Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Дарахте, ки талх аст ӯро сиришт,
Гараш барнишонӣ ба боғи биҳишт.
В-ар аз ҷӯи хулдаш ба ҳангоми об
Ба бех ангубин резию шаҳди ноб,
Саранҷом гавҳар ба бор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад,6
ки барои имтиҳони Ҳотифӣ ва санҷидани қудраташ барои «Хамса»-нависӣ ба ӯ пешниҳод карда буд, бармало мебинем. Аммо маълумоти муфассале, ки дар равзаи ҳафтуми «Баҳористон» омадааст, низ ҳокӣ ва ҳовӣ аз огоҳии Ҷомӣ аз шахсияти Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и вай метавонад буда бошад: «Вай аз Тӯс аст ва фазлу камолоти вай зоҳир. Касеро, ки чун «Шоҳнома» назме бувад, чӣ ҳоҷат ба мадҳу таърифи дигарон?! Мегӯянд, ки вай ба даҳқанат машғул мебуд. Бар вай тааддӣ рафт. Ба қасди тазаллум рӯ ба Ғазнин, ки тахтгоҳи султон Маҳмуд буд, овард. Чун ба он ҷо расид ва бар боғистони он ҷо мегузашт, дид, ки се кас нишастаанду ба муошара иштиғоли тамом доранд. Донист, ки аз мулозимони султонанд. Бо худ гуфт: «Пеши эшон раваму аз эшон кайфияти ҳол маълум кунам». Чун наздики эшон расид, аз вай мутавахҳиш шуданду гуфтанд: Маҷлиси моро мунағғас хоҳад сохт. Ҳеҷ беҳ аз он нест, ки чун биёяд, гӯем: «мо шоирони подшоҳем ва бо ғайри шоирон сӯҳбат намедорем ва се мисраъ бигӯем, ки робеъ надошта бошад. Пас гӯем: ҳар кас мисраи робеъ бигӯяд, бо ӯ сӯҳбат медорем ва агар не, моро маъзур дорад».
Чун ба эшон расид, он чӣ ба худ мухаммар сохта буданд, бо вай бигуфтанд. Гуфт:
-Он мисраъҳо, ки гуфтаед, бихонед,
Унсурӣ гуфт:
-Чун орази ту моҳ набошад равшан,
Фаррӯхӣ гуфт:
-Ҳамранги рухат гул набувад дар гулшан.
Асҷадӣ гуфт:
-Мижгон-т гузар ҳаме кунад аз ҷавшан.
Чун Фирдавсӣ ин мисроъ бишунид, бадеҳатан гуфт (мисроъ):
-Монанди синони Гев дар ҷанги Пашан.
Эшон аз он мутааҷҷиб шуданд ва аз қиссаи Геву Пашан истифсор намуданд. Онро машрӯҳ бозгуфт. Баъд аз он ба маҷлиси султон афтод ва мақбули назари вай шуд. Ва вайро гуфт:
-Маҷлиси моро фирдавс сохтӣ! Ва бад-он сабаб Фирдавсӣ тахаллус кард. Ва чун чанд моҳ баромад, ба назми «Шоҳнома» маъмур шуд. Ҳазор байт бигуфту пеши султон овард. Таҳсинҳо ёфт ва ҳазор динори зари сурхаш инъом фармуд. Пас, дар муддати сӣ сол «Шоҳнома»-ро тамом сохту пеши султон овард ва ба дастури он чӣ пештар воқеъ шуда буд, дар муқобили ҳар байте як динор зари сурх таваққӯъ медошт. Ҳосидон хавз карданду гуфтанд: «Шоиреро чӣ қадри он, ки вайро бад-ин қадар ато сарфароз гардонанд». Ва силаи вайро ба шаст ҳазор дирам қарор доданд. Фирдавсӣ аз он маънӣ биранҷид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор