Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Сухангӯи пешина донои Тӯс,
Ки орост рӯи сухан чун арӯс…,2

аммо симои Искандар дар достони ӯ дар муқобили рӯҳи миллӣ қарор дорад, зеро вай дар баробари нигоҳ доштани адолати иҷтимоӣ, эътиқоди эрониёнро поймолу ҳуқуқашонро нақз менамояд, оташкадаҳоро месӯзонад, пайравони дини зардуштиро таъқиб мекунад ва аз байн мебарад:

Сикандар бифармуд, к-эрониён
Кушоянд аз оташпарастӣ миён.
Ҳамон дини деринро нав кунанд,
Гароиш сӯи дини Хусрав кунанд.
Муғонро ба оташ супоранд рахт,
Бар оташкада кор гиранд сахт.
Сикандар чу кард он биноҳо хароб,
Равон кард ганҷе чу дарёи об.
Чунон дод фармон шаҳи некрой,
Ки расми муғон кас наёрад ҷой.
Ҳама нақши найрангро пора кард,
Муғонро зи бутхона овора кард.
Фусунномаи Зандро пора кунанд
Вагарна, ба зиндон дафтар кунанд.
Ба ҳар ҷо, ки оташе дид, чуст,
Ҳам оташ фурӯ гашту ҳам Занд шуст.3

Албатта, дар асри Ҷомӣ, яъне асри 15 низ суннати достонсароӣ идома дошт ва шоирон дар пайравии достонҳои Дақиқӣ, Фахруддини Гургонӣ, Низомӣ ва Хусрави Деҳлавӣ достонҳои хешро менавиштанд. Хусусан, дар ин ҳангом, пеш аз ҳама, суннати ҷавобгӯӣ ба «Хамсатайн» хеле авҷ гирифта буд. Ба «Шоҳнома» низ ҷавоб мегуфтанд, аммо ба андешаи устод Аълохон Афсаҳзод, «дар ин бобат пайравӣ ба «Шоҳнома» фарқ дорад. Ҳангоми пайравӣ ба достонҳои «Хамса», «Ҳадиқа», «Бӯстон», «Маснавии маънавӣ» ва монанди онҳо мазмун, вазн, тарҳ ва ғояи асари татаббӯъшаванда нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҷавобгӯӣ ба «Шоҳнома» ин ҳодиса ба назар намерасад. Мазмуни қиссаҳои «Шоҳнома»-ро касе аз нав ба риштаи назм намекашад. Шоирони муқаллид танҳо вазни «Шоҳнома»-ро гирифта, оҳанги ҳамосавӣ ва қаҳрамонии онро тақлид мекунанд. Достони Хусрав, Баҳроми Гӯр ва Искандар, ки дар «Шоҳнома» низ мавҷуданд, дар пайравии Низомӣ суруда мешаванд. Ба ҳамин тариқ, шоирони зиёде вақоеъномаҳои ҳокимони муосиронаш ва аҷдоди онҳоро дар вазн ва шеваи «Шоҳнома» ба риштаи назм кашидаанд. Чунинанд достонҳои Озарӣ «Баҳманнома», оид ба салотини Баҳмании Ҳинд, Мирзо Қосими Гунбодӣ «Шоҳрухнома» (5 ҳазор байт), Абусамад дар таърихи футӯҳоти султон Абӯсаид, Масъуди Туркмани Қумӣ, дар таърихи салтанати Ҳусайни Бойқаро, Ҳотифӣ «Темурнома», Мирали Муаллои Тӯсӣ (соли тав. 1474) «Ҳунқарнома», ки таърихи манзуми султон Муҳаммади Фотеҳ аст, Кошифӣ «Ғазономаи Рум», ки низ вақоеъномаи манзуми лашкаркашиҳои ин султони Осиёи Сағир аст, Шодӣ «Фатҳнома», Адоӣ «Салимнома», оид ба ҷангҳои султон Салим ва ғайра. Маснавиҳои Низоми Муаммоии Астарабодӣ «Саодатнома», роҷеъ ба зиндагӣ ва ҳарбу зарбҳои Муҳаммадпайғамбар ва достони мазҳабии Ибни Ҳумоми Шерозӣ «Шаҳодатнома», дар нақли воқеаҳои Карбало низ рӯҳияи ҳамосавӣ доранд.

пешина
аз 86
навбатӣ