Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих

БОЗГАШТИ ХОТИРА
(Қисса)

Ҷаллод меояд! Гурезед!

Ин хабари шум дар як дам дар тамоми деҳаи Гулистон барқвор паҳн шуда, мардумро ба таҳлука андохт. Кай меояд, барои чӣ меояд? — гӯён касе намепурсид. Чунки ҳама медонистанд, ки ӯ барои куштани одамони саркаш ва ғорат кардани моли онҳо меояд. Аз ин рӯ пиру ҷавон, марду зан хона ва чизу чораи худро партофта, пиёдаю савора ба поён — ба сӯи шаҳр мегурехтанд.

Ҷаллод кист? Аслан номи ӯ Аҳмад аст. Як бачаи танбали шӯх ва безорӣ буд. Аз дарсҳо базӯр баҳои се мегирифт. Барои он ки дар синфаш намонад ва агар монад, дарди сари зиёдатӣ мешуд, муаллимон баҳои се монда, ҷонашонро аз ташвиш халос мекарданд. Аммо Аҳмад як ҳунар дошт, ки он дар бачаҳои дигар набуд. Дар дастаи ҳаваскорони санъати мактаб иштирок намуда, дар намоишномаҳои афсонавӣ нақши деву аҷинаҳо, одамони айёру фиребгар ва ҷаллодони хунхорро хуб мебозид. Барои ҳамин аввалҳо ӯро Аҳмади ҷаллод мегуфтанд, баъдҳо номи аслиаш аз даҳон монд. Кас қаду қомати дароз, абрӯвони ғафси сермӯй, чашмони калони фурӯрафта ва бинии барҷастаи укобиашро дида, деви ҳақиқӣ гумон мекард.

Баъди хатми мактаби миёна Ҷаллод бекор монд: донише надошт, ки ба мактаби олӣ дохил шуда хонад, ғайрату ҳиммате надошт, ки ба ягон ҷо рафта кор кунад. Лекин ҳамин

аз 77
навбатӣ