Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса

ХУРУСАК ВА РӮБОҲ

Як хурӯсак буд, дона чида гашта буд, ки як рӯбоҳ намудор шуд. Хурӯс фикр кард, ки: «Ман як мурғи муштипар бошам, ҳамин хел истам, рӯбоҳ мебиёяду гирифта мехӯрад, беҳтараш ба болои дарахт мебароям».

Хурӯс болои дарахт баромада буд, ки рӯбоҳ омаду гуфт:

  • Ҷӯра, ту аз ман ҳазар кардӣ, ё тарсидӣ?

Хурӯс гуфт:

  • На ҳазар кардаму на тарсидам.
  • Набошад, барои чӣ ин қадар ба ҷои баланд баромадӣ?

Гуфт:

  • Чор тарафи дунёро тамошо мекунам.

Рӯбоҳ гуфт:

  • Ҳеҷ аз дунё хабар дорӣ?

Хурӯс гуфт:

  • Не, чӣ гап шудааст?

Рӯбоҳ гуфт:

  • Охир, ҳамин бегоҳ анҷуман шуд, дар ҳамон анҷуман қарор кардаанд, ки душманӣ байни дарандаҳою чарандаҳо барҳам хӯрд, рӯбоҳ ҳамроҳи хурӯс гардад, гург ҳамроҳи гӯсфанд гардад, гурба ҳамроҳи муш гардад. Ту дар анҷуман набудӣ, барои ҳамин тарсида болои дарахт баромадӣ.

Хурӯс:

  • Ман аз анҷуман хабар надорам, - гуфту боз ба чор тараф нигоҳ кардан гирифт.

Рӯбоҳ гуфт:

  • Ту боз ба куҷо нигоҳ мекунӣ?

Хурӯс гуфт:

аз 161
навбатӣ