Зеҳн
Рӯбоҳ ва асп (Бародарон Гримм)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳои тарбиявӣ барои кӯдакон мебошад. Дар он сагу гурба ва ҳайвоноти дигар пандҳои зиндагӣ ва ахлоқиро меомӯзонанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 9 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Замонаи вазнин чӣ тавр рӯз мегузаронед? Охир, нарҳу навои бозорро бинед, чӣ хел қиматӣ шудааст?!

Рӯбоҳ бо ғурур ва карру фар сар то пойи гурбаро аз назар гузаронд ва лаҳзае хомӯш истоду баъд нописандона гуфт:
— Э, ту пишакчаи ошолуди бадбахт, чашмгуруснаи мушхӯр, ту худат кистӣ, ки аҳволи маро мепурсӣ? Ту дар куҷо хондай? Кадом фанхоро омӯҳтай?

Гурба хоксорона ҷавоб дод:
— Ман фақат як фанро омӯхтаам.

Рӯбоҳ пурсид:
— Он кадом фан аст?

Гурба гуфт:
— Агар маро сағҳо таъқиб кунанд, ман метавонам ба дарахт хез зада бароям ва аз сағҳо ҷонамро халос намоям.

Рӯбоҳ пурсид:
— Ҳамааш ҳамин? Ман устоди сад фан ҳастам, боз як халтаи пур аз макру фиреб дорам. Дилам ба ту, бечора,

пешина
аз 9
навбатӣ