Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Зимнан бояд гуфт, ки роҷеъ ба муносибати Хусраву Ҷомӣ дар адабиётшиносии тоҷик Муҳаммадвафо Бақоев ва Аълохон Афсаҳзод мақолаҳои алоҳида навиштаанд, аммо дар бораи муносибати Ҳасан бо Ҷомӣ ҳанӯз тадқиқоте сурат нагирифтааст. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, ки оид ба муносибати Ҷомӣ ба Ҳасан, ки аз ғазалсароёни маъруфи муосири Хусрави Деҳлавӣ мебошад, чанд сухан бигӯем ва бад-ин тартиб дараҷаи таассур ва нуқтаи назари ӯро дар бораи Ҳасани Деҳлавӣ равшан бинамоем. Мо ибтидо ба маълумоти Ҷомӣ роҷеъ ба Ҳасани Деҳлавӣ, ки дар «Баҳористон», «Нафаҳот-ул-унс» овардааст, рӯ меорем. Воқеан, ӯ дар равзаи ҳафтуми «Баҳористон» ҳунари ғазалсароӣ, тарзи хуби калом, дар қофияҳои тангу радифҳои ғариб ва баҳрҳои дилпазир, ки вижаи ғазал аст, сухан гуфтани Ҳасанро таъкид ва таъйид намуда, дар айни замон саҳли мумтанеъ будани осорашро низ фурӯгузор наменамояд. Инак, сухани Ҷомӣ дар бораи Ҳасан, ки дар равзаи ҳафтуми «Баҳористон» мундариҷ шудааст: «Вайро дар ғазал тариқе хуб аст. Аксар қофияҳои тангу радифҳои ғариб ва баҳрҳои хушоянда, ки асл дар шеър, хосса дар ғазал мулоҳазаи инҳост, ихтиёр кардааст. Лоҷарам, аз иҷтимои онҳо шеъри вайро ҳолате ҳосил омадааст, агарчи ба ҳасаби бодиназар осон менамояд, аммо дар гуфтан душвор аст. Ва лиҳозо, ашъори вайро «саҳли мумтанеъ» гуфтаанд. Муосири Хусрав будааст ва бо якдигар сӯҳбат медоштаанд ва мубосатот мекардаанд. Чунончи, Ҳасан мегӯяд:
Хусрав аз роҳи карам бипзирад
Он чи ман-банда, Ҳасан, мегӯям.
Суханам чун сухани Хусрав нест,
Сухан ин аст, ки ман мегӯям».5
Аммо ин суханонро мо аз «Нафаҳот-ул-унс»-и шоир иқтибос менамоем, ки бо истинод аз «Таърихи Ҳинд» сурат гирифта ва дар он аз муридони Низомиддин Авлиё будани ӯ, ахлоқу одоб, маноати нафсу алоқааш ба ирфону тариқати сӯфия ва ширингуфторияш дар маҷолиси сӯфия ва робитаи хеле наздики муаллифи китоби «Таърихи Ҳинд» бо Хусраву Ҳасан, суханони Шайх Низомиддинро бо номи «Фавоид-ул-фувод» дар чандин муҷаллад фароҳам овардани ӯ ва амсоли ин маълумоти муфид медиҳад. Аз ҷумла, ӯ мегӯяд: «Лақаб ва кунияти вай Наҷмиддин Ҳасан ибни Алоуссиҷзӣ аст. Вай котиб ва муриди Шайхи Низомиддин Авлиё буда, ба авсофу ахлоқи марзия муттасиф будааст. Соҳиби «Таърихи Ҳинд» мегӯяд, ки дар макорами ахлоқу латофат ва зарофати маҷолису истиқомати ақл ва равиши сӯфия ва лузуми қаноату эътиқод покиза ва дар таҷарруду тафарруд аз алоиқи дунявӣ ва дар хуш будану хуш гузаронидан бе асбоби суварӣ ҳамчу ӯе камтар дидаам ва чунон ширинмаҷлис буд…, он чи ки аз маҷлисати вай меёфтам, аз маҷолисати ҳеҷ кас намеёфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор