ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Бинобар маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, пайдоиши бонкҳо аз Ироқи Қадим сарчашма мегирад. Аввалин хазинаҳои қарздиҳӣ ҳанўз дар ҳазорсолаи II то солшумории мо дар назди маъбадҳои Вавилон ташкил шуда будаанд. Даромаде, ки дар хазинаи маъбадҳо ҷамъ мегардид, ба кохии инону аъзои оилаи онҳо ҷиҳати иҷрои зарураташон бо фоизи муайян қарз дода мешуд.
Бонкҳои тиҷорати, ки ба бонкҳои имрӯза нисбатан шабоҳат доштанд, дар асри VII то солшумории мо дар Вавилон пайдо шуда, дар охири асри VI то солшумории мо ба дараҷаи инкишофи худ расидаанд.
Сараввал, шартномаҳои қарзӣ ба таври хеле сода тартиб дода шуда, дар гилпораҳо навишта мешуданд. Агар мақому мартабаи қарзгиранда дар ҷомеъа баланд мебуд, ӯ қарзро бо 20– 30 фоизи иловаги дар як сол пас мегардонд. Вале, дар ҳолати вазъи моддии қарзгир, бонк фоизи қарзро муқаррар намекард ва ба ҷои фоиз ягон намуди моликияти хусусии қарздор, аз ҷумла хона, қитъаи замин, ё ғуломи уро ба сифати гарав мегирифт.
Чунин гарав дар суръати гузаштани муҳлати баргардонидани қарз даромади бонкро таъмин мекард ва агар қарз баргардонидана мешуд, моликияти гарав ба ҳисоби бонк мегузашт. Вавилонҳо, чун қоида, дар сурати баргардонидани қарз гилпораи навиштаҷоти шартномаро шикаста нест мекарданд.
Дар чунин шароити мусоид, сулсолаҳои ҷудогонаи бонкдорон, аз ҷумлаи сусолаи «Эгиби вафарзандон» аз Вавилон сарвати бузурге андўхт ва дар як муддати начандон тӯлонӣ дорои ин сулсола аз дороии маъбадхонаҳои бузург ва ҳатто ҳуди давлат камзиёдтар шуд. Дар асри V пез аз солшумории мо, оилаи Мурашу аз шаҳри Ниппур ба заминдорон барои пардохти андозҳояшон, ки империяи Форс (Вавилон он замон дар зери ҳукумронии империяи Форс буд) молу мулкашонро андоз баста буд, қарз медод ва заминҳояшонро бо 60–70 фоизи солона ба гарав мегирифт. Бонки Мураштанҳо баъди қарори махсуси ҳокимони Форс дар соли 417 то солшумории мо мавҷудияташро қатъ кард.
Низоми мукаммалтарини бонкдории дунёи Қадим баъди чандин садсолаҳо дар даврони ҳукумронии сусолаи Пталомейхо дар Миср бунёд карда шуда буд. Шабакаи бонкҳои подшоҳӣ, ки дар онҳо ҳазорон коргузорон хизмат мекарданд, дар тамоми қаламрави давлат паҳн гардида буд. Фаъолияти онҳо аз саридора, ки дар пойтахти мамлакат-шаҳри Искандария вокеъ буд, танзим карда мешуд. Дар маркази ҳар як музофот бонкҳои музофотӣ ва дар шаҳрҳои хурд шуъбаҳои маҳалли мавҷуд буд.Чунин низоми давлатии бонкӣ асосан се вазифаро иҷро мекард: кӯмак дар ҷамъоварии андозу даромадҳои давлатӣ, қабули амонатҳои пулии аҳолӣ ва ниҳоят, мубодилаи асъор. Дар он давра сарчашмаи асосии даромади бонкҳо на аз ҳисоби руёнидани фоизи қарзҳо, балки аз ҳисоби маблағи хизматрасониҳои бонкӣ фароҳам меомад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё