Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

духтарон пай бурда буданд, ки ин марди панҷоҳусесола ҳангоми ба ягон тан аз духтарон танҳо ба танҳо монданаш беибо ӯро бо чашмонаш хӯрам мегӯяд. Духтарон инро аз касофати шароб медонистанд, «шароб одами соға девона мекунад» мегуфтанд. Мардон аз чунин муомилаи ӯ бо духтарон нафрат мекарданд, вале инро ба мудир зоҳир наменамуданд. Онҳое, ки ҳисси худро зоҳир карда буданд, кайҳо аз кори ферма фориғ гаштанашон чағбут барин дами ғазаби мардонро мегардонд.
Бадалбек ҳар бор бо Занҷир рӯ ба рӯ ояд, оҳиста аз ҷигар оҳ мекашиду чашмони сурхашро аз рӯю мӯи вай наканда, лаҳзае ӯро ба изтироб меовард, дар талвоса меафканд. Занҷир духтари зебо аст. Рухсорааш сафеди ба гулобӣ наздик, лабонаш андаке во гашта, ҳамеша ба табассум моил. Табассуми ӯ ифодаи хушнудӣ аз зиндагӣ ва қаноатмандӣ аз ҳусну малоҳати ҷавонӣ буд. Қомати химчавор борику баланди духтар, дасту пои дарозу мавзунаш, мӯи хурмоӣ ва чашмони андешаманду махмураш сабру қарори Бадалбекро мебурданд.
“Насиби кадом ҷавони хуштолеъ бошӣ, намедонам, дар дуньё армонаш намемонад, — мегуфт, мудири ферма ба худ пичиррос зада ва агар хилват бошад аз паси духтар лаҳзае нигариста меистод. — Эҳ, кошки, ҳозир ақаллан бист солакак ҷавонтар бошам...” Сонӣ тамоми рӯз Занҷир пеши назараш ҷилва мекарду мудир худ ба худ реҷаҳо мекашид, баъзан дар фазои орзуҳои хаёлии худ чунон дур парвоз мекард, ки гӯё ин ҳама ҳавасҳояш амалӣ ва имконпазир бошанд, табъаш хуш, мастона лабханд мезад. Баъзан ӯро маъюсӣ рух медод ва дар

пешина
аз 538
навбатӣ