Ҷасурии писари ӯгай

Саидмурод Искандарӣ. Афсона дар бораи Бахтовар, сутуни тиллогин, рӯбоҳи заррин ва деги чилгӯша.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 3 саҳифа
Деги чилгӯша
Шоҳ бо дарбориён боз пайи маслиҳат мешинад. Вазири кордону ҳилагар ин дафъа маслиҳат медиҳад, ки дар кишвари париён як деги чилгӯшае ҳаст, писари ӯгай бояд ҳамонро ба даст орад. Ин деги бениҳоят бузург аст ва мо ба воситаи он метавонем айёми Наврӯз барои тамоми халқи кишвар таом пазем.
Бахтовар назди модар ва ҳамсар акнун даме истироҳат намуда, кӯфти роҳ бароварда буд, ки чокари дарбори шоҳ наздаш омада, аз даъвати шоҳ дарак дод.
Рӯзи дигар, пагоҳии барвақт паҳлавон назди шоҳ ҳозир шуд. Шоҳ ӯро бо хушнудӣ ва чеҳраи кушода истиқбол гирифта, барояш дастархон кушод, меҳмондорӣ кард. Обу иззаташро ба ҷо овард ва пас лаб ба сухан кушод:
- Писарам, ман ба ту охирин супоришро медиҳам.
- Гӯш мекунам.
- Акнун барои дарбор як деги чилгӯша лозим ва он дар макони бениҳоят дуре будааст. Дар қисмати шарқии олам.
- Ба чашм, - ҷавоб дод Бахтовар. - Агар имкон бошад, ин шартатонро ҳам иҷро менамоям.
Шоҳ ба ӯ як аспи тозӣ ва дуои сафар дода, барори кор таманно кард. Бахтовар боз ба хона, назди модар ва зан баргашт. Онҳо аз ӯ сабаби даъвати шоҳро пурсиданд ва Бахтовар қисса кард. Модар боз ба андеша рафт. Ғаму дардаш афзуд ва писарашро зораву тавалло намуд, ки аз чунин сафарҳо даст кашад. Аммо Бахтовар супориши падарандарро ба худ шараф медонист.
Зеро чунин масъалаҳои душворро касе ба уҳда намегирифт, ҳатто писарони ҳақиқии худи вай.
Ҳамсари Бахтовар низ андаке малӯл гашт, зеро роҳи дуру дароз ва мушкилро медонист ва ба шавҳараш гуфт:
- Чунин дег ҳаст ва он дар макони париён аст. Фарсахҳо дур аз ин ҷо, қариб якмоҳа роҳ. Ва он дег дар даруни як ҳавзи пуроб ниҳон асту онро фақат париён ба даст дароварда метавонанд.
Духтари шоҳи париён маслиҳат медиҳад, ки тамоми масофаро тай намуда, баъди як моҳ ба лаби ҳавзе мерасӣ. Ҳавзи одӣ, вале он сирре дорад. Дег дар таги оби ҳавз пинҳон аст. Гӯшае пинҳон мешавӣ, худро ба касеву чизе намоиш намедиҳӣ. Ҳамин, ки ҳаво гарм шуд, духтари шоҳи париёни ҳамон мамлакат барои оббозӣ меояд. Ӯ ин корро танҳо рӯзҳои чоршанбе анҷом медиҳад. Аввал хидматгузорони ӯ - як гурӯҳ паридухтарҳо меоянд. Маконро муоина карда мебинанд ва пас ба шоҳдухтар хабар дода, ӯро барои оббозӣ даъват менамоянд. Ӯ танҳо меояд.
Интизор мешавӣ, то либосҳои худро кашида, ба оби ҳавз дарояд, ана ҳамон ҳолат тамоми либосҳои ӯро дуздида, шартҳои худро мегузорӣ.
Ӯ ноилоҷ пешниҳоди туро қабул мекунад ва дегро ба даст медарорӣ.
Бахтовар баъди маслиҳати ҳамсар ва модар омодаи сафар шуд. Савори аспи бодпо, шамшер дар миён ва муҳраи сеҳрноки додаи ҳамсар дар бағал, каме тӯшаи роҳ гирифта ба роҳ баромад.
Модари бечорааш ин дафъа ҳам дар ташвишу изтироб афтода, пинҳонӣ боз як пораи синаашро бурида, аз қафои писараш ҳаво дод ва он бо амри Офаридгор ба Гурҷини дигар табдил ёфта, аз паси Бахтовар барои ҳимояи ӯ аз ҳар балову қазо сафарбар гашт.
Роҳи дуру дароз паси сар мегашт, вале ҳеҷ не ки паҳлавон ба ҳамон марғзори афсонавӣ бирасад. Чандин кӯҳу пуштаро паси сар намуд.
Аз дарёву чашмаҳо гузашт. Ҷангали анбӯҳро низ бо як азобе паси сар кард ва ниҳоят дар рӯзи сиюм ба марғзоре расид. Сабзу хуррам.
Дарахтони санавбар сар ба осмон кашида.
Миёни майсаву боғот ҳавзи каб-кабуде ороста.
Обаш софу ширин. Дар оби ҳавз акси осмон дар шино буд.
Бахтовар боварӣ ҳосил намуд, ки ҳавзи афсонавӣ ҳамин аст, зеро дар гирду гӯша ҷонзоте наменамуд ва деҳае низ мавҷуд набуд. Оламе чун биҳишт. Зебову дилкаш ва рангину ҷолиб. Ӯ аспашро паси теппае пинҳон намуда, худ рӯзи чоршанберо интизор шуд. Ниҳоят он рӯз фаро расид. Бахтовар паси дарахте пинҳон гашта, интизори омадани духтари шоҳи париён шуд.
Нимаи рӯз ҳаво боз ҳам тафсид. Офтоб ба қиём омад. Аз рӯйи оби ҳавз буғ мебаромад.
Бахтовар ҳамаи ин ҳолатро тамошо мекард.
Ниҳоят як гурӯҳ паридухтарон шӯхикунону бозикунон ба сӯйи ҳавз омаданд. Бахтовар тибқи нақли ҳамсараш дарк кард, ки инҳо хизматгорони духтари шоҳи париён мебошанд.
Духтарон омада, гирдогирди ҳавз гашта, як тамошо карда баргаштанӣ буданд, ки яке аз париён ин тарафу он тараф назар андохта, ҳавои атрофро бӯй кашида, гуфт:
- Дугонаҳо, ба димоғи ман бӯйи одамизод мерасад. Шояд одамие ба ин макон омада бошад?
- Не, ҳамту тофтагист. Одамиро ба ин макон чӣ коре ҳаст, - гуфтанд дигарон ва паридухтарон баргашта рафтанд.
Бахтовар ҳамаи ин суҳбатҳоро мешунид ва дар аввал хеле тарсид, ки мабодо ӯро ошкор намуда, адабашро диҳанд, вале хурсандона кор ба хубӣ анҷомиду ӯро касе надид. Ба гумонам, муҳраи сеҳрноки дар бағал доштааш ӯро мадад кард.
Баъди лаҳзае духтари шоҳаншоҳи париён яккаву танҳо ба сӯйи ҳавз омад. Бахтовар инро аз қаду қомати зебо ва чеҳраи мисли офтоб тобону нурбораш шинохт, ки тасвирашро ҳамсараш низ баён намуда буд.
Паридухтар ба ҳавз наздик шуда, ниқоби худ ва либосашро аз танаш бадар намуда, ба ҳавз даромад. Машғули шустушӯй шуд. Дар ҳамин вақт Бахтовар аз паси дарахт баромада, давида либосҳои паридухтарро ғундошта, ба бағал гирифта, гурехта андаке аз ҳавз дур шуд. Духтари шоҳи париён вақте ки аз ҳавз сар берун кард, дид, ки одамие ин ҷо ҳозир асту либосҳои вайро бо худ гирифтааст. Шоҳдухтар акнун бо тани урён аз ҳавз берун шуда наметавонист ва хизматгоронаш низ ҳозир набуданд, ки супоришашро ба ҷо оранд. Ноилоҷ ба сухан омад:
- Эй ҷавон, чӣ матлаб дорӣ, ки натарсида ба кишвари мо омадаӣ? Ҷонатро дар хатар нагузор.
Ман метавонам туро ба ҳалокат расонам!
Бахтовар ҳамоно сӯйи ӯ менигарист.
Шоҳдухтар боз илтимос намуд:
- Либосҳои маро баргардон, ҳарчи хоҳӣ, иҷро мекунам. Маро шарманда макун.
Бахтовар гуфт:
- Ман як илтимос дорам. Барои ба даст даровардани деги чилгӯша омадам. Агар ба ман кумак расонӣ, хоҳишатро иҷро мекунам, набошад, либосҳоятро гирифта бо худ мебарам.
Шоҳдухтар дид, ки ҷавон ҷиддӣ мегӯяд, ниҳоят таклифи ӯро қабул кард. Бахтовар боз ҳам бовар накарда, фармуд, паридухтар қасам бихӯрад, ки аз ваъдааш бознамегардад.
Шоҳдухтар ба номи Худованди меҳрубон қасам хӯрда, ваъда дод, ки хоҳишашро ба иҷро мерасонад.
Бахтовар либосҳои паридухтарро ба соҳибаш баргардонда, каме дуртар рафта, интизори либоспӯшии вай шуд.
Паридухтар гуфт:
- Эй ҷавон, ин деги чилгӯша дар таги ҳамин ҳавз аст ва ин ҷо як сирре ниҳон аст. Ҳафтае як маротиба, баъди оббозии ман оби ҳавз аввал сафед, баъд сабз ва ниҳоят ранги сурхро мегирад, ана ҳамон ҳолат дег каме намоён мегардад, агар чолокӣ намуда, як гӯшаи дегро ба думи асп баста, кашида барорӣ, мушкилат осон мегардад, вагарна боз то ҳафтаи дигар интизор шудан лозим. .
Паридухтар рост мегуфтааст. Баъди лаҳзае оби ҳавз рангашро дигар кардан гирифт.
Бахтовар зуд аспашро ба лаби ҳавз оварда, интизори ранги сурх гаштани оби ҳавз шуд.
Ниҳоят ҳамин лаҳза фаро расид ва паридухтар гуфт:
- Ана, метавонӣ думи аспатро ба як гӯшаи дег баста, тақдиратро санҷида бинӣ. Бахтовар зуд думи аспи бодпояшро ба лаби як гӯшаи дег баста, бо қамчин ӯро ба пеш тозонд. Бо як хез задан деги чилгӯша аз ҳавз берун шуда, ҷирингос зада, лаби ҳавз қарор гирифт.
Бахтовар ба духтари шоҳи париён миннатдорӣ баён намуда, дегро болои зини асп гузошта, онро бо ресмон маҳкам баст ва аспро этак карда, худ пиёда роҳи зодгоҳро пеш гирифт.
Барои Гурҷинҳои ӯ бошад, коре пайдо нашуд ва онҳо аз дунболи Бахтовар, ҳамчун посбон равона гаштанд. Баъди як моҳ Бахтовар бо деги чилгӯша ба дарбори шоҳ ҳозир шуд. Шоҳ ва тамоми дарбориён ба кордонӣ, паҳлавонӣ ва ҷасуриву нотарсии Бахтовар тан доданд. Зеро ӯ се маротиба ба ҷойҳои дуру дарозу пурхавфу хатар рафтаву соқу саломат ва бо муъҷизаҳои нестандарҷаҳон баргашт. Шоҳ ин дафъа ба ҷангу ҷанҷол ва кинаву адовати писаронаш нигоҳ накарда, писари ӯгай - Бахтовари паҳлавонро ба ҷойи худ шоҳ таъйин намуда, як ҳафта дар деги чилгӯша ош пухта, ба тамоми аҳли мамлакат ошу нон дод. Халқ аз ӯ розӣ гашт. Бахтовар модару ҳамсарашро ба қасри подшоҳӣ оварда, аз пайи зиндагии тинҷу осуда гардид. Шоҳ ва мамлакат тавассути чунин паҳлавон ва муъҷизаҳояш дар ҷаҳон машҳур гардид. Тамоми хурду калони мамлакат шабу рӯз дуои давлати ин ҷавони паҳлавонро мекарданд. Зеро ӯ як одамӣ одӣ ва шоҳи одиле буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё