Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба кӯи узлатам вайронае ҳаст,
Зи нақди вақт дарвешонае ҳаст.
Ба дастам, то зи ҳастӣ даст шӯям,
Зи хумми нестӣ паймонае ҳаст.
Макун дурам, ки дорад завқи дигар,
Ба гирди шамъ чун парвонае ҳаст.
Чу бар девонагон меяфганӣ санг,
Намегӯӣ, маро девонае ҳаст?!
Чӣ хӯй аст, ин ки сӯи ошноён
Наёрӣ рӯй, то бегонае ҳаст?!
Агар хона набошад хуб, ғам нест,
Чу аз хубон туро ҳамхонае ҳаст.
Махӯр, Ҷомӣ, фиреби субҳахонон,
Ки доме ҳаст, ҳар ҷо донае ҳаст!18

Албатта, пайравӣ аз Ҳасан дар адабиёти асри 15 танҳо ба Ҷомӣ ихтисос намегирад, балки дар эҷодиёти дигар ҳамзамонони ӯ, аз ҷумла Навоӣ, Ҳилолӣ, Биноӣ ва дигарон низ ба мушоҳида мерасад. Чунончи:

Хусраву Ҳофиз туро Фонӣ, агар ҳодиянд,
Пайравии Ҷомиат ҳаст ба ваҷҳи Ҳасан.19


Фонӣ, аз ҷон шуд Ҳасанро бандае беҳ з-он, ки гуфт:
«Эй мунаввар гашта рӯи Офтоб аз рӯи ту».20
Фонӣ
Ҳилолӣ аз камоли шеър дорад мансаби шоҳӣ,
Ки сӯзи Хусрав асту нозукиҳои Ҳасан бо ӯ.21
Ҳилолӣ
Биноӣ мешавад охир баландовоза чун Хусрав,
Ки дар таври ғазал тарзи Ҳасан меоварад берун.22
Биноӣ

Зимнан бояд гуфт, ки Ҳасан ва шеъраш, тавре ки Давлатшоҳи Самарқандӣ низ дар тазкирааш овардааст ва мо онро дар боло иқтибос кардем, дар асри Ҷомӣ, яъне асри 15, дар Хуросон аз шӯҳрати хеле зиёд бархурдор будааст. Аз ин рӯ, аҳли адаб на фақат шеърашро, ки хушоҳангу мусиқидор аст, мавриди пайравӣ қарор медоданд, балки ба оҳанг даровардаву дар маҳфилҳо замзама ҳам мекарданд. Дар ин бора маълумоте, ки Навоӣ дар «Хамсат-ул-мутаҳайирин» медиҳад, хеле ҷолиб мебошад: «Шабе дар маҷлиси як шахси бузургвор ба хидмати ҷамоати азизон афтодам. Мутаҳҳари Удӣ, ки дар хушнавозӣ падари Зӯҳра ва дар хушхонӣ фарзанди рӯҳафзои он шуда метавонад, дар вақти тағаннӣ як шеъри Хоҷа Ҳасани Деҳлавӣ: «Зиҳӣ дарунаи дилро замон-замон ба ту майле»-ро мехонд, то ба ин байт расид:

Мисоли қатраи борон сиришки ман ҳама дур шуд
Чунин асар диҳад, оре, тулӯи чун ту Суҳайле!

Аҳли маҷлис одамони муътабари хуштабъ буданд ва мири маҷлис ҳам хуштабъу подшоҳнишон. Баъзе аз рӯи эътироз ва баъзе аз рӯи танбеҳ ба муғаннӣ гуфтанд, ки «сиришки ман ҳама дур шуд» нахон, ба ҷои «ҳама дур шуд» бояд «ҳама хун шуд» хонд, ки «дур шуд» маънӣ надорад.

пешина
аз 86
навбатӣ