Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ба гург-бобом хабар накашам, намемонам, — гӯён хомӯшак гирёну нолон парида рафту дар як камари кӯҳ хонаи гургро дида:

— Гург-бобо, ҳӯ гург-бобо! — гуфта чеғ зад.

— Ҳа, хомӯшак, ба ман чӣ корист ҳаст? Намемонӣ, ки як нафас роҳат кунам, — гуфта гург базӯр аз хонааш баромад.

— Рафта бузакро хӯред, ба гапи ман гӯш накард, — гуфт хомӯшак.

— Ман беақл не. Гӯсфанди дунбакалонро монда, бузи қоқи харобро мехӯрам? — гуфта гург ба хонааш даромада рафт.

— Хайр, ҷои хонаатро ба сайёд гуфта, туро дастгир кунонда, ба пӯстат каҳ ҷой накунонам, номи ман хомӯшак не! — гуфта хомӯшак аз болои дарахтони сабзу хуррам парида гузашта, дар нишебии як кӯҳ даромаду сайёдро вохӯрд.

— Сайёд-амак, ҳӯ, сайёд-амак! — гуфта чеғ зад хомӯшак.

— Ҳа. Хомӯшак, чӣ гап дорӣ?

— Амакҷон, гурги дуздро парронед, вай ба гапи ман надаромад, — зорӣ карда гуфт хомӯшак.

— Кабку оҳуҳои нозанинро монда, ба гурги ҳаром тир сарф кунам? Рав, овора нашав! — гуфт сайёд.

— Ҳоло ҳамин тавр? То рафта дар бораи ту ба мири мушон хабар кашида, пилтаҳои камонатро пора-пора накунонам, намемонам! — гуфт

пешина
аз 161
навбатӣ