Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Девонҳои Ҷомӣ (3-то) аз ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа, тарҷеъбанду таркиббанд, мураббаъ ва маснавиҳои кӯтоҳ иборат мебошанд. Аммо дар ин девонҳо ғазал дар ҷои аввал қарор дорад. Ба қавли худи шоир:

Ҳаст девони шеъри ман аксар
Ғазали ошиқони шайдоӣ.
Ё фунуни насоеҳ асту ҳикам
Мунбаис аз шууру доноӣ.
Зикри дунон наёбӣ андар вай,
К-он бувад нақди умрфарсоӣ.
Мадҳи шоҳон дар ӯ ба истидъост,
На зи хушхотирию хушроӣ.
Имтиҳонро агар зи сар то пош
Барравӣ сад раҳу фуруд оӣ,
З-он мадоеҳ ба хотират нарасад,
Маънии ҳирсу озпаймоӣ.
Ҳеҷ ҷо набвад он мадоеҳро
Дар ақиб қитъаи тақозоӣ.3

«Ҳафт авранг»-ро, ки аз достону маснавиҳо иборат аст, Ҷомӣ дар ғуруби умраш эҷод кардааст. Ӯ дар ин маснавию достонҳояш ба Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саноӣ, Аттор, Мавлавӣ, Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Авҳадии Мароғаӣ ва дигар достонсароёну маснавигӯёни маъруфи гузашта пайравию такя намудааст. Аммо он асосан ҷавоб ба «Хамса»-и Низомист, ки панҷ достонро фаро мегирад: «Махзан-ул-асрор», «Хусрав ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Ҳафт пайкар», «Искандарнома». Ҷомӣ ба он ду асари дигарро илова менамояд ва бад-ин тартиб миқдори онро ба ҳафт мерасонад: «Силсилат-уз-заҳаб», «Саломон ва Абсол», «Тӯҳфат-ул-аҳрор», «Субҳат-ул-аброр», «Юсуф ва Зулайхо», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хирадномаи Искандарӣ». Худи шоир дар бораи «Ҳафт авранг» ном гирифтани маснавиҳояш чунин мегӯяд: «Ва чун ин маснавиёти ҳафтгона ба манзилаи ҳафт бародаронанд, ки аз пушти падари хомаи воситиниҳод ва шиками давоти чининажод ба саодати валодат расиданд ва аз матмураи ғайб ба маъмураи шаҳодат расида, мешояд, ки ба «Ҳафт авранг», ки дар луғати Пурси қадим иборат аст аз Ҳафт бародарон, ки ҳафт кавкабанд дар ҷиҳати шимол зоҳир ва бар ҳаволии қутби шимолӣ, доир, номзад шаванд. Рубоӣ:

Ин ҳафт сафина дар сухан якранганд
В-ин ҳафт хазина дар гуҳар ҳамсанганд.
Чун Ҳафт бародарон бар ин чархи баланд
Номӣ шуда дар замин ба «Ҳафт авранг»-анд».4

«Баҳористон», ки аз ҳашт равза иборат мебошад, асари панду ахлоқӣ буд, дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ навишта шудааст. Ҷомӣ дар ин асараш, ки ба фарзандаш Зиёуддин бахшида шудааст, ба бани башар дарси садоқату вафодорӣ, одамият ва шинохти ҳаёт медиҳад. Ҳамаи ҳикоятҳои он дилпазиру зебо ва дастурдиҳандаву ибратомӯзанд. Бинобар ин, шоир барҳақ даъват ба амал меорад, ки ба ин гулистони сухан ва баҳористони фикру андеша ворид бишаванд, аз дурдонаҳои қиматбаҳои он бархурдор гарданд ва пандҳои ҷовидонаи онро овезаи гӯшу ҳуши хештан бинамоянд:

пешина
аз 86
навбатӣ