Зеҳн
Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. Қаюмова Д.Ғ.Таснифоти жанрии осори Сорбон /Д.Ғ.Қаюмова/ «Сунъи беҳин»: маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба 60-солагии дотсент Савринисо Ғанизода. – Хуҷанд: Ношир, 2017. – С. 264-279.

  2. Қаюмова Д.Ғ. Баррасиҳо доир ба вижагиҳои жанрии повест /Д.Ғ.Қаюмова/ «Асрори сухан»: маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба 100солагии профессор Воҳид Асрорӣ. – Хуҷанд: Ношир, 2017. – С. 313- 319.

АННОТАТСИЯИ

таҳқиқоти диссертатсионии унвонҷӯ Қаюмова Дилбар Ғафуровна дар мавзӯи «Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон»

барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ
аз рӯи ихтисоси 10.01.01 – Адабиёти тоҷик

Рисолаи илмии Қаюмова Д. Ғ. ба омӯзиши хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон бахшида шуда, ҳамзамон масоили ташаккули шахсияти эҷодии адиб ва назари муҳаққиқон ба осори ӯ, мавқеи мактаби адабии замон дар рушди шахсияти эҷодии вай, таснифоти жанрии осори суханвар, муаммои характер ва тасвири олами ботинии қаҳрамон, рӯҳи замон ва ҳофизаи таърихӣ, нақши ровӣ ва афсонапардозӣ, мавқеи руҷӯъҳои лирикию унсурҳои композитсия ва чанд ҷанбаи ҳунарии таълифоти бадеии Сорбон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар таҳқиқот сайри мухтасар дар насри муосири тоҷик ва шарҳи масъалаҳои меҳварии он сурат гирифта, умумияту тафовути нишонаҳои муҳтаво ва сохтори ҳикояҳои Сорбон аз адибони дигар низ омӯхта шудааст.

Ҳамзамон падидаҳои аслии насри ибтидои солҳои 60-уми асри XX ва равиши истиқболи адиб аз навҷӯиву навгӯиҳои суханварони давр тадқиқ шудааст. Дар рисола ҷойгоҳи Сорбон дар насри муосири тоҷик ва баҳои мунаққидону адабиётшиносон ба мазмуну мундариҷа, мавзӯъ, забону тарзи баён, сабку услуб, сужету композитсия, характеру симои образҳои ҳикояву повестҳои нависанда мавриди пажӯҳиши амиқ қарор гирифтааст.

Дар диссертатсия аввалини маротиба ба таври мукаммал осори Сорбон аз назари мавзӯъ, мундариҷа ва ҷанбаҳои ҳунарӣ, вижагиҳои ҳикояву повестҳои адиб, тозакориҳои ӯ дар офаридани образҳои барҷаста, тасвири зиндагонии мардуми кӯҳистон дар даврони гуногуни таърих дар заминаи асару мақолаҳои илмии адабиётшиносон ҳамаҷониба баррасӣ гардидааст.

Таҳқиқот фарогири сабки нигориши Сорбон, чун тафсири бадеии амиқи характери персонажҳо, психологизми мукаммали ҷаҳоншиносии одамон, масъалаҳои рӯҳи замон, ҳофизаи таърихӣ, усули корбурди калимаҳои нобу нодир, истифодаи санъатҳои бадеӣ, таъбироти мардумӣ, нақши ровӣ ва равиши афсонапардозӣ, мавқеи унсурҳои композитсияи асари бадеӣ ва дигар паҳлӯҳои поэтикии осори Сорбон мебошад.

Дар маҷмӯъ, дар кори диссертатсионӣ тамоми паҳлӯҳои эҷодию ҳунарии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон таҳқиқ гардидааст.

пешина
аз 24