Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Фазли Ҷомӣ, бас ин қадар, ки кунад
Хӯшачинӣ зи хирмани фузало.8
Дар ҳақиқат, яке аз роҳҳои парвариши завқу истеъдоду қареҳаи адабӣ аз қадимтарин замонҳо мутолиаи осори гузаштагон, назира гуфтан, пайравию истиқбол ва нуктаомӯзию ҳифзи ашъори эшон будааст. Ҷомӣ дар ин боб дар асри худ саромад аст ва мо касеро суроғ надорем, ки ба ин ҳад ба осори гузаштагон таваҷҷӯҳ зоҳир кардаву баҳрабардорӣ намуда бошад. Бинобар ин, таассури Ҷомӣ аз адибони пешин як масъалаи муҳим ва қобили баррасӣ то имрӯз боқӣ мемонад. Албатта, муҳаққиқону донишмандон доир ба муносибати Ҷомӣ бо пешиниён дар асарҳояшон на танҳо ба таври мухтасар ишораву изҳори ақида кардаанд, балки мақолот ва фаслу бобҳои алоҳида низ навиштаанд. Дар ин замина метавон аз мақолаҳои Аълохон Афсаҳзод-«Ҷомӣ ва ғазалнависони пешин»9, «Ҳофиз ва Ҷомӣ»10, «Муҳаммадвафо Бақоев-«Ҷомӣ ва Хусрав»11, Абдунабӣ Сатторзода-«Ҷомӣ ва саромадон»12 ва ғайра ном бурд. Аммо дар ин замина боз ҳам ҷои сухан гуфтан дар миён аст, зеро ин навиштаҳо ва нигоришоти дигар асосан муносибати Ҷомиро бо шоироне чун Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол ва чанд тани дигар фаро мегиранду бас. Аммо доир ба муносибати Ҷомӣ бо Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Саноӣ, Аттор, Низомӣ, Камоли Исмоил, Мавлавӣ ва ҳамрӯзгорони ӯ- Исмати Бухороӣ, Котибӣ, Фаттоҳии Нишопурӣ, Шоҳ Қосими Анвор, Амиршоҳии Сабзаворӣ, Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ва дигарон то ҳол мақолаву пажӯҳишоти алоҳида нашудааст. Бояд дар ин росто пажӯҳишро идома дод, зеро барои шинохти як шоир, арзиши кору осор ва фаҳму дарки каломаш ночор аз таъсирпазирӣ ва таъсиргузориаш воқиф будан хеле муҳим ва зарур мебошад.
Дар бораи таъсиргузории Ҷомӣ, ки аз замони зиндагиаш шурӯъ шудаву то имрӯз идома дорад, ҳоҷати сухан нест, чунки дар тӯли зиёда аз 600 сол дар адабиёти мо қариб шоире нест, ки аз вай таъсир напазируфта бошад. Таъсири каломи ӯ ба шоироне чун Навоӣ, Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Биноӣ, Ҳилолӣ, Дарвеши Деҳакӣ, Мактабии Шерозӣ, Аҳлии Шерозӣ, Абдибеки Шерозӣ, Ҳайдари Ҳиравӣ, Сарфии Кашмирӣ, Муҳташами Кошонӣ, Қудсии Машҳадӣ, Ғазолии Машҳадӣ, Назирии Нишопурӣ, Урфии Шерозӣ, Мушфиқӣ, Нахлии Бухороӣ, Шавкати Бухороӣ, Нозими Ҳиротӣ, Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Соиби Исфаҳонӣ, Фасеҳии Ҳиротӣ, Файзии Даканӣ, Носиралии Сарҳиндӣ, Сайидо, Шоҳин, Иқбол, Халилӣ, Айнӣ, Турсунзода, Лоиқ ва дигарон бармалост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор