Саройи чорпоён (Молхона)

Қиссаи ҳаҷвии Ҷорҷ Оруэлл дар тарҷумаи Усмоналӣ Латифӣ. Асар тавассути саргузашти ҳайвоноти як ферма таъсири қудратро ба баробарӣ ва озодӣ нишон медиҳад.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 11 саҳифа
Боби I
Боби I
Ҷаноби Ҷонс - соҳибмулки Саройи чорпоёни Манор - шаб дари мурғхонаро қулф кард, вале бинобар сабаби аз ҳад зиёд маст буданаш маҳкам кардани сӯрохиҳоро фаромӯш намуд. Дар ҳалқаи нури фонусаш, ки дар дасташ аз як тараф ба тарафи дигар алвонҷ мехӯрд, дар рӯи ҳавлияш печу тоб хӯрда, мӯзаҳояшро кашида ба дари пушт партофт ва аз бочкаи дар ошхона будааш охирин истакон оби ҷавро нӯшида, ба сӯи рахти хобаш, ки хонум Ҷонс дар он ҷо сахт хобида, хуррок!
мекашид, равона гашт.
Ҳамин ки чароғи утоқи хобашро хомӯш кард, дар тамоми биноҳои Саройи чорпоён ғалоғула ба вуҷуд омад. Ҳанӯз дар давоми рӯз, дар байни ҳайвонот овозае паҳн шуда буд, ки хуки сафеди фарбеҳи ҷоизадор - Мейори пир шаби гузашта хоби аҷибе дидаасту мехоҳад онро ба дигар ҳайвонот расонад. Маслиҳат шуда буд, ки пас аз рафтани ҷаноби Ҷонс ба хонааш ҳамаи онҳо бояд дар анбори калон вомехӯрданд. Мейори пир (ин хук кайҳо боз чунин лақабро дошт, гарчанде ки номи аслияш 1 Дар хоб аз гулӯ хир-хир садо баровардан дар намоишгоҳҳо Виллингдон Бютӣ буд) дар Саройи чорпоён қадри баланд дошт ва ҳама омода буданд, ки барои шунидани гуфтаҳои ӯ соати хобашонро дареғ надоранд.
Мейори пир рӯи суфаи баланд, ки дар пешгоҳи анбори калон воқеъ буд, зери равшании фонуси дар чӯби дастак (рав)3 овезонбуда, дар рӯи хошок яктарафа ғелида буд. Ӯ дувоздаҳ сол дошт ва дар вақтҳои охир ба қадри кофӣ фарбеҳ шуда буд ва новобаста аз он ки дандонҳои нешиаш ҳеҷ гоҳ бурида нашуда буданд, вай ҳамоно як хуки олиҷанобу хирадманд ва хайрхоҳ ба назар мерасид. Дере нагузашта дигар ҷонварон омадан гирифтанд ва ҳар яки онҳо ба равиши худ ҷойҳои бароҳаттареро барои худ интихоб мекарданд.
Аввал се саг - Блубелл, Ҷесси ва Пинчер ва баъд аз он хукҳо омаданд ва дар сафи пеш, рӯ ба рӯи суфаи баланд, дар болои хошок худро ҷойгир карданд. Мурғҳо болои тоқи тирезаҳо ? нишастгоҳи баланде, ки дар саҳни ҳавлӣ ва ё дохили бино аз гил сохта шудааст ва баландии он аз замин то 50- 60 см.
мебошад 3 чӯбҳои кундаланге, ки болои онҳо тахтаҳои боми (васаи) хона паҳн карда шуда, андова карда мешаванд 4 дандонҳои махрутишакл (шакли конусдор) - аз тарафи росту чапи ҷоғи болои одам ва ё соир ҳайвоноту даррандагони ширхӯр, ки бо он ғизоро мекананд нишастанд, кабутарҳо бошанд, дар сақфи?
анбор дар назди дастаку равҳо парвоз менамуданд, гӯсфанду говҳо дар паси хукҳо хобида, нихшорё мекарданд. Ду аспи аробакаш - Боксёр ва Кловер бо ҳам даромаданд, онҳо хеле бо эҳтиёт роҳ мерафтанд ва пойҳои азими мӯйдори худро оҳиста-оҳиста ба замин мегузоштанд, то мабодо ҷонварони хурди болои пахолу хошокро зер кунанд. Кловер як аспи модинаи миёнаумр буд, ки баъд аз таваллуди чорумин тойчааш андоми пешинаи худро гум карда, фарбеҳ гардида буд. Боксёр як ҷонвари бузурги ҳаждаҳсола буд, ки дастҳои дароз ва пурқувваташ ба мисли ду аспи дигар буданд. Намуди зоҳирияш бинобар рахи сафеди болои бинияш як каме зишт ба назар мерасид ва дар асл ҳам вай камақл буд, аммо аз рӯи сертоқатӣ, хислати хуб ва пуркории ҳайратангезаш ҳама ба ӯ эҳтиром мегузоштанд. Пас аз аспҳо Муриел - бузи сафед ва Бенҷамин - хари калонсол даромаданд. Бенҷамин пиронсолтарин ҷонвар дар Саройи чорпоён буд ва хеле феъли баде дошт. Вай кам гап мезад, аммо вақте ки ба гап ? таги бом аз дохили бино ё баъд аз хӯрдан аз шикам дуюмбора ба даҳон баровардан ва хоидани ғизо дар байни ҳайвоноти ҷуфтсум медаромад, одатан эродҳои беҳаёёна мегирифт, масалан мегуфт, ки Худо барои рондани пашшаҳо ба ӯ дум додааст, аммо вай мегуфт, ки беҳтараш на дум бошаду на пашша. Танҳо вай дар байни ҳайвоноти Саройи чорпоён ҳеҷ гоҳ намехандид. Агар сабабашро мепурсиданд, мегуфт, ки барои хандидан чизе надидаам. Бо вуҷуди ин, вай иқрор шуд, ки бо Боксёр иртиботи наздик дорад ва ҳардуяшон одатан рӯзҳои якшанбе паҳлӯ ба паҳлӯ дар сабзазори берун аз боғи Саройи чорпоён бидуни сухан гуфтан, алаф мечаранд.
Вақте, ки ду асп - Боксёр ва Кловер дар рӯи пахол навакак ғелиданд, чӯҷаҳои мурғобие, ки модари худро гум карда буданд, якбора чир-чиркунон ба анбор даромаданд ва барои он ки поймол нашаванд, ин сӯву он сӯ сарсону саргардон мегаштанд. Кловер бо банди дасти калонаш онҳоро ҷамъ кард ва дар дохили ҳалқаи дасти ӯ чун дар лона чӯҷаҳоро хоб бурд. Дар лаҳзаи охир Моллии аблаҳи зебо - аспаки сафед, ки аробаи дунафараи мистер Ҷонсро мекашид, бо як пора сарқанд, ки онро ғарч-ғарчкунон мехоид, даромад. Вай дар сафи пеш ҷой гирифт ва бо ёли сафедаш, ки бо лентаҳои сурх бофта шуда буданд, ба бозӣ даромад, то ин ки таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб намояд. Охири охирон гурба даромад ва барои пайдо намудани ҷойи гармтарин - аз рӯи одат, ба гирду атроф нигариста - ниҳоят худро дар байни Боксёр ва Кловер ҷойгир кард. Дар он ҷо вай бо завқи баланд хур-хур карда, ба суханронии Мейор ягон таваҷҷуҳе зоҳир намекард.
