Зеҳн
АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.

зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Таҳсилот

НОМГӮИ ИХТИСОРАҲО

ИМ – индекси мушкилот

ТФ- таҳсилоти фосилав

ЗБО - забони барномасозии объектгаро.

ЗЭТ - захираҳои электронии таълимй.

ИМА - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

КТМ - комплекси таълимию методӣ.

ММТ - Маркази миллии тестӣ.

МТ - муассисаи таълимӣ.

МТОК - муассисаи таҳсилотӣ

НИИ - низоми иттилоотии идоракунӣ.

НТФ - низоми таҳсилоти фосилавӣ.

ОЗ- омӯзиши озод

СДТ - стандарта давлатии таълимӣ.

ТИ - технологияи иттилооти.

ТИК - технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ.

ТОК - таҳсилоти олии касбӣ.

ТТФ - технологияҳои таҳсилоти фосилавӣ.

ҶТ - Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ШФТ - шакли фосилавии таҳсил.

ADL - Advanced distributed learning.

LCMS - Learning content management system.

MOOC - Massive open online courses.

SCORM - Sharable content object reference reference model.

Moodle-Modular Object-Oriented Dynamic Learning Environment

МУҚАДДИМА

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.

Дар шароити муосир мафҳуми таҳсилоти фосилавӣ бояд дар доираи ниҳоят васеи барномаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор гирад, ки яке аз он курсҳои бозомӯзии омӯзгорон, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, гирифтани вазифа ва пешниҳод намудани супоришҳо бе кандашавӣ аз фаъолияти истеҳсолӣ рӯй медиҳад.

Баҳри таъмини ҳамкории самараноки донишҷӯ ва омӯзгор дар таҳсилоти фосилавӣ як қатор дастгоҳу таҷҳизотҳо заруранд, ки ба он барномаҳои интерактивии компюторӣ, Интернет, почтаи электронӣ, телефон, факс ва почтаи оддӣ муҳим мебошад. Дар шароити муосир дар Тоҷикистон таҳсилоти фосилавӣ бо қулайӣ ва устувории хеш ниҳоят машҳур гардида истодааст. Вай монеаҳоро барои гирифтани маълумоти касбӣ бартараф намуда, барои одамони ба фаъолияти меҳнатӣ банд буда, шароити мусоидро таъмин менамояд, ки аз мубрамияти ин шакли таҳсилот гувоҳи медиҳад.

Дар Тоҷикистон мубрамияти ин шакли таълимро ба инобат гирифта қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз

04.01.2017 оид ба татбиқи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба имзо расид. Ҳоло бошад дар ин самт корҳои зиёде сомон бахшида шуда, базаи моддӣ техники он рушд меёбад.

Низоми ҷаҳонии таҳсилоти фосилавӣ ба он даъват карда мешавад, ки оммаи васеи хоҳишмандон баҳри васеъ гардонидани дониш, маҳорат ва малакаи касбӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, ба монанди телевизион ва4 радио фаро гирифта шаванд. Низоми нави таълимӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки корҳои мустақилонаро иҷро намоянд, бо устодон робитаи баргарданда барқарор намоянд, курсро барқарор ва навсозӣ намоянд.

Дар шароити муосир омили баланд бардоштани рақобатпазирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар бозори таҳсилоти фосилавӣ муҳиммияти хосса пайдо намудааст, ки мақсади он навсозии дастурҳои методӣ ва паст гардонидани хароҷоти таълим мебошад. Таҳсилоти фосилавӣ на танҳо шакли куҳнаи таълимро иваз менамояд, балки намунаи наве мебошад, ки навсозии бетанафусро таъмин намуда, дар фард тез ба даст овардани ахбор, коркад намудан ва дар амал татбиқ сохтани онро ёд медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон қайд намуданд, ки яке аз тамоюлҳои мусбати маориф дар раванди таълим истифода намудани технологияҳои навтарини таҳсилоти фосилавӣ дар фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар назди низоми таҳсилоти муосир вазифа гузошта шудааст, ки шахси эҷодкорро ба воя расонида, бештар ба инкишофи тафаккур, ташаккули маҳорат ва малакаҳои тадқиқотӣ, кор карда тавонистан бо технологияҳои муосири иттилоотӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.

Дараҷаи таҳқиқи мавзуи илмӣ. Дар таърихи илми педагогикаи ватанӣ ва хориҷи номи садҳо муҳақиқонро мисол овардан мумкин аст, ки ба масъалаи роҳандозии низоми фосилавӣ дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Дар соҳаи таҳсилоти фосилавӣ таҳқиқотҳои ибтидоиро дар дунёи қадим Платон ва Аристотел гузаронида буданд, кори онҳоро таҳқиқотҳои классикии Ж.-Ж. Руссо, Г. Гегел, И. Кант, Г. Спенсер, Э. Дюркгейм, П.

Сорокин ва дигарон давом доданд.

Масъалаҳои умуминазариявии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, предмети омӯзиши олимони ватанӣ ва хориҷӣ: Б. М. Бид-Бад, А. И.

Субетто, Л. Г. Можаева, В. А. Садовничев, К. Г. Барбакова, О. М. Барбаков, Б.С. Гершунский, В. И. Бакштановскоий, В. В. Майер, А. Н. Силин ва ғайраҳо қарор гирифтанд.

Анъанаҳои асосии навсозии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии россия предмети омӯзиши олимон C. Л. Катанандов, В. Ю. Пашкус, Н. Ф. Наумова қарор гирифта, онҳо тавонистанд зарурияти навсозии низоми таҳсилоти олии касбиро таҳлили танқидӣ намоянд, ки барои мо дар раванди роҳандозии таҳсилоти фосилавӣ қабулшаванда мебошад.

Дар корҳои илмии хеш, Б. А. Сазонов омӯзиши мушкилоти мавҷуда, ва роҳҳои навсозии таҳсилоти олии муосирро бо талаботҳои ташаккули механизмҳои инноватсионии идоракунии ҷараён пешниҳод намуд. Оид ба масъалаи таҳсилот ҳамчун донишгоҳи иҷтимоӣ аз заҳматҳои классикии Э.

Дюркгейм, М. Вебер, Н. Спенсер васеъ истифода бурда мешавад.

Оид ба омӯзиши таъсири таҳсилоти олӣ ба муттадил гардонидани ҳаёти иҷтимоии ҷамъият дар давраҳои гуногун A.A. Бодалев, A.M. Осипов, В.М.

Розин андешаҳои ҷолиб пешниҳод намуданд

Дар рушди методикаи таҳсилоти фосилавӣ нақши муҳаққиқони ватанӣ

Файзализода. Б., Абдуллоева. Ш. А., Тавокили А. хело назаррас мебошад.

Оид ба муайян намудани моҳияти таҳсилоти фосилавӣ ва усулҳои татбиқи он, олимон: А. А. Андреев, А. А. Ахаян, А. М. Бершадский, Д. А. Богданов, А

Д. Иванников, В. П. Кашитсин, Н. Г. Кревский, М. В. Мусо, Э. С. Полат, А. Н.

Тихонова, А Ю. Уваров корҳои зиёдеро анҷом бахшиданд.

Доир ба хусусиятҳои фардиву синнусолии татбиқи таҳсилоти фосилавӣ муҳаққиқони бурунмарзӣ аз қабили Т. Р. Берлин, В. Т. Волова, В. А. Гневко, A.

И. Эршова, В. А.Каймина, А. Н. Романова ва дигарон таҳқиқот гузаронидаанд.

Махсусияти истифодаи технологияи таҳсилоти фосилавӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, аз ҷониби муҳаққиқон: С. В. Богданова, Ю. А. Владимирова,

М. В. Воронова, В. А. Гневко, Е. И. Дмитриева, Н. В. Мараховская, С. Н.

Медведева, В. Д. Ногин, В. П. Тихомирова, М. В. Маъбад ва ғайраҳо мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт.

Муҳаққиқон Файзализода Б. Ф. ва Абдуллоева Ш. А. дар самти ташкили фаъолияти таълимӣ дар шароити татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ таҳқиқоти арзишманд гузаронидаанд.

Робитаи таҳқиқот бо барномаҳо ва ё мавзуҳои илмӣ. Таҳқиқоти диссертатсионӣ дар доираи татбиқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотии шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва шуъбаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои педагогии таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мусоидат ба татбиқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз

04. 01. 2017 ва муқаррароти Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии

Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 иҷро шудааст.

ТАВСИФИ УМУМИИ ТАҲҚИҚОТ

Мақсади таҳқиқот. Аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намудани сохтор ва талаботи таҳсилоти фосилавӣ, ошкор сохтани бартарии он дар ташаккули фаъолияти мақсадноки таълимгирандагон.

Вазифаҳои таҳқиқот. Барои расидан ба мақсадҳои таҳқиқоти диссертатсионӣ ҳалли чунин вазифаҳоро зарур мешуморем:

  1. ошкор намудани анъанаҳои рушди таҳсилоти муосир, ки барои роҳандозии таҳсилоти фосилавӣ моҳиятнок мебошанд;

  2. дар асоси таҳлили низомӣ-ахборотӣ муайян намудани тақсимоти захираҳои маърифатии Тоҷикистон;

  3. муайян намудани шакл ва методҳои таълим, ки истифодаи дурусти он ташаккули маърифатӣ ва шахсиятии донишҷӯро таъмин менамояд;

  4. ошкор сохтани шароитҳои педагогӣ, ки риояи он таъминкунандаи самаранокии таҳсилоти фосилавӣ мебошад;

  5. коркарди тавсияҳо баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилоти фосилавӣ ва омодагии мутахассисони соҳибкасб.

Объекти таҳқиқот. Раванди роҳандозии таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таълимӣ зимни омӯзиши фанҳои табиӣ ва риёзӣ.

Мавзуи (предмети) таҳқиқот. Асосҳои педагогии таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли фанҳои риёзӣ- табиӣ).

Фарзияи таҳқиқот. Таълим дар муассисаи таҳсилотӣ, ки дар он таҳсилоти фосилавӣ амал менамояд, самаранок хоҳад шуд, агар:

- муайян намудани анъанаҳои рушди таҳсилоти муосир як такягоҳи асосноккунии асосҳои иҷтимоӣ ва илмию назариявии таҳсилоти фосилавӣ гардад;

- дар заминаи он низоми лоиҳавии дидактикии таълими фосилавӣ татбиқ гардад;

- татбиқи муносибатҳои системавию иттилоотӣ ба таълим, модели бисёрмарҳилаи таҳсилоти фосилавиро таъмин намояд;

- захираҳои баланд бардоштани сифати таълим, ки аз мундариҷа- мақсадҳои таълими фосилавӣ ва омилҳои он болотар меситад, муайян карда шаванд;

- истифодаи усул ва технологияҳои навтарини таълим ташаккули маърифатӣ ва рушди шахсияти хонандагонро таъмин намояд.

Марҳилаҳои таҳқиқот. Таҳқиқот дар се марҳила анҷом дода шудааст:

Марҳилаи якуми таҳқиқот (солҳои 2019-2020) – омӯзиш ва таҳлили адабиёти илмию методӣ ва психологию педагогӣ вобаста ба мавзуъ, самтгирӣ ба муайян намудани самтҳои омӯзиш ва коркарди мавзуи диссертатсияро оид ба таҳсилоти фосилавӣ дар бар мегирад.

Марҳилаи дуюм (солҳои 2020-2021) – марҳилаи баргузор намудани таҷрибаву озмоиш, гузаронидани саволномаҳо, муқоисаи методу усулҳои дигар оид ба раванди таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таълимӣ. Дар ин марҳила озмоишҳои муқарраркунандаву назоратӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои асосии диссертатсия бо рақамҳо ва далелҳои оморӣ ҷамъбаст карда шуд.

Марҳилаи сеюм ( солҳои2021-2022) – дар ин давраи таҳқиқот маводи назариявӣ ва озмоишӣ, пурсишномаҳо ҷамъбаст гардида, натиҷаҳои аз таҳқиқот ба даст омада ба низом дароварда шуданд. Хулосаҳо асоснок ва мавод дар шакли диссертатсия мураттаб карда шуд.

Асосҳои назариявии таҳқиқотро корҳои илмӣ таҳқиқотии олимони шинохтаи ватанию хориҷӣ, ки ба паҳлуҳои гуногуни мазуъи таҳқиқоти диссертатсионӣ бахшида шудаанд, ташкил медиҳад. Оид ба таҳсилоти фосилавии муҳаққиқони ватанӣ Файзализода Б., Абдуллоева Ш.А., Тавокили

Арвин, Ҳофизов А. М, Бирюкова Л. В. корҳои наҷиби назариявиро сомон бахшиданд.

Оид ба ташкили фаъолияти таълимӣ-маърифатии донишҷуён дар таҳсилоти фосилавӣ, кори олимони хориҷӣ С. А. Архангелский, В. П. Беспалко,

И. Ф. Исаева, Л. И. Мищенко, П. И. Пидкасистого, Л. С. Подымова, В. А.

Сластенин, А. Н. Ходусова, Э. Н. Шиянов боиси пайравӣ ва дастгирӣ мебошад.

Асосҳои методологии таҳқиқотро санадҳои меъёри ҳуқуқии соҳаи маориф, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Конститутсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсола ба Маҷлиси Олӣ, ва муайян намудани моҳияти таҳсилоти фосилавӣ ва усулҳои татбиқи он дар таҳқиқоти олимон: А. А. Андреев, А. А.

Ахаян, А. М. Бершадский, Д. А. Богданов, А Д. Иванников, В. П. Кашитсин, Н.

Г. Кревский, М. В. Мусо, Э. С. Полат, А. Н. Тихонова, А Ю. Уваров ташкил медиҳад, ки дар ин раванд ҳамчун асоси методологӣ хизмат менамоянд.

Сарчашмаи маълумот. Осори илмӣ ва психологӣ-педагогӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, аз ҷумла Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то солҳои 2030, Стандарти давлатии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар таҳсилоти фосилавӣ.

Заминаҳои эмпирикӣ заминаҳои эмпирики таҳқиқот дар асоси ҳамкории амалии бевоситаи муҳаққиқ бо объекти таҳқиқшаванда: таҳияи барномаи таҳқиқот, ташкили мушоҳида ва гузаронидани озмоишҳо, тавсиф ва натиҷагирӣ аз маълумоти таҷрибавӣ-озмоишӣ, тавсифи онҳо ва ҷамъбасткунӣ бо истифода аз усулҳои эмпирикӣ- арзёбӣ, озмоиш, таҷриба, муқоиса, таҳлил, синтез, индуксия, дедуксия, дар асоси маълумоти бадастомада дар ташаккул додани далелҳои илмӣ, ки дар натиҷаи мавриди истифода қарор додани он нишондиҳандаҳои сифатӣ, усулҳои миқдорӣ, дар шакли маълумоти оморӣ ва роҳҳои коркарди онҳо рӯи кор омаданд.

Пойгоҳи таҳқиқот: Корҳои таҷрибавӣ-озмошӣ дар ду муассисаи таълимии ҷумҳурӣ - Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуданд.

аз 15
навбатӣ