Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Камобеш даҳ рӯз боз ман дар Деҳнавам. Дар меҳмонхонаи худакак, аммо озодаи як хоҷагии номдори ҳамин музофот, ки дар миёни боғи бисёр калони пуршукӯҳ воқеъ гардидааст, то ҳадде хотирҷамъ зиндагӣ карда, кам-кам менависам. Гоҳо ба се-чор нафар ёру рафиқони инҷой, хоса ба имрӯза ҳокими Деҳнав — дӯсти бачагиам Бароталӣ Олимов вохӯрда, ҳатталимкон занги дил мешӯям. Шабҳо телевизор мебинам, китоб мехонам, аз ҳар дар ба хаёл меравам. Гӯё чандон эътибор надоранд ин ҳама, — рӯзҳои муқаррарӣ дар ҳаёти як одами оддӣ...
Лекин он қадар муқаррарӣ нестанд. Чаро ки тағйири муҳит ғолибан ба кас асари хуб дорад. Оби дигар менӯшӣ, аз ҳавои дигар нафас мегирӣ, ба нафарони дигар вомехӯрӣ. Алалхусус мулоқот ба ошноҳои дерин, ки кайҳо боз надидай, худ як давлати бузург аст. Бинобар ин хурсандам, ҳатто зуд-зуд ба ҳаяҷон меоям. Хурсандам аз дидори дӯстони беғараз, ба ҳаяҷон меоям аз таассуроти нишасту сӯҳбати нав ба онҳо. Фикр мекунам, ки кош зиндагӣ ҳамеша чунин идома меёфт; кош фарзанди одам аз қайди ташвишҳои гоҳо вазнин ва нодаркор берун рафта, бештар дар бари хушиву хурсандиҳо рӯз мегузаронд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё