Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Бояд гуфт, ки агарчи Ҳасан ба сурудани достон низ иқдом намуда ва достони на чандон калоне ба исми «Ишқнома», ки 606 байтро фаро мегирад, иншо намудааст, аммо вай асосан шоири ғазалгӯст ва бо ғазалиёташ машҳур аст. Аммо Ҷомӣ на фақат дар ғазалгӯӣ, балки дар достонсароӣ низ яди байзо дорад. Дар ин замина «Ҳафт авранг»-и ӯ, ки дар пайравии Низомию Хусрав эҷод шудааст, хеле мумтоз мебошад. Маълум нест, ки ӯ ба «Ишқнома»-и Ҳасан ошно будааст ё не, аммо, ба ҳар ҳол, ӯ дар достонҳояш, аз ҷумла достони «Субҳат-ул-аброр», зимни зикри Фирдавсӣ, Низомӣ, Хоқонӣ, Анварӣ, Заҳир, Камоли Исфаҳонӣ, Камоли Хуҷандӣ, аз Хусраву Ҳасан низ ба унвони «ду тӯтии Ҳинд», ки эшон бо ҳамин ном машҳуранд, ёд мекунад, ки ин, албатта, аз ишқу алоқааш ба ин шоирон, яъне Хусраву Ҳасан ва мақоми шомихи онҳо дар густураи шеъри форсии тоҷикӣ дарак медиҳад:

Ҷомӣ, ин пардасароӣ то чанд?
Чун ҷарас ҳарзадароӣ то чанд?..
Бин, ки чун исми аҷалро қавсӣ
Кард гардун зи паи Фирдавсӣ.
Бо диле шақшуда чун хонаи хеш,
Монда сарзер зи «Шаҳнома»-и хеш.
Нозими Ганҷа Низомӣ, ки ба ранҷ
Адади ганҷ расонид ба панҷ.
Рӯзи охир, ки аз ин маҷлис рафт,
Ганҷҳо дода зи каф, муфлис рафт.
Гарчи мерафт ба сеҳрафшонӣ,
Ба фалак дабдабаи Хоқонӣ,
Гашт помоли ҳаводис дабааш,
Бесадо шуд чу даба дабдабааш.
Анварӣ куву дили анвари ӯ,
Ҳикмати шеъри хирадпарвари ӯ?
Ку Заҳир, он ки чу Хизр оби ҳаёт
Килки ӯ дошт равон дар зулумот?
Ҳар камолеро, ки Сипоҳонӣ дошт,
Ки ба каф теғи суханронӣ дошт.
Шуд аз ин доираи дайри масир,
Охируламр, ҳама нуқспазир.
Кард ҳарфе, ки рақамзад Саъдӣ,
Бар рухи шоҳиди маънӣ ҷаъде.
Сарсари қаҳр чу шуд ҳодисазой,
Омад он ҷаъди муанбар дар пой.
Ҳофиз аз назми баландовоза
Сохт оини суханро тоза.
Лек рӯзу шабаш аз песакаманд
З-он баландӣ суи пастӣ афканд.
Пухт аз даври маҳу гардиши сол
Меваи боғи Хуҷандӣ ба Камол.
Лек боди аҷал он меваи пок
Рехт дар хиттаи Шероз ба хок.

Он ду тӯтӣ, ки ба навхезишон
Буд дар Ҳинд шакаррезишон,
Оқибат сухраи афлок шуданд,
Хомӯшони қафаси хок шуданд.
Гом бикшо, ки шигарфон рафтанд,
Як ба як нодираҳарфон рафтанд…14

пешина
аз 86
навбатӣ