Зеҳн
Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.

Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа

ҚиссаҲикоя

Подабонон Куррааспро ба шиварзамини ақиби ферма ронданд, ба шиварзамине, ки атрофи онро ҳолиё шиғ бастаанд. Аслан ин ҷо шолӣ мекиштанд, аз пали замин ҳам маълум буд, вале акнун он ба шиканҷагоҳ бадал ёфтааст. (Ин маъниро подабонон бофтаанд). Ба шиканҷагоҳ зуд-зуд об сар медоданд, то замини бе ин ҳам пурнам лойи часпак шавад. Ва сумҳои борику нозуки куррааспон ба лой фурӯ рафта, камтар ҳаллос зананд, ба чор тараф наҷаҳанд...

...Раис сапедадам ба ферма омад. Дили мудир таҳ кашид: ин қадар барвақт омадани вай бесабаб набуд.

– Камтар қазӣ даркор шуда монд, – гуфт раис мудирро дидан замон. – Калони худамон телефон карданд, ҳадаҳа кунед, бегоҳӣ одамашон меояд, ба Калони Боло мебурдаанд.

– Тойча намонд, раис,-маъюсона гуфт мудир.

– Ягон бало кунед... Ман, охир, аз номи шумо ваъда додаам. Мудир сар ба пеш афганда, андаке ғарқи хаёлот шуд. Сонӣ ӯ чизеро ба ёд оварда, сар боло кард.

– Дар оғили посбони ферма Чорӣ-газари човандоз як тойча ҳаст.

– Гиред, ҳамонро! – фармон дод раис, аммо напурсид, ки соҳиби он розӣ мешавад ё не.

– Газар онро аз марғзори Чордағал овардааст, насли нодир будааст, сияҳмушкин меномидаанд ин наслро, Сиямушкини рисолабоб. Тойчаро барои бузкашӣ парвариш карданӣ. Писари Чорӣгазар ҳам човандоз.

– Ҳеч боке не. Чорӣ-газар боз меёбад, ҳа, дер накунед, бегоҳӣ меоям... «Газик»-и раис бо суръати баланд ҳаракат намуда, чанги роҳро ба ҳаво бардошт. Вақте ки подабонон бо амри мудир ба хонаи посбони ферма гузаштанд, он ҷо касе набуд. Чорӣ-газар ба каланди палаки Пушти Тал рафтааст. Кампираш ҳам он ҷо чӯмчак чида чой меҷӯшонд, ба шуғли чолаш дастрасоӣ мекард. Фарзандони Чорӣгазар ҳар яке бо хонаводаи худ дар деҳа зиндагӣ доштанд. Подабонон полҳанги Куррааспро аз гулмех кушода, ба тарафи шиканҷагоҳ тофтанд... Бечора Куррааспи наҳифпайкар ба кадом сӯ фукашро битобад, дар ҳамон сӯ подабони барзангие бо тозиёнаи дастасурхе истода, зарбаи сахте ба сӯяш равона мекард. Зарбаҳои бераҳмона дар бадани нозуки ӯ сим барин меғӯтиданд.

– Задан гир! – дод зад посбони каҷбурут, ки нисбат ба шарикон калонсолтар менамуд. – Ҳоло то арақ баровардани ин ҷонвар худи мо чанд бор арақ мекунем. Курраасп шиҳа кашид, ба талвоса афтод.

– Арақ, барорад, – тозиёна ба сағрии Курраасп зад галабони кӯса, – гӯшташ беғубор мешудааст-а?

– Беғубор гуфтию мондӣ, агар аз ин гӯшт қазӣ пазанд, малҳам мешавад, малҳами камарсустҳо, – калимаи охиринро бо оҳанги махсус талаффуз кард галабони калта. – Пушти камарсустҳо гарм шуда, шавқу ғайраташон меафзудааст.

– Бародарҳо, архаин нашавед, – боз ҷилави калониро соҳиб шуд каҷбурут,–ҳозир Чорӣ-газар ояд, ҷони ҳамаи моро дар каду қава мекунад. Ҳа, қамчинро базарбатар фуроред, ки арақаш тезтар барояд.

– Ако, магар дигар тойча намонд, ки инро бе пурсиш гирифтем, гӯё дуздидем, – баъди задани тозиёна ба каҷбурут нигарист галабони чорум, ки ҳамагон ӯро нисбати шикамкалон буданаш дар ҳозиру ғоиб «дилдам» мегуфтанд. – Охир, ҳамкори худамон, фаҳмад, доду фарёд мекунад. Мӯйсафед бо орзую ҳавас аз чанд фарсанг роҳ овард, хеле саргардон шуд. Чорӣ-газар тойчаро овардан боз ҷавонон барин чусту чолок ва хушҳол шудааст. «Зоти гумгаштаи аспамро ёфтам, сияҳмушкини рисолабобро ёфтам» мегӯяд. Ҳамин тойчаро ҳар рӯз бо ҳавсала қашав мекунаду Дунони ман туӣ, Ғунони ман туӣ, – гӯён ашӯла мехонад.

– Сияҳмушкини рисолабоб бошад, ё дунону ғунон бошад, ба ту чӣ? Раис «гир» гуфт, гирифтем, сарашу равғанаш, – каҷбурут шартӣ тозиёна фуровард.

– Ҳой, бекорхӯҷаҳои ҳаромхор, – ногаҳон аррос зад мудир, – аз кори кардаатон гапатон бисёр. Дониста монед, агар то чоштгоҳ 1. Бепарво, хотирҷамъ кушта, пӯст наканед, пас худатонро пӯст меканам, – мушт гиреҳ баст вай. Каҷбуруту кӯса ва калтаю дилдам аз ин дӯғу пӯписаи мудир ба ваҳм афтода, зарбаҳои тозиёнаро шиддатнок карданд. Курраасп боз шиҳа кашид, ки ин дафъа шиҳааш тӯлонӣ ва басе дарднок буд, гӯё Байталмодарашро ҷустуҷӯ дошт, аз Айғирпадараш имдод мехост...

...Дар он ҷо, дар дашт, вақте ки Курраасп пистон макида, аз шири гуворою хушбӯи модар сер шуду маст гашт, барояш раҳпӯӣ андаке душвор намуд. Оҳиста-оҳиста аз гала қафо мондан гирифт. Дар ҳамин дам ногаҳон уллоси дарандаҳои чорпои хунхорро шунид. Ин тездандонҳои хокистарранг аз гирду атроф, аз зери буттаю хорҳо нӯла мекашиданду ба дили ҳар ҷонвари аз худашон камзӯр воҳима меандохтанд. Курраасп ҳам аз ин овози ваҳшатхез ва ҳавлангез сахт тарсид, дар баданаш раъша дамид. Ва якбора шиҳа кашид, шиҳааш он авҷу дараҷаи одатиро надошт, балки баланд буду тарсолуд. Шиҳа кашиданаш ҳамин шуду дарҳол тапартапар сум кӯфтани Айғирпадарро шунид. Айғирпадар ончунон бо шӯру шағаб ва бо ёлҳои парешон даррасид, ки гурги ба Курраасп наздик омада тоб хӯрдан ҳам натавонист. Асп бо ҳамин суръат, бо ҳамон қаҳру ғазаб дандонҳояшро гиз карда, аз банди гардани гург бигазид. Курраасп бидид, ки дар миёни дандонҳои гизи падар сабзаю алафҳои хӯрдааш кам-кам дармондаанд. Боз бидид, ки ҳамин дандонҳои аз гиёҳу алафҳои гуногун сабз гашта, ки гоҳгоҳе гардану китфи Куррааспро мехориданд, аз лою хасу хошок тоза мекарданд, ҳоло ба гардани гург ғарсаскунон фурӯ рафтанд. Курраасп дигар чизеро надид, фақат як лаҳза фиғони гургро шуниду бас, дигар овози гург низ ба гӯш нарасид. Айғирпадар ба шиддат тоб хӯрда, гургро чунон ҳаво дод, ки дар авҷи осмон пора-пора гашта, ба чор тараф титу парешон афтод. Дигар гургон ин даҳшати бар сари ҳамнавъи худашон омадаро чун мушоҳида карданд, дар як они воҳид ба умқи чӯл ғайб заданд.

Дар ин дам Байталмодар ва дигар аспону курраҳо ҳам даррасиданд. Байталмодар Курраро бӯида, шиҳа кашид ва бо думаш ба рони вай чанд дафъа зад, гӯё бо ҳамин танбеҳ дод, ки «дигар аз гала қафо намонад. Охир, як ишоратро чанд бор такрор кардан мумкин, оқибати бепарвоию баттолиашро бо чашмони худ бидид. Агар минбаъд ҳам гӯш накунад, аз ин бадтар мешавад»... Курраасп гирди Байталмодар думчаяки худро афшонда, ду-се гардиш карду фукашро ба пистон бурд. Аз мазаи шири гарм дилаш гум мезаду вай даҳонашро пур карда, мемакиду мемакид. Байталмодар бошад, Куррааспро мебӯид, мелесид, бо дандонҳояш бадани ӯро мехорид. Аҷаб фараҳфизою ширин буданд он лаҳзаҳо. Сонӣ тамоми байталмодарон давра ороста, курраҳояшонро дар мобайн ҳалқавор печонида гирифтанд.

Сарқофилаи гала Айғирпадари Курраасп ва дигар айғирпадарони пурқудрат буданд. Акнун ба Курраасп ва дигар курраҳои тавила ҳеч хатаре таҳдид намекард. Пойҳои қавӣ ва мустаҳками айғирпадарон ва байталмодарон дар атрофи курраҳо тавораи шикастнопазире сохта буданд. Курраҳо дум афшонда-дум афшонда гулу гиёҳҳоро мечариданд. Айғирпадар ҳар дам чорхез зада, гирду атрофи тавилаи худро хабар мегирфт: мабодо ки ягон нохалафи ғаддоре, дади хунхоре таҳдид намояд. Эҳ, ку, он айёми беғамиҳо, дигар такрор намешаванд он давраҳо... Аз ҳавли ҷон ва ҳасрати он даврон Курраасп дигарбора шиҳа кашид. Он ҷо дар дашт пойҳои айғирпадарон ва байталмодаронро медид, ки аз ҷондорони хуношом ҳифз мекарданд, ин ҷо пойҳои гургони дупоро медид, ки мӯзаҳои резинии соқбаланд пӯшидаанду ӯро ба исканҷа маҳкам гирифтаанд ва аз нӯки тозиёнаҳояшон хун мечакад, хуни бечора, Курраасп. Куҷост он Айғирпадари дандонгизи хашмгин, ки чун тундбоду тӯфон ҳамлавар шавад? Ва аз банди гардани ягонтои ин гургони дупо газида, пора-пора созаду ҷони Куррааспи мискинро аз панҷаю исканҷаи азобу итоби онон наҷот бахшад.

Беҳтараш аз банду гардани ҳамоне бигирад, ки дам ба дам даст афшонда дӯғ мезанаду баъди шӯру валвалаи ӯ зарбаҳои тозиёна пуршиддатар мегарданд. Агар Айғирпадар ҳамин замон чорхеззанону ёлпарешон меомаду ин саркардаи гургонро вожгун месохт, сипас дигар гургони дупо ҳам мисли он ваҳшиёни дашт ғайб мезаданд... Куҷост он Байталмодари меҳрубонаш, ки барои танбеҳ бо думи сермӯ зада, ба лабу дандонҳои худ хору молаш кунад, акнун хунҳои шоридаю карахтбастаи баданашро тоза намояд.

Оҳ, куҷост Байталмодари дилсӯз?... Ба ҷои навозишҳои байталмодарона, ба ҷои хору моли гуворою форамаш ба пайкари нирғаю бемадори ӯ тозиёнаҳои шадид бармехӯранд. Куҷоед, шумо Байталмодари ғамгусори муштипар, Айғирпадари дилсӯзи тавонгар. Куҷоед, то Куррааспро аз ин вартаи марг, аз чанголи хунолуди ин гургони дупо, ки аз он гургони бӯрҷомаи дашти Чор Дағал ҳам маккортару ваҳшитару хунхортаранд, халос кунед?.. Курраасп шиҳаи дуру дарозе кашид, зоҳиран ин вопасин шиҳаи ӯ буд. Ва ҳамин шиҳаи оҳутаки беҳолу мадор ба гӯши Чорӣ-газар расид.

– Эҳ,-гуфт ӯ алафи дар сари китф овардаашро ба охур партофта, – кампир, тойча канӣ?

– Арғамчинаш яла шудагист, – ҷавоб дод пиразан.

– Не-е, – бо хавоси парешон гуфт Чорӣ-газар, – арғамчинаш яла намешуд, курмак1 карда баста будам,-шиҳаи тойча аз тарафи ферма омад, хайрият бошад-ку нағз-а. Пирамард ҷелаки нимдошти тикро аз мехи бари девор гирифта пӯшиду бо рӯймоли гулдӯзӣ, ки дар он ғилофу корд ҳамоил буд, миёнашро маҳкам баст. Вақте ки Чорӣ-газар ба саҳни ферма ворид шуд, каҷбурут бо корди дарози дастасафедаш Куррааспро кушта пӯст мекард. Кӯса, калта ва дилдам ба вай ёрӣ мерасонданду мудир рост истода ба онон фармон медод. Чашмони Курраасп дар сари буридааш беҳис метофтанд, гӯё ба тамоми ҳаракати қотилони худ оромона нигарон буданд.

– Ҳо, бачамурдаҳо, ин чӣ бедодӣ,-ғирев бардошт пирамард. Мудир ва подабонон ба ин зудӣ бохабар шудани Чорӣ-газарро чашмдор набуданд, ки ҳамагон якбора дасту по хӯрданд.

– Човандоз-бобо, шумо дар хона набудед, – мудир дами обро гирифтанӣ шуд, – пулаш тайёр.

– Пули исқотита дар хайротат сарф кун, номард. – Чорӣ-газар корд аз наём кашида, ба ҷониби мудир дарафтод.

– Ҳой, пиракӣ, аз ҳад нагузарон, – мудир бо дастони серрагу пай ва нерӯманди худ бозувони камгӯшти хушкидаи Чорӣгазарро дар ҳаво нигоҳ медошт. Кӯсаю калтаю дилдам ба кӯмаки мудир шитофта, корди мӯйсафедро аз дасташ гирифтанд.

– Барои қасди одамкушӣ карданаш ҳуҷҷат тартиб додан даркор, – таҳдид намуд мудир ва илова кард:

– Ҳоло ба хонааш баред, сонӣ масъалаи ин одамкушро мебинем.

– Қазӣ ба кадом ҳези занғарат даркор шуд, балохӯрҳо... илоҳӣ, оши охираташ шавад, – дуои бад кард пирамард...

...Баъд аз чанд рӯз Чорӣ-газар аз байни хасрӯбаҳои паҳлӯи ферма суми Куррааспро пайдо кардаасту бо эҳтиёт дар тарқиши девори оғилаш хаста, ба кампираш гуфтааст: «Бо ҳамин тойча насли сияҳмушкини рисолабоб гум шуд...» Ҳеч кас ҳам дар ягон ҷо ин таронаро дигар аз ӯ нашунидааст: Дунони ман туӣ, Ғунони ман туӣ...

ИШҚИ ДУХТАРИ РАИС

Рӯзи аввали таътил ҳамсинфон мувофиқи фармудаи муаллима дар подаҷо ҷамъ шуданд. Баҳром ҳам хараробаи худро «тақартақар» ҳай карда омад. Аслан,ӯ бо ин аробача барои нонпазии модараш хор ва решаҳои ғӯзапоя меовард. Дирӯз муаллима ба Баҳром таъкид намуда буд: «Аробаатро ҳам ба сафар омода бикун, дар соғуяш бори дӯстонатро мегирӣ, роҳ дур аст, ягон ҳамсинфат хаста шавад, савор мекунӣ»... Марҳамат ба аробаи Баҳром бо ҳайрат назар мефиканду табассум менамуд. Зоҳиран ӯ чунин аробаи аҷибро бори аввал медид. Марҳамат ду моҳ пеш ба синфи 7 «б»-и онҳо омад. Падарашро аз кадом минтақае даъват намуда, ба ин ноҳия раис таъин карда будаанд. Воқеан ҳам ба духтараки чеҳрасафед аробаи Баҳром хеле ҳайратангез менамуд. Аҷоиботаш барои Марҳамат он ҳисоб меёфт, ки хари хурдакак гӯё ба тақдираш тан дода бошад, ки ин аробачаро оромона мекашид. Вақте ки мактабиён ба доманаи кӯҳ расиданд, муаллима майдончаеро ишора кард:

– Дар ҳамин ҷо қарор мегирем. Гирду атрофи ин майдонча, албатта, ғайр аз тарафи кӯҳ, киштзор буда, майсаҳои гандуми он баланд расида буданд ва дар байни майсазор гулҳои гандумак бо рангу ҷозибаи дилкаш назаррабоӣ менамуданд.

– Ин гул чӣ хел хушрӯ, – ба тарафи киштзор бо дасти фарбеҳаки латифаш нишон дод Марҳамат.

– Гули гандумакро мегӯӣ? – пурсон шуд Баҳром.

– Ҳа, ҳа, ҳамон ки ранги нилӣ дорад, – гуфт духтар.

– Ман, ҳозир, – ба тарафи киштзор шитобон рафт бача. Ҳине ки Баҳром дар байни гандумзор гашта, гул мечиду даста мебаст, Марҳамат аз ӯ чашм намеканд. Баҳром бо шиму пойафзоли тар аз гандумзор баромад ва гулдастаро ба духтар дароз кард.

– Ташаккур, – гуфт Марҳамат гулдастаро гирифтаву бӯида бо табассуми малеҳ.

– Намеарзад, – ҷавоб дод писарак, ки аз ин кори худ басо фараҳманд шуда буд. Духтарон ба Марҳамат гул тақдим кардани Баҳромро дида, байни худ маънидорона пичир-пичир менамуданд.. .

– Ба кӯҳи баланд набароед, – таъкид намуд муаллима ба гурӯҳи бачаҳое, ки ба лолачинӣ мерафтанд, – аз ҳамин талу теппаҳо дур наравед. Муаллима ба дигарон ҳам супориш дод:

– Духтарон бо пухту паз машғул шавед, Баҳром бошад, бо аробааш ҳезум меорад.

– Ҳо, Баҳром бобои хоркаши мост, – гуфт яке аз духтарон ва дигарон ба ин пичинги ӯ хандиданд. Ин гап ба Марҳамат маъқул нашуд ва ӯ хомӯш буду фақат гулдастаашро мебӯид. Пас аз соате чанд гурӯҳи бачаҳое, ки ба тарафи талу теппаҳо, ба лолачинӣ рафта буданд, даста – даста лолаҳои арғувонӣ оварданд. Духтарон бо ҳезуми ҷамъовардаи Баҳром палав пухтанд.

Дар гирди дастархон сӯҳбати гуворое баргузор шуд. Хулоса, сафари мактабиён ба кӯҳдоман комилан дилписанд анҷом меёфт. Агар дар охир, ҳангоми тӯббозӣ ин воқеа рух намедод. Аслан ин бозӣ нав оғоз ёфта буд, ки банохост аз паҳлӯи Марҳамат тӯб ғелон аз давра берун рафт. Марҳамат ҳам бо шаст аз пайи он тохта, пойяш якбора ба санге бархӯрда афтид ва оҳу воҳаш баромад. «Чӣ шуд?»-гӯён пеш аз ҳама Баҳром ба назди ӯ тозон даррасид. Сипас муаллима ва духтарону дигар бачаҳо ҳам дар гирди Марҳамат ҷамъ шуданд. Пои Марҳамат лат хӯрда буд.

– Ҳеч боке не, – гуфт муаллима баъди муоина, – баъди ду-се рӯз шифо ёфта, ту дидӣ, ман надидам мешавад.

– Аробаатро омода бикун, – фармуд сипас муаллима ба Баҳром, – ҳамаатон тайёр шавед, бармегардем.

– Муаллима, мана, бо ин пои Марҳаматро бубандед, – локиашро дароз кард Баҳром. Муаллима пас аз бастани ҷои латхӯрдаи Марҳамат бо ёрии духтарон ӯро ба аробача савор кард. Аробачаи Баҳром Марҳаматро беозор то хонаашон овард. Духтарон дар сари дуроҳа ҷудо шуданд. Дар назди ҳавлии Марҳаматино муаллима барои аз аробача фуровардани духтарак Баҳромро ба ёрӣ даъват намуд.

Лаҳзае ки Баҳром аз ду дасти гарму нарми Марҳамат дошта, барои фуромаданаш ёрӣ мерасонд, тамоми вуҷуди ӯро як эҳсосоти барояш ноаён, вале басе гуворое фаро гирифта буд. Чунки Баҳром то ба имрӯз аз дастони ягон духтарак ба ин ранг надошта буд. Марҳамат бошад, бо ҳамон табассуми малеҳ ба чеҳраи Баҳром менигарист. Ҳамин дам дарвозаи ҳавлӣ кушода шуда, модари Марҳамат баромад ва лангидани духтарашро дида, фиғон бардошт:

– Вой, ҷони оча, ба ту чӣ шуд?

– Пояш андаке лат хӯрдааст, – модарро ором кард муаллима.

– Ман гуфта будам, ки ба кӯҳ нарав, вале ту ба гапам гӯш накардӣ.

– Очаҷон, ҳеч гап не, поям ҳоло дард намекунад, – Марҳамат ҳам модарашро таскин бахшид, – Баҳром бо ин аробачааш овард, дар роҳ поям ягон зарра ҳам озор наёфт. Аз ин суханони муаллимаю духтараш воқеан ҳам дили модар каме ором шуд. Ва аз бағали духтараш дошта, ба ҳавлӣ ҳидоят намудан мехост, ки Марҳамат эътироз кард:

– Очаҷон, ман худам, ман худам. Ва Марҳамат оҳиста-оҳиста қадам зада, «хайр муаллима», «хайр Баҳромҷон» гӯён ба ҳавлӣ ворид шуд.

– Марҳамат, гули дӯстдоштаатро фаромӯш кардӣ, – гуфта сонӣ Баҳром гулро аз соғуи аробача гирифта, ба духтарак дод. Марҳамат гулдастаро гирифта, боз ҳамон табассуми малеҳро нисори Баҳром намуд. Модари Марҳамат муаллимаро ба хонааш даъват кард.

– Як пиёла чой нӯшида мерафтед.

– Ташаккур, ягон дафъаи дигар, – даст пеши бар гирифт муаллима. Баҳром нӯхтаи маркабро ба тарафи хонаашон тофта, «хайр, Баҳромҷон» гуфтани Марҳаматро бо хаёлоти рангин ёд меовард. Охир то ҳол ҳеч кас номи ӯро ин хел ширин талаффуз накарда буд. Ё ба гӯшаш ҳамин ранг овози Марҳамат чун загӯлача ба лаҳни тарабафзо танин андохта буд. Дар давраи таътил Марҳамат шифо ёфт. Ӯ рӯзи аввали ба дарс омаданаш коғазпечеро ба Баҳром супурда, «ташаккур» гуфт. Баҳром коғазпечро дар сӯмкааш ниҳода, онро фақат дар хонаашон кушод.

Маълум шуд, ки Марҳамат локии шарикдарси ғамхорашро шустаю дарзмол карда, атри хеле хушбӯе ҳам пошидааст. Аммо чизи қиматбаҳо номачаи Марҳамат буд, ки дар он чунин ҳарфҳо сабт ёфта буданд: «Баҳромҷон! Рӯзи якшанбе барои тамошои кинофилм биё. Бо салом, Марҳамат». Он солҳо дар кинотеатри маркази ноҳия фақат рӯзи истироҳат барои мактабиён филм намоиш медоданд. Марҳамат ба тамошои филм бо хоҳараку додаракаш омад, ки онҳо аз ду тарафаш нишастанд. Баҳром бошад, аз қатори ақиби Марҳамат ҷойгузин гардид. Аз кокулони пӯпакдори Марҳамат бӯи атри хеле димоғпарвар меомад. Шамими ин атр ба Баҳром аз бӯи локиаш шинос буд. Марҳамат локии ӯро шустаю дарзмол карда, маҳз аз ҳамин атр пошида буд.

Дар давраи таҳсили синфҳои ҳафтуму ҳаштум мулоқоту вохӯриҳои Баҳрому Марҳамат берун аз мактаб ҳамин тавр сипарӣ мешуданд. Баҳром, ки як бачаяки рустоӣ буд, аз ишқи духтари раис хеле болидарӯҳ гардид. Бо хараробааш алафу ҳезуми хонаводаро ба сарвақт муҳайё мекард, то ки рӯзи истироҳат ягон кор ба тамошои филм халал нарасонад ва мамониат накунад. Баҳром дар таҳсил низ фаъол гардида, дар ниҳоди хеш нерӯи ноаёнеро эҳсос менамуд. Бузургон саҳеҳ мегуфтанд, ки муҳаббати нахустин ба одамӣ бол ато мекунад. Вале пас аз хатми синфи ҳаштум хабари нохушоянде Баҳромро гирифтори ғаму ғусса кард. Хабар он буд, ки падари Марҳаматро ба пойтахт ба кор даъват намудаанд ва ҳамин рӯзҳо бояд онҳо кӯч банданду Баҳромро ба водии фироқу яъс гузоранд.

Ду дилдода барои садоқату вафодории абадӣ савганд ёд карда, ба нишони хотира ба ҳамдигар сураташонро тақдим намуданд. Ва он рӯзи ҷудоӣ ҳам фаро расиду Марҳамат бо аҳли хонаашон мошинсавор роҳӣ шуд ва Баҳром ба гусел баромада дастафшону гирёну нолон дар раҳгузар афтод... Баҳромро ҳамчун талабаи фаъол ба узвияти созмони ҷавонон пазируфта буданд ва дар ин бобат санад доданд ва гаштаю баргашта таъкид намуданд, ки ин ҳуҷҷат муқаддас аст ва онро ҳамеша бояд дар ҷайби болои дил нигаҳ дорад. Баҳром ҳамин тавр мекард ва акси маҳбубаи худ Марҳаматро ҳам муқаддасу мӯътабар ҳисобида, онро дар байни ҳамон санад мегузошт ва басо бо эҳтиёт нигоҳ медошт. Баҳром баъди рафтани ёраш гӯё хуфта буду бедор шуд ва маст буду ҳушёр шуд. Рост гуфтаанд, ки «мастӣ ба нахустбода сахт, аст ва афтодани нофитода сахт аст.» Ҷавони дилдода аз мактуб то мактуби нигораш бо рӯзшуморӣ мезист. Вале Марҳамат ба номаҳои ҷонсӯзи Баҳром дер-дер посух менавишт.

Пас Баҳром дар таътили тобистона хишт рехта, соҳиби маблағе шуду барои худ шиму курта ва пойафзол харид ва озими шаҳри Душанбе гардид. Ӯ ба ин либосе, ки бо заҳмати хиштрезӣ ёфт, ба висоли Марҳамат мешитофт. Ҷавони рустоӣ дар шаҳри азим манзили дилдодаи худро ба осонӣ пайдо намуд. Пас ӯ ба бозори гулфурӯшон рафт ва аз гулҳои нилиранг, ки ба гули гандумак монанд буду Марҳамат онҳоро дӯст медошт, гулдастаи зебое бихарид. Воқеан имрӯз зодрӯзи Марҳамат буд. Ӯ шитоб дошт, гӯё мепарид, зеро ҳарчи зудтар мехост, ки Марҳамати худро бубинаду табрик намояд ва ин гулдастаро ба ӯ супорад. Ҳамчунон ки бори нахуст дар кӯҳпоя ба вай як даста гули гандумак тақдим карда буд. Инак, манзили нигор ба чашмаш намудор шуд. Ва ногаҳон ӯ бо дарду алам бидид... (кошкӣ онро намедид) Марҳамат дар оғӯши ҷавоне бо бӯсу канор аз ҳавлӣ баромад ва сипас бо он ҷавон ба мошин савор шуду мошин ҳам оҳиста-оҳиста роҳӣ гашт. Ҳамин тавр парвози Баҳром дар нимароҳ қатъ гардид.

аз 29
навбатӣ