Зеҳн
Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

ЗАНГИ ТАНАФФУС

Аз писарчае, ки рӯзи нахуст ба мактаб рафта буд, пурсиданд:
– Чӣ чиз ба ту аз ҳама бештар маъқул шуд?
– Занги танаффус, – ҷавоб дод ӯ.

ЧАРОҒ ЧАШМ ПӮШИД

Чароғи барқ лаҳзае хомӯш гашт. Ҳама ҷо торик шуд. Раънои хурдакак дар ҳайрат монд.
– Чӣ шуд? – пурсиданд аз ӯ.
– Чароғ чашмашро пӯшид, – ҷавоб дод Раъно.

МАКТУБРО ХОНДА НАМЕТАВОНАД

Модар:
– Нигина, чӣ кор мекунӣ?
– Ба дугонаам мактуб менависам.
– Ту ҳанӯз хурд ҳастӣ, мактуб навишта наметавонӣ-ку?
– Ҳеҷ гап не, дугонаам ҳам ҳоло хурд аст. Мактубро хонда наметавонад.

АЗ ТОҚӢ

Муаллими анатомия аз шогирде пурсид:
– Қисми болоии сари инсон аз чӣ иборат аст?
– Аз тоқӣ, – ҷавоб дод талаба.

пешина
аз 43
навбатӣ