Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Не-е, агар дадаам ягон гап гўянд ҳам, ин кас дилхоҳаш те, мегўянд. Шумо намедонед, амакам одами аҷоиб. Ҳоло ҳамгап шавед, сонӣ мефаҳмед. Он кас ба ман доим биё, мегўянду худам намеравам. Духтари худашон барин нағз мебинанд.
– Дадаатон «нарав» мегуфтагистанд?
Аз пеши гастроном мегузаштем, Манучеҳр «ҳозир»
гуфта ба магазин даромаду лаҳзае нагузашта дар даст чизе коғазпеч баромад.
Мо кўчаро бурида гузашта, ба маҳалла ворид гаштем.
Дарҳол ба машомҳо бўи дуди мўрӣ ва зирбаки ош омад.
Дар шаҳр одам баъзан ҳамин нишонаҳои муқаррарии зиндагии деҳаро ҳам ёд мекунад, дуди мўриро бинад ҳам, дилаш гум мезанад.
- ҲАҚИҚАТИ ОДДӢ
Ҳавлии амаки Рухсора сарбунаи он маҳалла набошад ҳам, имораташ хушсохту хушнамуд ва саҳнаш сердолу дарахт буд. Аз дарвоза даромадему сири ҳамаи ин гапу кор ба ман равшан шуд. Моро Ҷаводзода пешвоз гирифтанд. Амаки Худойдоди Рухсора муаллим Ҷаводзода будаанд. Дар бемористон ман ҳам як даҳан номашонро напурсидаам. Одатан, дар мо номи пиронро ба забон гирифтан беадабӣ, «бобо», «амак», «муаллим»
мегўянд. Рухсора ҳам ягон бор фамилияашонро ба забон нагирифт. Он кас дар кўча Инобатро дида, маро пурсанд, вай гуфтааст, ки сараш дар ғавғо, ёрдам кунед.
Сонӣ ҳамроҳи Манучеҳр ба хонаи он кас омадаанд, маслиҳат кардаанд. Ман ҳам, Рухсора ҳам бехабар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор