Зеҳн
Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа

ЛатифаАдабиёт
Аз аввал хондан

Мулло ҷавоб дод:

– Чун чизи арзандае дар хона набуд, хиҷолат кашида ин ҷо пинҳон

шудам.

«ГУВОҲӢ»-И ДАРАХТ

Касе барои саёҳат ба саҳро баромад, дар роҳ як ҳамён зари сурх

ёфт ва дар сояи дарахте нишаста, пулҳои ёфтаашро мешумурд, ки як

дӯсташ аз тарафи саҳро омада, воқеаро фаҳмид.

Он кас ба ӯ маслиҳат дод, ки пулро бо худ гирифта ба саҳро

наравад, зеро агар дар роҳ ба дуздон вохӯрад, ҳам пулашро мегиранд ва

ҳам худашро мекушанд. Ин маслиҳат ба сайёҳ маъқул шуда, пулҳоро бо

ҳамёнаш ба он дӯсти маслиҳатгараш супурда гуфт:

– Ту ин ҳамёнро амонат нигоҳ дор, вақте ман аз саёҳат бозгардам,

аз ту бозмегирам!

Бо ҳамин қавлу қарор ду дӯст аз ҳам ҷудо шуданд.

Вақте ки сайёҳ аз сайри саҳро баргашт, аз дӯсти худ маблағи

амонатиро талаб кард, ӯ гуфт:

– Кадом маблағ? Ин гуна воқеаро ҳаргиз дар ёд надорам.

Сайёҳ донист, ки дӯсташ ба амонат хиёнат карданист, ночор ӯро

кашида пеши Афандӣ, ки қози буд, бурд.

Афандӣ аз сайёҳ шоҳид пурсид.

Сайёҳ, ғайр аз он дарахт, ки ин воқеа дар зери он рӯй дода буд,

гувоҳе нишон дода натавонист. Аммо маслиҳатгар аз вуҷуд доштани он

дарахт бохабар будани худашро тамоман инкор кард.

Мулло Насриддин ба сайёҳ гуфт:

– Акнун ки ғайр аз он дарахт шоҳиди дигаре надорӣ, рафта ҳамон

дарахтро ба маҷлиси мурофиа ҳозир кун, то ки аз вай ҳақиқати ҳолро

пурсам.

– Дарахт чӣ гуна ба ин ҷо ҳозир шуда гувоҳӣ медиҳад? – гуфт сайёҳ

бо тааҷҷуб.

– Зуд бархез! – гуфт Афандӣ ба сайёҳ. – Рафта ба дарахт гӯй, ки бо

амри қозӣ Мулло Насриддин ба маҷлиси мурофиа зуд ҳозир шавад.

Сайёҳ ночор барои овардани дарахт рафт.

Баъд аз гузаштани фурсате Мулло Насриддин аз маслиҳатгар

пурсид:

– Ту чӣ гумон мекунӣ, дӯстат ҳамин вақт ба зери он дарахт расид?

пешина
аз 23
навбатӣ