Ба ғайр аз Мосес - зоғи роми дастӣ, ки дар дастаки дари пушти анбор нишаста буд, дигар ҳамаи ҳайвонот дар дохил ҳузур доштанд. Вақте Мейор дид, ки ҳама бо роҳат нишаста, интизораш буданд, вай гулӯяшро уҳуҳкунон тоза карда, ба суханронӣ оғоз кард:
“Рафиқон, шумо аллакай дар бораи хоби аҷибе, ки ман шаби гузашта дида будам, шунидаед. Аммо дар бораи хоби дидаам дертар сухан хоҳам гуфт. Ман дар аввал чизи дигаре барои гуфтан дорам. Ман фикр намекунам, рафиқон, бо шумо чанд моҳи дигар бошам ва пеш аз марг вазифадорам, ки чанд чизи хирадмандонаеро, ки дорам, ба шумо расонам. Ман умри дароз дидам, вақте ки дар оғили” худ танҳо мехобидам, барои фикр кардан вақти зиёд доштам ва табиати ҳаёти молхона, говхона, саисхона, сутурхона заминиро, инчунин ҳаёти ҳама намуд ҳайвонотро фаҳмидам. Дар ин бора ман мехоҳам бо шумо суҳбат кунам”.
“Акнун, рафиқон, табиати ҳаёти мо чӣ гуна аст? Биёед, ҳақиқатро гӯем: ҳаёти кӯтоҳи мо ба сахтию заҳмат кашидан мегузарад. Аз вақти ба дунё омадан ба мо ҳамон қадар ғизо медиҳанд, ки нафасамонро дар бадани худ нигоҳ дошта тавонем ва ҳайвоноте, ки қувват доранд, маҷбуранд то ҳадди охири қувваи худ кор кунанд ва ҳамон лаҳзае, ки аз мо фоидае намерасад, моро бераҳмона ба дасти қассобон медиҳанд. Ҳеҷ як ҳайвон дар Англия маънои хушбахтӣ ё фароғатро пас аз яксолагияш намедонад. Дар Англия ягон ҳайвон озод нест.
Ҳаёти ҳайвонот аз қашшоқӣ ва ғуломӣ иборат аст: воқеият чунин аст,” - гуфта суханашро идома дод.
“Магар тартиботи табиати ҳақиқӣ чунин аст? Магар ин сарзамин ба ҳадде қашшоқ аст, ки наметавонад барои сокинонаш зиндагии шоиста муҳайё созад? Не, рафиқон, ҳазор бор не! Замини Англия ҳосилхез аст, иқлими хуб дорад, вай метавонад шумораи зиёди хайвонотро - нисбат ба он ки ҳозир дар он зиндагӣ доранд - бо ғизои фаровон таъмин намояд. Танҳо ҳамин Саройи чорпоёни мо метавонад даҳҳо асп, бист гову садҳо гӯсфандро кумаку дастгирӣ намояд ва ҳамаи онҳо метавонанд ҳаёти осоишта дошта бошанду бо шаъну шараф зиндагӣ кунанд, ки мо ҳатто онро тасаввур карда наметавонем.
Пас чаро мо дар чунин ҳолати бад қарор дорем? Зеро тамоми маҳсули меҳнати моро одамон медузданд. Дар ин ҷо, рафиқон, ҷавоби ҳамаи мушкилотҳои моро бо як калима метавон иброз кард. Ин калимаи ягона -- Одам мебошад. Одам ин ягона душмани асосии мост. Агар Одамро аз саҳна дур кунем - гуруснагӣ ва меҳнати зиёдатӣ абадан нест хоҳад шуд”.
“Одам ягона махлуқест, ки бидуни истеҳсоли чизе фақат истеъмол мекунад. Одам шир намедиҳад, тухм намекунад, қуввати кашидани юғи испорроё надорад, ба қадри кофӣ давида наметавонад, ки харгӯшҳоро сайд кунад. Новобаста аз ин, ӯ дар рӯи замин подшоҳи тамоми ҳайвонот аст. Одамон ҳайвонотро кор мефармоянд, ба онҳо ҳиссаи ҳадди ақали ғизоро медиҳанд, ки аз гуруснагӣ Афзори шудгоркунӣ, ки ба гардани ҷуфти гов ё асп ниҳода мешавад намиранд ва боқимонда ҳамаи фоидаро барои худ мегиранд. Бо меҳнати мо заминро мекоранд, поруи мо заминро ҳосилхез мекунад, вале мо ба ҷуз пӯсти урёни худ дигар чизе надорем. Ана шумо, говҳо, ки дар назди ман ғелидаед, дар соли гузашта чанд ҳазор галлон?
шир додед? Куҷо шуд он шире, ки мебоист гӯсолаҳои шуморо пурқувват мекард? Ба ҷойи ин ҳар як қатраи шир ба ҳалқи душманони мо рафт. Ва шумо, мурғҳо, дар соли гузашта чанд тухм гузоштед ва чанд чӯҷа баровардед?
Бақияи тухмҳои шуморо ба бозор бурданд, то ин ки Ҷонс ва коргаронаш фоида ба даст оранд. Ва ту, Кловер, куҷо шуданд он чор тойчае, ки зоидӣ, онҳо бояд дар пиронсолият такягоҳат мешуданд? Ҳар яки онҳо ҳанӯз дар синни яксолагиашон фурӯхта шуданд ва ҳеҷ гоҳ яке аз онҳоро дигар нахоҳи дид. Бар ивази чор тойча ва тамоми меҳнати худ дар саҳро, ба ҷуз як мушти ҷав ва саисхонаи!9 куҳна дигар чӣ дорӣ?” “Ҳатто он ҳаёти қашшоқонае, ки дорем, ба таври табиӣ ба охир намерасад. Ман аз худ шиква надорам, зеро ман хуки муваффақам.
Ӯ воҳиди ченаки ҳаҷм: 1 галлон - 4.5 литр 10 оғили асп Ман дувоздаҳсолаам ва зиёда аз чаҳорсад хукбача дорам. Барои хук ин ҳаёти арзанда аст.
Билохира, ягон ҳайвон аз дами тези корд раҳоӣ надорад. Шумо хукҳои ҷавон, ки дар рӯ ба рӯи ман нишастаед, ҳар якеатон дар давоми як сол ба ҳамин зайл ҷони худро хоҳед дод. Ин даҳшат ҳамаи мо - говҳо, хукҳо, мурғҳо, гӯсфандон ва дигар ҳайвонотро интизор аст.
Ҳатто аспону сагон тақдири баде доранд. Ту, Боксёр, ҳамон рӯзе, ки мушакҳоят беқувват мегарданд, Ҷонс туро ба қассоб мефурӯшад ва ӯ гулӯятро бурида, барои сагҳо хӯрок тайёр мекунад. Вақте ки сагҳо пир мешаванд ва дандонҳояшон мерезанд, Ҷонс ба гардани онҳо хиштро баста, онҳоро дар ҳавзи наздиктарин ғарқ мекунад”.
“Пас, рафиқон, бори дигар маълум намегардад, ки тамоми бадбахтиҳои ҳаёти мо аз зулми Одам сарчашма мегиранд? Ҳамин ки аз чанголи Одам халос шудем, маҳсули меҳнатамон моли худи мо хохад шуд. Худи ҳамон шаб мо озоду сарватманд мегардем.
Барои ин мо бояд чӣ кор кунем? Шабу рӯз, бо ҷону тан барои сарнагун кардани насли Одам бояд кор кунем! Ин аст паёми ман ба шумо, рафиқон: шӯриш кунед! Намедонам он шӯриш кай сар мезанад - шояд пас аз як ҳафта ё баъди сад сол, чуноне ки ин пахолро зери пои худ возеҳу равшан мебинам, эҳсос мекунам, ки адолат дер ё зуд барпо хоҳад шуд. Умри кӯтоҳи худро рафиқон, барои ин ғоя!! ва ин рисолат!?
бубахшед! Ва пеш аз ҳама, ин паёми маро ба ҳайвоноте, ки баъд аз шумо меоянд, бирасонед, то наслҳои оянда муборизаро то пирӯз шудан идома диҳанд”.
“Дар хотир нигоҳ доред, рафиқон, қарори шумо набояд хеҷ гоҳ тағйир ёбад. Ҳеҷ ягон далел набояд шуморо гумроҳ созад. Вақте одамон ба шумо мегӯянд, ки Одам ва ҳайвон манфиати муштарак доранд, ободии яке ободии дигар ҷониб аст - ба чунин ҳарфҳо ҳеҷ гоҳ гӯш надиҳед. Ин ҳама дурӯғу сафсата аст.
Одам ба ҷуз манфиати худ, дигар манфиати ягон ҳайвонро ба назар намегирад. Бигузор дар байни мо ҳайвонот ягонагӣ, ваҳдат ва рафоқати комил дар мубориза бар зидди Одам ҳамеша танинандоз бошад! Ҳамаи одамон душмананд! Ҳамаи ҳайвонот бо ҳам рафиқанд 1 идея 12 вазифа, миссия Дар ин лаҳза байни ҳайвонот ғурриш!З ва ғавғои азим ба вуҷуд омад. Ҳангоме ки Мейори пир суханронӣ мекард, чор калламуши калон аз сӯрохиҳои худ баромада, рӯи пойи қафояшон нишаста, ба ҳарфҳои Ӯ гӯш медоданд. Сагон ногаҳон онҳоро диданд ва танҳо ҳаракати тези калламушҳо ба сӯи сӯрохиҳояшон ҷони онҳоро наҷот дод. Мейор пойи худро баланд бардошта, ҳамаро ба хомӯшӣ даъват кард:
“Рафиқон, -- гуфт ӯ, -- “дар ин ҷо як масъаларо ҳал кардан лозим аст. Ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили калламушҳо ва харгӯшҳо - онҳо дӯстони мо ҳастанд ё душмани мо? Биёед ба овоз мегузорем. Ман ин саволро ба аҳли маҷлис пешниход мекунам: Оё калламушҳо ба мо рафиқанд?” Овоздиҳӣ якбора шурӯъ шуд ва бо аксарияти овозҳо маълум гардид, ки калламушҳо рафиқони онҳо мебошанд. Танҳо чаҳор нафар мухолиф - се саг ва гурба буданд, баъдан маълум шуд, ки онҳо ба ҳарду ҷониб овоз додаанд. Мейор идома дод:
“Ман боз каме гуфтанӣ дорам. Бори дигар такрор мекунам, ки вазифаи асосии 3 садои баланди ҷоварон шумо бо тамоми роҳу воситаҳо бо Одам душманӣ кардан аст. Ҳар касе бо ду пой меравад - душман аст. Ҳар он чӣ чор пой ва ё бол дорад - дӯст аст. Инчунин, дар хотир доред, ки дар мубориза бо Одам мо набояд феълу рафтори онро дошта бошем. Вақте ки Одам мағлуб шуд, тарзи ҳаёти ӯро қабул накунед. Ҳеҷ гоҳ ҳайвон набояд дар хонаи истиқоматӣ зиндагӣ кунад, ё ин ки рӯи рахт хоб равад, либос бар тан кунад ё машруб нӯшад, тамоку кашад ва ё ба тиҷорат машғул шуда, бо пул кор кунад. Ҳамаи рафтор ва одатҳои Одам бад аст. Зиёда аз ин, ҳеҷ як ҳайвон набояд ягон вақт бар зоти худ зулм кунад. Заиф ё тавоно, доно ва ё содда, мо ҳама бародар ҳастем. Ҳеҷ як ҳайвон набояд ягон ҳайвони дигарро ба қатл расонад. Ҳама ҳайвонот баробаранд”.
“Акнун, рафиқон, дар бораи хоби дишабаам нақл мекунам. Ин хобро нақл кардан душвор аст. Ман дар хоб ҳаёти заминиро бидуни Одам дидам. Ногаҳон чизе ба хотирам омад, ки кайҳо боз онро фаромӯш карда будам”.
“Солҳои пеш, вақте ки ман хуки хурдсол будам, модарам ва холаҳоям як суруди куҳнаеро месароиданд, ки танҳо оҳанг ва се калимаи аввали онро медонистанд. Ман ин оҳангро дар айёми хурдсолиям медонистам, аммо кайҳо боз он аз ёдам рафта буд. Аммо шаби гузашта онро дар хобам дидам. Ба зами ин, матни пурраи суруд - боварӣ дорам, ки насли ҳайвоноти гузашта онро месуруданд ва наслҳои минбаъда онро аз хотираҳо фаромӯш кардаанд - шунидам. Ман акнун ин сурудро ба шумо месароям, рафиқон. Албатта, ман пиронсол ҳастам ва овозам гирифта аст, аммо вақте ки оҳангашро фаҳмидед, метавонед онро барои худ беҳтар сароед. Онро “Ҳайвоноти Англия” меноманд”.
Мейори пир гулӯяшро тоза карда, ба хондани суруд шурӯъ кард. Новобаста аз он ки овози Мейори пир хир-хир мекард, аммо ӯ ба қадри кофӣ онро хуб сароид ва ин оҳанги ҳаяҷонбахш чизе байни оҳангҳои “Клементин” ва “Ла Кукарача” буд. Матни суруд чунин буд:
Ҳайвоноти бас бечораву зор, Хонагиеду дар ҷабру ҷафо.
Боварӣ дорам, рӯзе мерасад Ҷашну хурсандӣ дар гузари мо!
Он ки будаӯ дина хӯҷаин, Гум мешавадӯ аз рӯи замин.
Дар ҳама кунҷу канори ин мулк Зиндагӣ кунем подшаҳ барин.
Ҳар он чизе ки дар хоб медидем, Ба даст оварем он ҳамагиро мо.
Ҳам каҳ фаровон, ҳам беда бисёр, Кунҷора, ғалла бас бувад моро.
Зимистон равад, ояд тобистон, Ояд оромӣ ба ҷойи бурон.
Панду андарзи он воизонро Ҷумла гум созем аз рӯи ҷаҳон.
Кор кунем аз сар, ҷумлагӣ, ёрон, Рӯзаш мерасад - дум биафшонем, Он гаҳе даррав аз оҳани ҷуфт Шамшеру теғи буррон бисозем.
Ҳайвоноти бас бечораву зор, Хонагиеду дар ҷабру ҷафо.
Боварӣ дорам, рӯзе мерасад Ҷашну хурсандӣ дар гузари мо!
Якҷоя сурудани ин шеър ҷоваронро ба ваҷд овард. Ҳануз Мейор хондани сурудро ба охир нарасонида буд, ки ҷонварон аз нав ба сурудани он сар карданд. Ҳатто беақлтарин ҳайвон оҳанг ва чанд калимаи онро аз ёд медонист, хукҳо ва сагҳои доно дар тӯли чанд дақиқа тамоми сурудро аз бар карда буданд.
Пас аз чанд маротиба хондани суруд, тамоми Саройи чорпоён бо як овоз “Ҳайвоноти Англия” мегуфт. Говҳо баос мекарданд, сагҳо аккос мезаданд, гӯсфандон баъ-баъ мекарданд, аспҳо шиҳа мекашиданд, мурғобиҳо қот-қот мекарданд. Онҳо аз хондани суруд чунон шод буданд, ки онро панҷ маротиба пай дар пай суруданд ва агар «аз берун халал намерасониданд, шояд тамоми шаб сурудхониро идома медоданд.
Мутаассифона, ғул-ғула ҷаноби Ҷонсро аз хоб бедор кард ва ӯ аз бистар бархоста, фикр кард, ки рӯбоҳ ба ҳавлӣ омадааст. Вай яроқашро, ки ҳамеша дар як кунҷи хонааш меистод, гирифта, ба сӯи торикӣ як чанд маротиба тир паронд. Тирҳо ба девори анбор бархӯрданд ва аҳли маҷлис саросемавор пароканда шуданд. Ҳар ҳайвон ба макони хоби худ гурехт. Паррандаҳо ба ҷойҳои худ парида, дигар ҳайвонот дар рӯи пахолу хошок қарор гирифтанд ва пас аз лаҳзае тамоми Саройи чорпоён хобида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё