузи маҷбуб буда, калимаҳои «паймудаи», «осудаи» ва «накшудаи» қофия мебошанд. Шоир барои вазни рубоӣ дуруст шудану қофия мувофиқ омадан аз калимаи аввали мисраи дуюм як ҳарфро кам кардааст. Чунин тарзи қофиясозиро дар илми қофия уюби ғайримулаққаба меноманд.

пешина
аз 114
навбатӣ