Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Надонам, охираш чӣ мешавад... Худо зад-чӣ, розӣ мешудагистанд? – вай тахмин намекард, балки аз ман мепурсид. Розӣ нашаванд, ман ҳам ба хостагии онҳо розӣ намешавам.
Нигоҳи миннатдори маро дида, аз ин густохиаш хиҷолат кашидагӣ барин бо шўхӣ хандид.
Баъд ману вай аз пиёдагард қадамзанон то канори шаҳр, домани теппаҳо рафта омадем, ҳамаи гапҳои дар диламон ғуншудагиро гуфтем, барои оянда баъзе тахмину реҷаҳо кашидем.
Сўҳбати имрўза ба ҷароҳати дили ман марҳам шуд. Дарахти умеди ман аз беобӣ бемаҳал хазонрез гашта буд, аммо Рухсора ба он ҷўй оби равон оварду дигарбора ба нашъунамо сар кард. Дар дилам аз нав умеди тоза, боварӣ ва иқтидор ба кору вазифа, ба фардо пайдо шуд.
– Хостгор гуфтагӣ, агар ҷазман бошад, чарх зада меомад. Хостгорҳои шумо дигар хел будаанд, – гуфт вай гўё дар омади гап.
Ман ба ҷои ҷавоб нимтабассум кардам. Вай фаҳмиданӣ буд, ки ҳоло хостгор фиристоданиам ё не, бинобар ба даҳонам нигарон шуд.
– Вай воқеа камтар аз ёдашон равад, кўҳна шавад.
Дар ҳақиқат ҳоли ҳозир ба дадаамно аз ин хусус даҳон кушода намешавад, алами он хостгорӣ аз дилашон нарафтааст.
– Агар аз дастам меомад, ҳар рўз як бор хостгор мефиристодам. Аммо чӣ кор кунам?
– Инобатро дидед?

пешина
аз 538
навбатӣ