Зеҳн
Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

ХОРКАШУ ХАСКАШ...

Падар аз писари калониаш пурсид:
— Ба додарат чӣ ном монем?
— Ману додарамро Хоркашу Хаскаш номибед. Акнун номе гузоред, ки ин хору хасро кашонад.

ДАР ДАРСИ ҶУҒРОФИЯ

Муаллим:
— Миёни кӯлу баҳр фарқияте ҳаст?
Абдулло:
— Бале, дар кӯл қурбоқаҳо зиндагонӣ мекунанд, лекин дар баҳр моҳиён.

ТАМОШОИ АЛБОМ

Падару модар ҳамроҳи писарчаи панҷсолаашон албоми оилавиро тамошо мекарданд. Вақте ки чашмони писарча ба сурати падару модараш афтид, пурсид:
— Ин расмро кай гирифтед?
— Вақти тӯй шуданамон.
Писарча гирён-гирён гуфт:
— Чаро ман дар тӯйи шумо нестам?

пешина
аз 43
навбатӣ